Мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то андозае тавъаманд

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

Аз 26 то 29 октябри соли равон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳти унвони «ШарқҒарб»: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии АвруОсиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» фестивали байналмилалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо дастгирии Хазинаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шуд. Дар он олимон, мусиқинавозон, ҳунармандони мардумӣ аз панҷ кишвар ширкат варзиданд.

Дар доираи ҷашнвора Маркази Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой оид ба равобити мутақобилаи муассисаҳои таълимӣ фаъол гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар робита ба  ин фестивали байналмилалӣ се консерт — анъанавӣ, мусиқии сози арғунун ва мусиқии камеравию симфонӣ баргузор гашт. Инчунин, ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштирокдори фестивал ба намоиш гузошта  шуд, ки дар он намояндагони Федератсияи Россия ҳунарҳои дӯзандагӣ ва зочадӯзӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо муҳра оро додани хонаи арӯс ва ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон кӯлоҳу либосҳои миллии худро муаррифӣ карданд.

Бар замми ин, дар доираи фестивал конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки онро ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода профессор Усмонзода Хайриддин Усмон оғоз бахшид. Номбурда мақсад аз баргузории фестивалро ҷилои ҳунарҳои мардумӣ,  табодули фарҳанг, анъанаҳои бадеӣ ва ҷустуҷӯйи шаклҳои нави баҳамоии тамаддунҳои кишварҳои ИДМ номид. — Мақсад аз гузаронидани фестивал эҳё ва ҳифзи санъат ва фарҳангу ҳунарҳои мардумии ин кишварҳост, — изҳор дошт ӯ.

Дар конференсия, ҳамчунин, олимони маъруф, доктори илмҳои санъатшиносӣ Григорий Беженюк (Санкт-Петербург), Константин Зенкин, профессори Консерваторияи давлатии ба номи П.И. Чайковский (Москва), Тухтасин Ғаффорбеков,  профессори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, арғунуннавози маъруф  Наталя  Багинская (Россия) маърӯза карданд.

28 октябр дар толори донишкада консерти арғунуннавозони маъруф — Наталя Багинская ва Лейла Акшперова баргузор гардид. Сипас, меҳмонон  аз ҷойҳои таърихӣ, аз ҷумла, Қалъаи Ҳисор ва Кохи Наврӯз, дидан карданд.

29-уми октябр олимони зикршуда дарси маҳорат (мастер – класс) гузаронида, шоҳасарҳои санъати мусиқиро манзури тамошобинон гардониданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»