Мулоқот бо аҳли адаб

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Ба наздикӣ мулоқоти  муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли зиё баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи адабӣ, маърифату фарҳанги ҷомеа ва рисолати нависандагон дар даврони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот гуфт, ки ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёт, фарҳанг ва адабиёт, дар сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат масъалаи меҳварӣ аст. Дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар бахши адабиёт дастовардҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста, дар қаламрави кишвар ҳар сол теъдоди зиёди китобҳо ба нашр мерасанд. Давоми чор соли охир бо  дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 50 номгӯйи асарҳои адабӣ ва 40 номгӯйи асарҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Нашри осори мунтахаби Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва адабиётшинос, шодравон Абдулманнони Насриддин мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Дар ин мулоқоти ошкорову самимӣ адибони вилоят Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод, Адиба, Муҳиддин Хоҷазод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ  ва дигарон оид ба вазъи кунунии адабиёт, нашри китобҳо ва дигар масоили марбут ба соҳа баёни назар намуданд.

Дар поёни  мулоқот  Абдураҳмон Қодирӣ ба адибони ҷавони вилоят Сурайё Ҳакимова ва Малоҳат Собирзода ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  «Падида»-ро тақдим кард. Ҳамчунин ба ҳашт нафаре, ки ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  пазируфта шудаанд, шаҳодатномаҳо супорида шуд.

А. Салимзода, «Садои мардум»