Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Натиҷаҳо ҷамъбаст ва беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд

№№14 (3964) 05.02.2019

DSC_0438Бисту шашуми январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва дигар озмунҳо бахшида ба соли 2018 — «Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст гардид. Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар бахши сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок карданд.

 Шоҳҷоиза насиби рассом Ҷамшед Ҷӯраев гардида, ҷойи якумро ҶДММ «Асрори санг», ду ҷойи дуюмро ҶДММ «Рухом» ва ҶДММ «Карон», ду ҷойи сеюмро ҳунарманд аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  Умед Ҳамидов ва ҳунарманд аз ноҳияи Кӯшониён Ҳакималӣ Камолов ишғол намуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти ҷалби сайёҳон» ҷойи якум насиби ҶДММ «Ориент Адвентур», ҷойи дуюм насиби ҶДММ «Куҳандиз», ҷойи сеюм насиби ҶДММ «Саёҳатҳои кӯҳи Помир» ва ҶДММ «Сайру саёҳати кӯҳӣ»  гардида, бо диплому туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар самти сайёҳии дохилӣ ҷойи якум  ба ҶДММ «Сафеддара»,  ҷойи дуюму сеюм ба «Муассисаи сайру саёҳати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон»  ва ҶДММ «Пойгоҳи  кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» дода шуда, барои саҳмгузорӣ ҶДММ «Роҳат Тур» соҳиби ҷоиза гардид.  Барои саҳмгузорӣ дар омӯзиши  таҷрибаи байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд ҶДММ «Глобал Транс», ҶДММ «Расул Сохтмон» ва ҶДММ  «Морхур» низ қадрдонӣ шуданд.

Дар заминаи хулосаҳои асоснок Шаҳбоз Акрамзода,  Умеда Қурбонбекова, Ситора Набиева ва Ниёлқул  Неъматов  «Беҳтарин роҳбаладони соли 2018» эътироф шуданд.

Оид ба истеҳсоли армуғон ба сайёҳон ҷойи  якум насиби ҳунарманд Фозилҷон  Носиров шуда, ҷойҳои дуюму сеюмро Фароғат Назарова ва Самариддин Холов ишғол намуданд.

DSC_0407Дар номинатсияҳои «Осоишгоҳи беҳтарин» ва «Беҳтарин меҳмонхона» осоишгоҳҳои «Зумрад», «Хоҷа Оби Гарм», «Сатурн» ва меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Ҳаят Реҷенсӣ», «Серена», «Сафир», «Ҳиллтон» ва «Роҳат» беҳтарин эътироф шуданд.

Дар анҷом масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки барои соҳаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, ВАО ва дигар шарикон барои ҳамкории судманд дар таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар, бо Сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардиданд.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»