Нашуд, ки нашуд…

№121 (4071) 10.10.2019

Бегоҳ ният кардам, то хона пиёда равам. Шояд дар роҳ ба сарам андешаи тоза биёяду супориши идораро иҷро намоям. Зеро дар кишвар Рӯзи забон таҷлил мешаваду барои рӯзнома ягон мақола навиштан даркор. Чӣ нависам, гуфта чанд рӯз ғарқи андеша будам. Тавба, гӯё масъалаи менавиштагӣ намонда бошаду ҳама мушкилӣ дар атрофи забон ҳал шудааст.

Ба ҳар ҳол, лаб-лаби рӯди «Душанбе» равон шудам. То «Наврӯзгоҳ» чанд қадам монда буд, ки ду духтари соҳибҷамол рӯ ба рӯям пайдо шуда, пурсиданд:

- Мебахшед, «не подскажите как нам дойти до»…?

Гӯянда гапашро нотамом гузошта, аз ҳамроҳаш пурсид: «Куҷо буд?»

- «Мясокомбинат», не, не…

-…Ҳа, «калхоз Расия»…

Ним русиву ним тоҷикӣ гап задани ҷавонон, аз ҷумла духтарҳо дар пойтахт, ба қавле, кайҳо «мӯд» шудаю ба ин ҳол одат ҳам кардаем. Бештар онҳоеро дучор мешавед, ки ба истилоҳ, «современний» ҳастанд. Лекин духтарҳое, ки чӣ тавр ба самти «Колхози Россия» рафтанро мепурсиданд, либоси тоҷикона ба бар доштанду мӯи дарози шоназада. Яқин, ки тоҷик буданд ва гуфтори тоҷикиашон беҳтар аз русӣ садо медод. Лек худро маҷбур доштанд, ки русӣ ҳарф зананд. Гуфтам:

- Шумо ҳамин хел рост равед, ба роҳи калон мебароед. Ба он тарафи роҳ ки гузаштед…

- «Ой, спасибо вам», ин тарафаша медонем… — гуфтанд духтарҳо сухани маро нимкола гузоштаю миннатдорикунон аз пешам дур шуданд.

Аз тарзи суханронии ҳамсуҳбатон хандаам меомад. Ҳанӯз то хона роҳи дарозест. Каме роҳ рафта будам, ки боз овозе шунида шуд:

- «Уважаемий!”

Ба қафо нигариста, касеро надидам. Овоз такрор ёфт:

- «Уважаемий»…

Овоз аз паҳлу меомадааст. Марде тақрибан панҷоҳсола дар миёнаи роҳ истодааст, то мошинҳо гузаранду тарафам биёяд.

Вақте ки расида омад, дастамро дошта, салом карду самимона аҳвол пурсид. Мисли он ки кадом шиноси деринаашро дида бошад. Баъд ба самти муқобил, ки мошини зиёде паси ҳам дар канори роҳ меистоданд, ишора кард. Гӯё нақлиёти сабукраваш вайрон шуда, калидаш дар дохили он мондааст. Мехост ба ӯ панҷ сомонӣ диҳам, то ба хонааш равад.

- «Уважаемий»… (ӯ баъди ҳар ду — се калима «уважаемий» мегуфт) рақами телефоната ҳам навишта те, ман ҳатман пулро ба телефон мегузаронам.

Азбаски ман дар роҳ ба чунин «корафтодаҳо» зиёд дучор омадаам, гуфтам:

- Бародар, бо худ панҷ сомонӣ надорам. Лекин ҳар ду якҷо коре карда, калиди мошинатонро аз дохилаш мебарорем ва шумо роҳатона давом медиҳед.

- Э, не намешавад… пул даркор, – гуфт ӯ ноумед шуда ва ба атроф нигоҳ кард, то ягон хайрхоҳ ёбад.

Роҳамро давом додам, ки занги телефон садо дод. Ҳамсарам занг мезад.

- Духтари ҳамсоя аз дарси англисӣ «задание» доштааст. Китобашро овардааст, ки дар тарҷумаи матн ёрӣ расонем. Ман камтар тарҷума кардаму дар тарҷумаи як ҷумла дармондам. Бигӯ, ки «Ман ба сайри боғи устод Рӯдакӣ мебароям» ба забони англисӣ чӣ хел тарҷума мешавад?

- Худат муаллимаи забони англисӣ шуда надонӣ, ман аз куҷо донам? – ба суолаш бо савол посух дода, худро муфт халос кардам ман.

Ба зери бинои иқоматӣ расида, дидам, ки се — чор духтари мактабхон як туркмандухтарро, ки донишҷӯ будаю дар ҳамсоягӣ иҷорашин аст, иҳота карда, аз вай хоҳиш доштанд, ки бо тоҷикӣ ҳарф занад.

- Апаи Эҷегул, канӣ Манижаро ба хонаатон даъват кунед?

Туркмандухтари донишҷӯ механдиду бо тарзи худ ба тоҷикӣ гап мезад.

- Маниже хона миё…

Баъди ҳар сухани вай, ки ин ё он калимаро дигаргуна талаффуз мекард, духтарҳо завқ карда механдиданд. Туркмандухтар ҳам баробарашон механдид. Духтарҳои шӯх аз ҳамсуҳбаташон хоҳиш доштанд, ки ба онҳо туркманӣ низ омӯзад.

Хона даромадам, ки дар дами дар духтарчаи синфи якумхонам хабар дод: «Сегодня я пятёрку получила, и муаллима сказала меня «молодец!»

Ба худ омада, андеша доштам. Имрӯз бо нияте пиёда омадам, ки дар бораи забон ягон фикр пайдо шаваду матлабе нависам. Афсӯс, нашуд, ки нашуд…

М. УСМОН, «Садои мардум»