Намунаҳо аз ашъори Ҷомӣ

№96 (3242) 15.08.2014

Дар фазилати сухан ва қалам

 …Гарчи қалам доди сухан дода аст,

Бесухан, ӯ ҳам зи сухан зода аст…

Ҳаст сухан пардакаши розҳо,

Зиндакуни мурдаи овозҳо.

Нағмаи хунёгари дастонсарой

Мурда бувад бе сухани ҷонфизой,

Чун ба сухан ёр шавад сози ӯ,

Ҷон ба ҳарифон диҳад овози ӯ.

Ҳар кӣ нафасро кунад исботи ҷон,

Ҷуз сухани хуш набувад ҷони он.

Ҳаст нафас қолабу ҷонаш сухун,

Ин нафас аз зиндадилон гӯш кун.

Гарчи сухан ҳаст гиреҳҳо ба бод,

Дар гиреҳаш бин гуҳари сад кушод.

Ҳар гиреҳ аз вай гуҳаре, балки беҳ,

Баста дар он гавҳари дигар гиреҳ.

Ҳарфе агар зер шавад ё забар,

Нест гиреҳ пеши хирад ҷуз гуҳар…

Ҳар чӣ фитад сирре аз он дар дилат,

Маънии нав гардад аз он ҳосилат…

Мутриби хушлаҳҷа ба он дар навост,

Гунбази фирӯза аз он пурсадост…

Зарри суханро чу намудам иёр,

В- аз сухани «зар» чӣ кашам бори ор?!

Чун фалак а-р з-он ки тарозу ниҳӣ,

Зарри маҳу меҳр ба як сӯ ниҳӣ.

Паллаи дигар садафи дурр кунӣ,

В- аз сухани ҳамчу дураш пур кунӣ.

Варри сабукпоя шавад чархсой,

Дурри гаронмоя наҷунбад зи ҷой.

Ҷомӣ, агар ҳаст туро гавҳаре,

Пойи шуд- омад бикаш аз ҳар даре.

Бар зари ҳар сифла манеҳ чашми оз,

Ҳамчу садаф бо гуҳари худ бисоз.

 

Ба фарзанди модар

 

…Ёд кун он ки чӣ сон модари ту!

Буд умре садафи гавҳари ту.

Дошт бе- хост муҳайё хуришат,

Дод аз хуни ҷигар парваришат.

Аз шикам ҷо ба канораш кардӣ,

Шири софеш зи пистон хӯрдӣ.

Чун тавоно шудӣ аз қуввати шир,

Гаштӣ аз косаву хон қутпазир.

Хӯрдӣ аз моддаи беҳрӯзӣ.

Солҳо бе ғами рӯзӣ- рӯзӣ.

Ғами рӯзет чу дар ҷон овехт.

Обат аз дидаву хун аз дил рехт.

Дасту по чун ба миён овардӣ,

Кори худро ба зиён овардӣ

Гоҳ аз касб шудӣ нафспараст,

Гаштӣ аз каддиямин обиладаст.

Гоҳ гаштӣ ба кафи нафс асир,

Сарниҳодӣ ба дари шоҳу амир:

Ҳамаро хортар аз худ дидӣ,

Рӯ дар идбортар аз худ дидӣ.

Хон, яке ҳамлаи мардона бизан,

Дили ин кохи пурафсона бикан…

Рост кун қоидаи нияти хеш,

Боз ҷӯ пояи амнияти хеш!…

Аз ғазалиёт

 

Боз ҳавои чаманам орзуст,

Ҷилваи сарву суманам орзуст.

Накҳати гулро чӣ кунам, эй насим.

Бӯе аз он пираҳанам орзуст,

Тавба зи май кардаму омад баҳор,

Соқии тавбашиканам орзуст.

Ман кияму базми ту, лекин зи дур,

Дидани он анҷуманам орзуст.

Зистанам бе ту муяссар мабод,

Бе ту агар зистанам орзуст.

Беш магӯ Ҷомӣ аз он лаб сухан,

К- ин суханон з- он даҳанам орзуст.

***

Омад баҳору гулрухи ман дар сафар ҳанӯз,

Хандида боғу чашми ман аз гиря тар ҳанӯз.

Шохи шукуфа аз хатари дай биҷаст, лек,

Бошад зи оҳи сарди манаш сад хатар ҳанӯз.

Омад бари дарахти гул, аммо чӣ фоида?

Чун он ниҳоли тоза наёмад ба бар ҳанӯз.

Аз сарву гул чӣ суд хабар гуфтанам, ки ман,

З- он сарви гулъузор надорам хабар ҳанӯз.

Бо бод бӯи кист, ту он наврасида гул,

Доманкашон накард ба бӯстон гузар ҳанӯз,

Макшо назар ба лолаву наргис, ки ғоиб аст,

Чашму чароғи мардуми соҳибназар ҳанӯз.

Халқе ба айш хандазанон дар чаман чу гул,

Ҷомӣ чу лола ғарқ ба хуни ҷигар ҳанӯз.

***

Дӯстон, чанд кунам нола зи бемории дил?

Кас гирифтор мабодо ба гирифтории дил.

Эй ки бар зории дил мекунӣ инкор, биё,

Гӯш бар синаи ман неҳ, шунав аз зории дил.

Муддати ҳаҷр зи ҳад мегузарад, сабр куҷост?

Ки дар ин воқеаи саъб кунад ёрии дил.

Хондаам қиссаи ушшоқ басе нест дар он,

Ҷуз ҷафокории дилдору вафодории дил.

Гар ба васлат нарасам дарди талаб низ хуш аст,

Нест матлуб ҷуз инам зи талабгории дил.

Умрҳо шуд, ки дили Ҷомӣ аз ин ғам хун аст,

Ки кунад бо ту даме шарҳи ҷигархории дил.

 

Дар бораи ашки маъшуқа

 

Ашке, ки туро бар гули рухсор давида,

Борони баҳор аст, ки бар лола чакида.

То ашк расидаст ба рӯйи ту, чӣ гӯям,

К- аз рашк ба рӯйи мани мискин чӣ расида?!

Ашк аст ба рӯйи ту, на аксест зи ашкам,

Ки-ш дида дар ойинаи рухсори ту дида.

Аз чашму рухат ашк ба ҳар ҷо ки фитода,

Гулбарги тару лолаи сероб дамида.

Ашки ту миёни миҷа дурҳост, ки «мардум»,

Аз баҳри баногӯши ту дар ришта кашида.

Дур суфт ба васфи гуҳари ашки ту, Ҷомӣ,

З-ин сон сухани поку равон кас  нашунида.

*** 

Ман он наям, ки забонро ба ҳарза олоям,

Ба мадҳу замми ҳасон нӯги хома фарсоям.

Ҳадиси сифла- хазаф, иқди гавҳар аст- сухан,

Зиҳӣ шабаҳ, ки ман инро бад- он биёроям,

Ба жожхоиям аз даст рафт мояйи умр,

Кунун зи ҳасрати он, пушти даст мехоям…

Фазойи мулки сухан гарчи Қоф то Қоф аст,

Зи фикри қофия ҳар лаҳза танг меоям.

Сухан чу ёди ман аз «фоилоту мафъул» аст,

Зароъ карда шабу рӯз бодпаймоям.

Саҳар ба нотиқа гуфтам, ки эй ба рағми ҳасуд,

Ба коргоҳи сухан гашта корфармоям!

Кашам ба табъи сухансанҷ ранҷ, рухсат деҳ.

Ки сар ба ҷайби хамӯшӣ кашам,биёсоям,

Ҷавоб дод, ки: Ҷомӣ, ту ганҷи асрорӣ,

Раво мадор, к-аз ин ганҷ қуфл бикшоям!

Аз рубоиёт

 

Ҷоно зи ту то чанд ман андӯҳ кашам?

В- ин бори ғами гаронтар аз кӯҳ кашам?

Дилдор агар туйиву дилдода манам,

Андӯҳ кашам аз туву андӯҳ кашам.

 

Эй ҳусни бутони моҳсимо, аз ту!

В-э ҷонибашон майли дили мо, аз ту!

Хун шуд дили мо зи дасти эшон ё раб,

З- эшон нолем ё зи худ ё аз ту!

 

Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст.

Чун бишкастам, ба тавбаам хондӣ чуст.

Алқисса, зимоми тавбаам дар кафи туст,

Як дам нашикастааш гузорӣ, на дуруст!

 

Аз майли малоҳию маноҳӣ, тавба.

В- аз нафси мубоҳӣ ба табоҳӣ тавба.

Дар тавба чу ҳаст изофаи феъл ба хеш,

З-ин тавба, ки мекунам, илоҳӣ тавба!

 

Ҳайрон шудаам, ки майли ҷон бо ман чист!

В-андар гили тира ин дили равшан чист?

Умрест, ки бо ҳазор «ман» ҳастии ман,

«Ман» мегӯям, вале надонам «ман» чист?

 Аз китоби «Абдураҳмони Ҷомӣ», тартибдиҳанда М.В.Раҳимӣ, Сталинобод,

Нашриёти давлатии Тоҷикистон, с.1956, саҳ. 493.