Моҳи меҳр аст, меҳрубонӣ кунем!

№125 (3919) 16.10.2018

31372315468_66bdbf5f77_oМеҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои бошукӯҳи қавмҳои ориёитабор мебошад, ки таърихи беш аз 6 — ҳазорсола дорад. Он аз вожаи «Меҳр», шакли аввалаи «Митра» — номи яке аз бузургтарин эзадони ҳиндуэронӣ корбаст ва 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳаккокӣ шудааст. Дар «Авесто» низ суруде мансуб ба Меҳр мавҷуд аст. Дар осори санскрит, ки қадимтарин ҷузъи он «Ригведа» аст, иттилоеро доир ба ин эзад вомехӯрем. Тибқи тақвими зардуштии авестоӣ, ҷашни Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Мутобиқи гоҳшумории авестоӣ ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат мебошад, ки ҳар кадоми он ба яке аз эзадон номгузорӣ шудааст. Ҳар гоҳ, ки номи рӯз ва моҳ бо ҳам баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Чун номи 16-уми ҳар моҳ ба «Меҳр» алоқаманд буд, ба он пасванди «гон»-ро изофа намуда, «Меҳргон» мегуфтанд ва ҷашни бузург созмон медоданд. Абӯрайҳон Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» навиштааст: «Меҳргон, рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст ва рӯзи 16-уми Меҳр аст, ки иди бузургест ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дувум бошад ва ин ид монанди аъёд барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва дар ин рӯз Офтоб барои ақди олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд ва далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб бар ӯ буд, ба сар мегузоштанд ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре ба по мешуд».

Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ҷашн оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукӯҳ сурат мегирифтааст.

Ҳамин тавр, Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ҷашн мегирифтаанд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашарҳо ташкил мекарданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, базмҳо ороста, сайругашт менамуданд. Шоирон дар васфи Меҳргон шеърҳо менавиштанд. Ҳофизону мутрибон суруду оҳангҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд.

Аммо, бо мурури замон, ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафт ва таҷлил намешуд. Нишонаҳои суннатии он танҳо дар ёди куҳансолон монда буду бас, вале арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандон ҳимоя мегашт ва гоҳе дар маъракаҳои ҳосилғундорӣ аз он ёд мекарданд. Танҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, азму талош­ҳои ватандӯстонаи мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои милливу фарҳангии мардум аз нав эҳё гардиданд. Ҷаноби Олӣ дар ин робита чунин қайд кардаанд: «Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баркати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».

Ба фасли заррини тирамоҳ рост омадани Меҳргон далел аст, ки он ҷашни бардошти дастранҷи деҳқон ба хотири шукронаи Офаридагор будааст.

Дар сарчашмаҳои атиқа оид ба Меҳргони Аҷам нигоштаҳо мавҷуданд. Чунончӣ, дар яке аз маъхазҳои қадима, доир ба баргузорӣ ва оростани хони меҳргонӣ чунин омадааст: «…Аввалин касоне, ки дар ин рӯз назди подшоҳони Аҷам омадандӣ, мӯбадон ва донишмандон будандӣ ва ҳафт хон аз мева ҳамчун шакар ва турунҷ ва себ ва биҳӣ ва анор ва уноб ва ангури сафед… овардандӣ. Ақидаи форсиён он аст, ки дар ин рӯз ҳар кӣ аз ҳафт меваи мазкур бихӯрад ва равғани он дар бадан бимолад ва гулоб биошомад ва бар худ ва дӯстони худ бипошад, дар он сол аз офату балоёт маҳфуз бошад. Ва нек аст, дар ин айём ном бар фарзанд ниҳодан ва кӯдак аз шир боз кардан».

Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст, ки Меҳргонро аҷдодон хеле мутантан ид мекарданд ва он чун Наврӯз шаш рӯз идома меёфтааст. Панҷ рӯзи аввали Меҳргонро мардуми одӣ дар талу теппаҳо бошукӯҳ ҷашн мегирифтанд, ки онро Меҳргони мардумӣ ё Меҳргони кӯчак мегуфтаанд. Рӯзи 6-ум ҷашни Меҳргон дар дарбори подшоҳ бо иштироки васеи аҳли дарбор ва риқоб доир мешудааст, ки онро Меҳргони бузург номидаанд. Тибқи таомули аҷдодӣ мардум хони меҳргонӣ ороста, ба болои он таомҳои лазиз мегузоштаанд ва мувофиқи ривояти сарчашмашиносон таоми лазизтарин ва ҷолибтарини хон «Мурғи Меҳргон» будааст, ки андаруни он беҳтарин меваҷот ва хӯрданиҳоро ҷой медодаанд.

Баробари фаро расидани ҷашн танҳо кӯдаки бегуноҳе ҳуқуқ доштааст, ки «Мурғи Меҳргон»-ро кушода, аз он каме бичашад. Танҳо баъди ин амал зери садои карнаю сурнай тантанаи Меҳргон оғоз меёфтааст.

Мувофиқи маълумоти Домғонӣ, чунин одате ҳам будааст, ки агар тифле дар ин рӯз ба дунё ояд, онро Меҳрубон, Меҳрбону, Меҳроб, Меҳрдод, Меҳрзод, Меҳрон, Меҳрнӯш ва ғайра ном мегузоштаанд. Чун Наврӯзи хуҷастапай дар рӯзи Меҳргон мардум кӯчаю хиёбон ва хона тозаю озода карда, пероҳани идона ба бар намуда, ба базмгоҳ меомадаанд ва дар базмгоҳ ба шеъру таронахонӣ, рақсу бозӣ, аспдавонию бузкашӣ ва ғайра машғул мешудаанд. Меҳргон дар аҳди Ҳахоманишҳо, Сосониён ва Сомониён низ хеле бошукӯҳ таҷлил мегаштааст. Дар нахустасари олам – «Авесто» пайғамбар Зардушт дар ин боб чунин нигоштааст: «Меҳргони мардумон ва Меҳргони бузургон ҳар ду дар шукӯҳ ва бузургӣ якранганд. Пас, ҳар дуи онро ҷашн бигиред».

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фарорасии Меҳргони аҷамро ба шоҳаншоҳи Сомониён ба таври зайл муборакбод гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад,

Хез, ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ

Бадали боғу бӯстон омад.

Боиси ифтихор аст, ки бузургони олам муқаддасу муқаддам будани Меҳргони аҷамро таъкид кардаанд. Чунончӣ, олими бузурги белгиягӣ Кумонт навиштааст: «Дар ҳақиқат, Кристмас (рождество)-и исавиён бар пояи Меҳррӯзи эрониёни бостон аст».

Меҳргон чун яке аз ҷашнҳои сегонаи маъруфи мардуми форсу тоҷик аз қадим мавриди таваҷҷуҳу дилбастагии омма қарор гирифтааст. Наврӯз агар оғози баҳор ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи ҳамал бошад, пас Меҳргон ҳулули Хуршед дар бурҷи мизон аст. Ҳаким Умари Хайём дар ин боб навиштааст: «Мардум ин моҳро барои он меҳр номидаанд, ки одамон дар ин моҳ ба ҳамдигар меҳрубонӣ кунанд. Офтоб дар ин айём бар бурҷи мизон омада, оғози тирамоҳ бошад».

Дар замони Сосониён, ки Меҳргонро басо мутантан таҷлил менамуданд, шоҳон тоҷ ба сар мегузоштанд ва нахусткасоне, ки ба қабули шоҳ муваффақ мегаштанд, мӯбадон ва уламою удабо буданд. Ҳаким Фирдавсӣ бо ишора ба ин маънӣ чунин нигоштааст:

Дил аз бовариҳо бипардохтанд,

Ба оини Кай ҷашни нав сохтанд.

Дар замони шӯравӣ ҳукмравоён Меҳргонро чун Наврӯз маҳсули динӣ пиндошта, тантанаи онро манъ карданд. Фақат аз оғози солҳои 70-уми садаи гузашта оҳиста — оҳиста онро дар деҳот чун иди «Ҳосилот» қайд менамуданд.  Сарварони хоҷагиҳо баъди ҷамъоварии ҳосил дар майдонҳои оростаю пероста зери садои карнаю сурнай ва дафу нақора бо шодбошию табрикот ин иди саидро таҷлил намуда, зарбдорони меҳнатро бо туҳфаю инъом ва ҷоизаҳо қадр мекарданд. Хушбахтона, тавре дар боло қайд гардид, бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати ватандӯстонаи Ҳукумати мамлакат, билхоса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Меҳргони аҷам ҳатто дар дурдасттарин деҳоти кишвар тантанавор ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили он метавонад ба дӯст доштану ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ, замин – модар, муқаддасоти меҳан, худогоҳию хештаншиносӣ, бедории ҳисси миллӣ ва зиракии сиёсии наврасону ҷавонон мусоидат намояд.

Бобоҷон Мирзоев, мудири кафедраи иқтисодиёти КАС-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур