Сабақи ватандорӣ

Набард – навозиши чандлаҳзаина, вале бемислу таърихӣ

№50 (3687) 09.05.2017

57963Зимни набардҳои партизании зидди фашистони хунхор дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳазорон навраси советӣ иштирок доштанд, ки баъдан бо ордену медал сарфароз шуданд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум номи қаҳрамони қиссаи мо аз рӯйхат берун мондааст. Ӯ нафаре аз душманонро накушта, варақае паҳн накарда, боре ҳам танкҳои болои қатораҳоро таркондаю ба коми оташ  надодааст. Ҷанги  ин писарча бо фашистон чанд лаҳза идома дошту бас.

Касе ӯро бо номи пуррааш – Абрам ном намегирифт. Ҳама Мӯсо мегуфтанд, зеро ки модараш ӯро навозишкорона чунин ном монда буд. Сонитар, нофаҳмие ба миён омад ва баъзеҳо меҳисобиданд, ки номи аслияш шояд Моисей бошад. Аммо хешу табори зиндамонда ва даҳшати ҷангро аз сар гузаронидаи Мӯсо қисса мекарданд, ки модараш Феня Моисеевна аслан ӯро «Абрамӯсо» ном гузоштааст. Баъдтар, ҳамин номи начандон дароз то «Мӯсо» кӯтоҳтар гардид.

Мӯсо Пинкензон 5 декабри соли 1930 дар шаҳри Белтсаи Молдавия, ки он замон ба Руминия тааллуқ дошт, ба дунё омадааст. Ӯ аз оилаи яҳудӣ буд ва Пинкензонҳо дар Белтса сулолаи духтуронро ташкил медоданд. Падари Мӯсо – Владимир ҳам ин анъанаро давом дода, духтури ҳозиқу шинохта гардид. Ба табиб Владимир Пинкензон дар Белтса бо эҳтиром муносибат мекарданд. Волидон дар симои бача дар оянда духтури хуберо дидан мехостанд ва ба ин ӯро омода мекарданд. Аммо ғайричашмдошт дар вуҷуди Мӯсо ба мусиқӣ майл пайдо шуд. Дар 5 – солагӣ Мӯсо ончунон ғиҷакнавозӣ мекард, ки ному сураташ газетаҳои давриро пур кард. Соли 1940 шаҳри Белтса низ ба ҳайати СССР ҳамроҳ шуд. Ин тағйирот дар оилаи Пинкензонҳо дигаргуниҳои ҷиддиеро ба бор наовард. Мӯсо ба сафи пионерон дохил гардида, ҳастиашро ба дунёи мусиқӣ бахшид. Падараш кори худро давом дода, беморонро муолиҷа менамуд.

Моҳи июни соли 1941 Мӯсо Пинкензон мебоист дар Олимпиадаи 1-уми ҷумҳуриявии ҳаваскорони санъати Молдавия иштирок кунад. Бадбахтона, ҳамаи ин нақшаву орзуҳои нек бо оғози ҷанг барбод рафт. Оилаи Пинкензонҳо ба Шарқ кӯч баст ва баъди чанд ҳафта ба Кубан, ба деҳаи Уст – Лабинск расиданд. Дар ин ҷо В. Пинкензон ҳамчун духтури беморхонаи ҳарбӣ ба фаъолият идома доду Мӯсо дар мактаби маҳаллӣ таҳсил мекард. Бегоҳиҳо ӯ назди падар ба беморхона омада, ба хотири андаке фурӯ нишондани ғаму дарди маҷрӯҳон ғиҷакнавозӣ мекард.

Тобистони соли 1942 Кубан ҳамчун ақибгоҳи боэътимод мавқеи худро аз даст дод. Ҳуҷумҳои босуръати гитлерчиён масъалаи кӯчонидани навбатиро ба миён мегузошт. Мутаассифона, маҷрӯҳон ва духтурони беморхонаро аз Уст – Лабинск накӯчонданд. Духтур Владимир Пинкензон низ то ба охир ҳамроҳи маҷрӯҳон монд ва гитлерчиён ӯро ба ҳабс гирифтанд. Онҳо талаб доштанд, ки табиби машҳур аскарони маҷрӯҳи фашистро табобат намояд. Аммо Пинкензон мутлақо талаби онҳоро рад кард, ки ин густохиаш боиси ҳабси ӯ гардид. Баъдан, ҳамсар ва писари ӯро низ ба ҳабс гирифтанд. Фашистон ба нест кардани яҳудиҳо сар карда, мехостанд, дар дили дигарон низ тарсро шинонанд.

Ниҳоят, он лаҳзаи шум фаро расид. Ҳамаи сокини деҳаро ба қатлгоҳ оварданд. Одамон миёни маҳкумшудагон Мӯсо Пинкензони 11 – солаи ба сандуқи дил ғиҷак пахшкардаро диданд ва ғами ҷони худро фаромӯш намуда, фиғон бардоштанд:

- Эй ваҳшиҳои хунхор, кӯдаки маъсумро барои кадом гуноҳ қатл мекунед?

Дар ин лаҳза издиҳоми аз зиндагӣ дастудилшуста намедонистанд, ки онҳо на Мӯсоро, балки Мӯсо бо ҳунари худододӣ онҳоро аз марг наҷот мебахшад. Падари Мӯсо хост, ки аз як афсари фашист афви писарашро муваффақ шавад, вале ҳамон замон кушта гардид. Аз паи шавҳар Феня Моисеевна, ки бехудона сӯи ҷасади шавҳар давиданӣ буд, низ тир хӯрд. Мӯсо дар муқобили ҷаллодони мусаллаҳ монд. Сокинони даҳшатзадаю ноумеди деҳа ба ин манзараи ҳузновар менигаристанд ва намедонистанд, ки ба Мӯсо чӣ кумак кунанд. Ҳамин вақт Мӯсо ба афсари фашист рӯ овард:

- Ҷаноби афсар! Иҷозат диҳед, ки ақаллан пеш аз маргам чанд дақиқа ғиҷак навозам!

Афсари аблаҳ гумон кард, ки бо ин васила яҳудибача мехоҳад дили ӯро нарм созад ва худро аз мурдан раҳонад. Лаҳзае пас дар фазои Уст – Лабинск садои ғиҷак танинадоз гардид. Мусиқачии наврас «Интернатсионал» — гимни коммунистҳои ҷаҳонро, ки дар он давру замон Гимни Иттифоқи Советӣ ҳам маҳсуб меёфт, менавохт. Ғайриинтизор аз миёни издиҳом касе аввал оҳиста, баъд бо тамоми овоз ба сурудани гимн пардохт. Дигарон низ ба ӯ пайравӣ карданд. Афсари ҳайратзадаи фашист девонавор дод зад:

- Хук, бас кун!

Лаҳзае пас садои тир баланд гашт. Тири аввал Мӯсоро захмӣ намуд, вале гӯё чизе рух надода бошад, ҳамоно ғиҷакнавозиро идома мебахшид. Тирҳои навбатӣ пайкари резаи ӯро ғалбер намуданд…

Ҷасорати як навраси шӯравӣ гитлерчиёнро батамом мот сохт. Аз дидани ин манзара, онҳо аз қатли ом даст кашида, издиҳомро ба чор тараф пароканда намуданд. Мӯсо бо ин шуҷоати бемисли худ саҳнаи тарсондани чашми мардумро, ки нияти бади фашистон буд, ба саҳнаи таҳқири онҳо табдил дод. Шуҷоат ва сеҳри ҳунари як нав­рас дар як лаҳза тавоноии силоҳи фашистҳоро бар хок зад ва дар дили одамони ноумедгашта бовариро ба ғалаба қувват бахшид.

Баъди хатми ҷанг дар ҷои қатли Мӯсо Пинкензон, — собиқ деҳаи Уст – Лабинск, ки соли 1958 мақоми шаҳрро гирифт, ҳайкали барқадашро гузоштанд.

Корнамоии Мӯсо набарди ­чандлаҳзаина буд. Вале бемислу таърихӣ!

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»