Наврӯзи Аҷам

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

Рӯзе арӯси Имом Ҳусайн Шаҳрбону -Эрондухт, (яъне духтари Яздигурди далеру шуҷоъ) дастархони хоксоронае густурда, болои он ҳафт навъи ғизо гузошт.Чун ҳамаи аҳли хонавода ҷамъ шуданд, гуфт:

- Маъзарат мехоҳам, имрӯз дар кишвари ман ҷашни Наврӯз шурӯъ шуд. Ҳамаатонро ба фарорасии ин ҷашн муборакбод мегӯям. Дар ин рӯз дар Эронзамин ҳар хонавода ҳафт навъи ғизо омода месозанд, ки бо номи «ҳафтшин» ё «ҳафтсин» машҳур аст: себ, сиёҳдона, сир, сабзӣ, самоқ, сирка ва санҷид.

Ҳазрати Алӣ исрор мекунад, ки дар бораи ҷашни Наврӯз қисса кунад. Эрондухт  шармгинона ба шавҳараш менигарад: Имом Ҳусайн мегӯяд:

-   Амри  падар воҷиб аст. Бигӯ ҳар чӣ медонӣ.

Эрондухт ҳамчун духтари закӣ забони арабиро ба хубӣ омӯхта буд. Бо вуҷуди он узр мехоҳад, ки ба лаҳни арабӣ хуб ворид нест. Ва ҳар чӣ медонист дар бораи тантанаҳои Наврӯзӣ қисса мекунад.

… Наврӯз дар Эрони бузург шуҳрати хосае дорад.

Наврӯз ҷашни миллии мардуми мост. Онро ҳамасола  ҳама бесаброна интизоранд: чӣ инсон, чӣ табиат, чӣ парандаю замину осмон, ҳатто Хуршеду Моҳ. Наврӯз ҳеҷ гоҳ пирӣ надорад, ба тори мӯяш сафедӣ намедамад, лоғар намешавад. Вай ҳамеша ҷавон асту тоза ва ҳамин тавр мемонад. Ҷашни Наврӯз бо номи Ҷамшед сахт алоқаманд аст. Дар ҳама гуна асарҳои илмию таърихӣ, адабию асотирӣ омадааст, ки бунёдгузори ин ҷашни фархунда Ҷамшед буда ва ӯ ҳар баҳор ҷашн меорост.

Наврӯз дар саросари Эронзамин ва ҳатто берун аз он доман паҳн мекунад ва ба ҷашни миллии мо мубаддал мегардад. Имрӯз Наврӯзро мардуми Эрон, Хуросон, Покистон, қисми Ҳиндустону Чин шукуҳмандона ҷашн мегиранд.

Ҳикмати Наврӯз на дар он аст, ки ҷойи торикро рӯшанӣ мегирад, яъне ба ивази зимистон баҳор меояд ва на дар он аст, ки сол, рӯзи нав мешавад, балки дар он аст, ки табиат, тамоми ҳаёт ва ҳар чизе, ки ба хок меафтад, месабзад, мерӯяд, мешукуфад, ҳосил, тухм медиҳад ва он тухм (дон) боз ба замин меафтад, мерӯяд. Ин фалсафа  ба одамӣ ҳам тааллуқ дорад: худаш, фарзандаш, наберааш, аберааш, чеварааш ҳама мерӯянд ва бо ҳамин тухми одамӣ дар рӯйи замин меафзояд.

Деҳқон аз рӯзҳои аввали Ҳамал (моҳи фарвардини давлати Сосонӣ) сари замин меравад. Хок бар каф мегирад, мефишорад ва аз дил мегузаронад: «на, ҳанӯз вақт ҳаст». Ва ин амал ҳар рӯз такрор мешавад, то вақте ки худи замин, худи хоки мушкбез ба деҳқони заркор нагӯяд:

Баҳор омад, баҳор омад,

Гули савсан қатор омад.

Ба деҳқон вақти кор омад,

Баҳори лолазор омад.

Ҳар соату ҳар рӯзи баҳор баҳри деҳқон ғанимат аст. Ӯ кишт мекунад, дона мекорад – донаи умед. Ва тӯли солҳо фарзандаш, наберааш, аберааш низ ҳамроҳаш аст. Ҳамроҳаш аст, то ба замин, ки ризқу рӯзии  мардум аз ин ҷост, дил бандад, биёмӯзад, дилбохтаи меҳнат шавад ва аз он рӯ нагардонад.

Модарон, бибӣ ва момоҳо дар табақе гандум мегиранд, нам мекунанд ва ҷойи гарм мемонанд. Хурдсолон кунҷкованд. Ҳар рӯз гирди табақ мешинанд, варам кардан, рӯйидан ва нумӯи сабзаи донаҳои гандумро бо чашм мебинанд. Мушоҳида мекунанд, ки чӣ тавр сабза медамад ва дар гармӣ майса мезанад. Модарон медонанд, ки агар майса аз вақташ гузарад, суманак талхмазза меояд. Бинобар ин, тамоми маҳсули табақро дар вақташ мегиранд ва барои пухтани суманак омода мешаванд.

Саҳарии барвақт одамон ба гӯшаи деҳа (шаҳр, ноҳия) ва ё майдон мераванд, дег мемонанд ва ғизое мепазанд лазиз. Яке шӯрбову ошу палав, дигаре угрою мастова, сеюмӣ оши бурида. Мардум гирди хони наврӯзӣ ҷамъ меоянд. Ҳама хурсанд, масрур, либосҳои тоза ва нав бар тан. Дар ин рӯзҳо кинаҳо аз дилҳо шуста мешаванд, машшоқону ҳофизону раққосон менавозанду месароянду мерақсанд.

Ҳамаи суннатҳо, аз он ҷумла ҷашни Наврӯз бо бачаҳо хуш аст. Онҳо ин рӯзро бесаброна интизоранд. Модарон чанд рӯз пеш барои онҳо либосҳои нав медӯзанд ва ё тайёрашро мехаранд. Оҳ, чӣ тавр мехоҳанд, ки он рӯз биёяду куртаи нав пӯшида, кӯча бароянд ва ба ҷӯраҳояшон намоиш диҳанд. Бачаҳо сӯйи талу теппаҳо, пуштаҳо давида, рӯйи сабзаҳои махмалин ғел мезананд, гулҳои баҳорӣ-сияҳгӯш, бойчечак, гули наврӯзӣ чида, ҷаҳон-ҷаҳон рӯҳи тоза мегиранд. Табиат бо тамоми зебоӣ ва тароваташ бо мавҷудоти худ менозад, бачаҳо низ қарздор намемонанд: бо табиати нотакрори худ, бо диёри азизи худ, ки мерос аз бобоҳост, ифтихор мекунанд.

Эрондухт дар поёни қисса аҳли хонаводаро бори дигар бо Наврӯз табрик мегӯяд ва даъват ба амал меорад, ки аз ғизоҳои «ҳафтсин» чашанд. Ҳазрати Алӣ (р) аз ҳар яке мечашад ва мегӯяд: «Наврӯз-ул-на-кулла явшин», ки ба маънои «Ҳар рӯзи моро Наврӯз бигардон» меояд. Ин ҳикмат дар забони мо асрҳо боз садо медиҳад:

Наврӯзатон пирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод.

Абдураҳими  Абдуллоҳ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсияти Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон