Мушки Наврӯзӣ

№31 (3981) 21.03.2019

Дубайтиҳои наврӯзӣ бигӯям,

Шамими субҳи наврӯзӣ бибӯям.

Агар як заррае дар дил ғубор аст,

Ба атри мушки наврӯзӣ бишӯям.

 

Ҳаво бо абру боронаш базеб аст,

Чаман бо лолазоронаш базеб аст.

Ватан Наврӯз дорад, тӯй дорад,

Ба савти ёр-ёронаш базеб аст.

 

Фалак базми тараб дорад зи Наврӯз,

Замин бас тобутаб дорад зи Наврӯз.

Нигаҳ кун дашту саҳрои Ватанро

Гулистони аҷаб дорад зи Наврӯз.

 

Зи Ошоӣ, зи Ҳурмуз ё ки Ҷамшед,

Зи Кайковус ё аз нури хуршед.

Сано бар ҳафт пушти рафтаи ту,

Сано бар растхези субҳи испед.

 

Ҳавои Тоҷикистон мушкбез аст,

Саҳоби осмонаш мушкрез аст.

Зи омад-омади фасли баҳорон,

Зимистонаш ду пойи даргурез аст.

 

Чӣ рангеву чӣ рӯйеву чӣ бӯе,

Чӣ хаттеву чӣ холеву чӣ мӯйе.

Шабеҳи булбулони боғи Наврӯз,

Шакар резад зи ҳар як гуфтугӯе.

Ҷӯрабек МУЪМИН