Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст

№39 (3185) 18.04.2014

Ҳар сол 26 апрел бо иқдоми Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (СУМЗ)  Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ қайд карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони  эълони истиқлолият пояҳои асосии қонунгузории худро дар соҳаи моликияти  зеҳнӣ бунёд намуда, шомили муҳимтарин созишномаю шартномаҳои байналмилалии  ин соҳа гардид. Дар моддаи 40 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.

Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».

Дар робита ба ин мавзӯъ мусоҳибае бо сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадалӣ Ҳамидов манзури хонандагон мешавад.

-Муҳтарам Аҳмадалӣ Ҳамидов, дар Конститутсияи кишвар масъалаи ҳимояи моликияти зеҳнӣ махсус таъкид шудааст. Хоҳишмандам ҳамин маъниро шарҳ диҳед.

-Моликияти зеҳнӣ офаридаи андешаву тафаккури инсон, маҳсули кори мағзи сари вай аст, ки дар шакли донишу маълумоти нав зоҳир мешавад.  Дар фасли V Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 июли соли 2012 №840) моликияти зеҳнӣ чунин таъриф шудааст:

«Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад». Моликияти  зеҳнӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он яке аз рукнҳои  муҳимтарини  иқтисоди муосир ба шумор меравад, ки он бо номи «иқтисоди донишбунёд» маъруф мебошад. Таваҷҷуҳи рӯзафзуни мутахассисони соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзӯи моликияти зеҳнӣ ҳам маҳз  бо аҳамияти дар солҳои охир касбнамудаи он вобаста аст. Моликияти зеҳнӣ ба эҷоди ақлу заковат вобаста буда, аз ду гурӯҳ иборат аст:

- моликияти саноатӣ, патентҳо ба эҷод, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ ва  ишораҳои ҷуғрофиро дар бар мегирад;

-   ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, асарҳои бадеӣ (масалан романҳо, шеърҳо, пиесаҳо, кинофилмҳо, мусиқӣ, асарҳои бадеӣ ва меъморӣ), ҳуқуқҳои  ҳунармандон  барои иҷро, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо барои сабт ва пахши барномаҳои радио ва  телевизионро дар бар мегирад.

Ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ ба муаллифон имконият медиҳад, ки аз асари эҷоднамудаи худашон фоида ба даст дароранд ё барои эҷоди он соҳиби сармоя гарданд. Ин ҳуқуқ  дар моддаи 27 Эъломияи ҳуқуқи инсон  сабт шудааст ва  он ҳуқуқи ҳар як шахсро  ба ҳифзи манфиатҳои ақлонӣ ва моддӣ таъкид менамояд.

-Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳифзи моликияти зеҳнӣ чӣ гуна тадбирҳо андешида мешавад?

-Истифодаи беризоияти соҳибҳуқуқи  моликияти зеҳнӣ -  вайрон кардани ҳуқуқи соҳиби моликияти зеҳнӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳар давлат кӯшиш мекунад, ки ҳифзи ҳуқуқро ба моликияти зеҳнӣ таъмин кунад, зеро нақзи ин ҳуқуқ зидди манфиатҳои соҳибҳуқуқ аст, балки инчунин ба ҳолати иҷтимоӣ, фарҳангию иқтисодии давлат низ таъсир мерасонад. Бинобар ин, ҳифзи моликияти зеҳнӣ пайваста мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Имрӯзҳо, ки кишвари мо баҳри эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд мекӯшад, моро зарур аст, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки ҳифзи ҳуқуқи муаллиф  яке аз рукнҳои моликияти зеҳнӣ  мебошад, аҳамияти хоса  диҳем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи соҳибҳуқуқон ва истифодабарандагони моликияти зеҳнӣ як қатор қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст, аз ҷумла:  «Дар бораи ихтироъ» (соли 2004), «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (соли 2004), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» (соли 2006), «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» (соли 2007),«Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» (соли 2007),  «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (соли 2008) ва ғайра. Бидуни дар амал татбиқ кардани муқаррароти қонунҳои қабулгардида, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муаллифон ва ихтироъкорон, ба муваффақият ноил шудан мушкил аст. Пешрафти техникаву технологияи нави муосир имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳтарин маҳсули эҷоди моликияти зеҳнӣ — асарҳои муаллифони дохиливу хориҷӣ сабт ва бо тарзҳои гуногун истифода карда шаванд. Вале мо набояд аз ёд барорем, ки ин истифодабарӣ ҳатман дар асоси қонун ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бояд сурат  гирад.

- Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба чӣ хотир қайд карда мешавад ва аз кай боз таҷлил мегардад?

-Ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи умум ва беҳтар намудани тафаккур дар бораи моликияти зеҳнӣ ва нақши он дар ҳаёти имрӯза кишварҳо — аъзои СУМЗ, рӯзи 26 апрелро – Рӯзи моликияти зеҳнӣ интихоб намуданд, рӯзе, ки соли 1970 СУМЗ бо конвенсияи худ, ҳамчун Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ эълон карда буд. СУМЗ бо мақсади идоракунии созишномаву шартномаҳои байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мувофиқи талаби замон ташкил ёфта, вазифаи асосии он мадад дар бунёди чунин фазоест, ки дар он ҳуқуқи  эҷодкорон ва соҳибони  моликияти зеҳнӣ ҳифз мешавад ва ба туфайли ин худи  ихтироъкорону муаллифон соҳиби обрую эътибор ва сазовори подоши маҳорати худ мегарданд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифз шудани моликияти зеҳнӣ омили барангезандаи неруи эҷодкории инсон гардида, сарҳадоти илму техникаро  фарохтару дунёи адабиёту санъатро бою пурмуҳтаво мегардонад.

«Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад».

СУМЗ яке аз муассисаҳои махсусгардонидаи Созмони Милали Муттаҳид буда, барои дуруст истифода намудани объектҳои моликияти зеҳнӣ (патентҳо, ҳуқуқи муаллиф, тамғаҳои молӣ, намунаҳо ва ғайра), ҷиҳати дастгирии технологияи муосир ва эҷодиёт мусоидат менамояд. Созмон барои рушд ва истифодаи низоми байналмилалии моликияти зеҳнӣ бо воситаи: хизматрасониҳо -дар ҳифзи патентҳо, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ ва ҳал намудани баҳсҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ; ҳифзи ҳуқуқ – дар тарҳрезии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, бо назардошти тағйироти дар ҷамъият бавуҷудомада; инфрасохтор — дар ташкили шабакаҳои муштарак ва барои интишор ва табодули маълумотҳои илмӣ; рушд  — дар таҳкими потенсиал  ва дастгирии рушди иқтисодӣ  фаъолият менамояд. СУМЗ инчунин бо кишварҳои аъзо ва ҷонибҳои дахлдор бо мақсади беҳдошти якдигарфаҳмӣ ва таъмини эҳтироми моликияти зеҳнӣ дар тамоми ҷаҳон, ҳамкорӣ менамояд. Созмон таҳлилҳои иқтисодӣ намуда, маълумоти оморӣ таҳия мекунад.

-Ин созмон чӣ қадар узв дорад ва самтҳои фаъолияти он чӣ гуна аст?

-Ҳоло 185 кишвар, яъне 90 фоизи давлатҳои ҷаҳон, аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ мебошанд. Директори генералии Созмон Франсис Гарри аст. Шартҳои фаъолият, ваколатҳо ва вазифаҳои Созмон дар Конвенсияи СУМЗ дарҷ гардидаанд.  Кишварҳои аъзои СУМЗ самтҳои стратегӣ ва фаъолияти созмонро муайян мекунанд. Намояндагони кишварҳои аъзо  дар ҷаласаҳои Ассамблеяҳо дар доираи кумитаҳо ва дигар идораҳо иштирок менамоянд. Котиботи СУМЗ дар Женева ҷойгир аст ва дар он намояндагони зиёда аз 90 фоизи кишварҳои ҷаҳон фаъолият мекунанд. Созмон корҳои маъмурии 21 шартномаро ба уҳда дорад.

-Дар ин робита кишвари мо бо дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ дорад?

-Бале, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ  ба як қатор шартномаҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст. Дар  қаламрави ҷумҳурӣ «Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ» (Тоҷикистон соли 1991 ҳамроҳ шудааст), «Созишномаи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ» (соли 1991), «Созишномаи Мадрид дар бораи сабтгирии байналхалқии нишонҳо» (соли 1991), «Созишномаи Нис дар бораи таснифоти молҳо ва хизматҳо» (соли 1991), Созишномаи Локарн дар бораи таъсис додани Таснифоти байналхалқии намунаҳои саноатӣ (соли 1991), Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ (соли 1991), Созишномаи Страсбург оид ба Таснифоти байналхалқии патентӣ (соли 1991), «Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналхалқии ҳифзи микроорганизмҳо» (соли 1991), «Шартномаи Найроби  оид ба ҳифзи рамзи олимпӣ» (соли 1991), «Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф» (соли 1992), «Созишномаи ҳамкорӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф» (байни 11 кишвари ИДМ, соли 1993), «Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ» ( соли 2000), «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон– иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои радио ва телевизион» (соли 2008), «Аҳдномаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф» (соли 2009), Созишнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси мубодилаи байнидавлатии иттилоот ва ташкили махзани маълумоти миллии ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  соли 2010), «Аҳдномаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо» (соли 2011), «Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаҳои онҳо» (соли 2012)  амал мекунанд.

Истифодаи ғайриқонунии объектҳои моликияти зеҳнӣ на танҳо ҷанбаҳои манфии маънавӣ дорад, балки он ба обруи байналмилалии ҳар кишвар таъсир расонида, ба иҷрои уҳдадориҳо, ки аз санадҳои умимиҷаҳонӣ бармеоянду онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, халал мерасонад. Барои дар амал татбиқ намудани талаботи қонун ва дигар ҳуҷҷатҳои дар ин соҳа қабулгардида, ҳамчунин ҳар чӣ беҳтар ҳифз намудани ҳуқуқи муаллифон ва ихтироъкорон, ҳамкории хуби мақомоти дахлдор дар масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ зарур аст.

Пешгирии  ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ кори дастҷамъонаи тамоми мақомоти дахлдор ва худи муаллифону ихтироъкорон мебошад. Бе ҳамкории мақомоти дахлдор дар ин соҳа ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан ниҳоят мушкил аст.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»