Назаркарда

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

Андешаи хос дар бораи Пешвои миллат, ваҳдати миллӣ ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистон

Ман соле ҳамагӣ се-чор моҳ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Албатта, на барои он ки Ватани азизи худро дӯст намедорам ё Тоҷикистон макони ноором асту ман аз он фирор мекунам. Баръакс, оромиву осоиштагии кишвар бароям шароит муҳайё кардааст, ки ба шуғли дӯстдоштаам-ҷаҳонгардӣ бештар машғул гардам ва фарзандонам имкон дошта бошанд, ки мустақилона, бе дахолати ҳаррӯзаи ман, машғули соҳибкорӣ бошанд. Инчунин, бо тақозои тандурустӣ, ки ҳавои баҳр барои ман хеле мусоид аст, дар таваққуфҳои байни саёҳатҳоям зимистонро дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва тобистонро дар соҳили ҷанубии баҳри Сиёҳ мегузаронам. Яъне, ман як одами мустақиламу зиндагиям пурра шакл гирифтааст. Аз ин ҷиҳат ҳам, ҳар чӣ ман дар поён менависам, маҷмӯи андешаҳои мананд ва аз тамаллуқ пурра орӣ.

Аз вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳияи Данғара буданду ман корманди «Главснаб»-и вилояти Кӯлоб, чанд бор дар доираи иҷрои вазифаҳои хидматӣ бо ҳам вохӯрда будем. Ҳоло ҳам амиқ ба хотир дорам, ки ҷавонмарди зебову дидадаро буданд, он қадар боварибахшу самимӣ суҳбат менамуданд, ки имкони рад кардани суханҳояшон амалан вуҷуд надошт. Ман ҳамин хел ақида дорам, ки ҳусни инсон, хоҳ ӯ мард бошад, хоҳ зан, дод ва нури Худост ва ҳар одами зебо Худодода.

Назаркардаи Худо будани ин шахсият боз аз он маълум мешавад, ки дар солҳои нооромӣ, ки кишвар, аз ҷумла вилояти Кӯлобро гурӯҳҳо ва шахсиятҳои хеле пур­иқтидору пуртаъсир иҳота намуда буданд, ки ҳам яроқ доштанду ҳам таъсири сиёсӣ, вале  Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро пеш гузашт ва бо пешниҳод ва ризоияти гурӯҳҳо ва ҷонибҳо аввал раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, сипас дар ҷаласаи ХVI Шӯрои Олӣ Сарвари давлат интихоб гардид. Ҳамин тариқ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат Худованд ба миллати тоҷик дилсӯзӣ зоҳир намуд ва ӯ тавонист, ки бо ақлу заковат ва хиради Худодод кишварро аз пора-пора шудан ва миллатро аз вартаи нестӣ раҳо намояд.

Дар солҳои нооромӣ ман масъули таъминоти вилояти Кӯлоби дар муҳосирамонда ба маҳсулоти хӯрокворӣ будам. Нон, ғалла намерасид. Маҳсулоти зарурӣ тавассути чархболу тайёраҳо ба Кӯлоб ворид карда шуда, бо мошин, дар ҳимояи посбонҳои мусаллаҳ ба ноҳияҳо ва коргоҳҳои нонпазӣ фиристода мешуданд. Ҳеҷ вақт аз хотирам намеравад, ки даҳо нафар, асосан дар ноҳияҳои Фархору Восеъ аз норасоии нон ва истеъмоли алафҳои заҳрнок ба бемории гелиатроп гирифтору қисман  ба ҳалокат расиданд. Он солҳо мардуми серу пур бавоярасида ба гуруснагии воқеӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки мушоҳидаи он хеле даҳшатноку ҳузновар буд. Эмомалӣ Раҳмон таъминоти мардум ба маҳсулоти хӯроквориро вазифаи аввалиндараҷа қарор доданд. Аз ҷаҳду талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари вилоят ва сипас ба ҳайси Сарвари давлат ба хубӣ огоҳ мебошам. Барои ӯ мансаб воситаи нишон додани афзалият нисбат ба дигарон набуд, нест,  балки масъулият буду масъулияти наҷоти миллат ва эҳёи давлат.

Вазъият бениҳоят ҳассос буд, беэҳ­тиётӣ ё як хатои хурд боиси сар задани низоъҳои калон мегардид. Барои аз ин вазъ берун шудан дастурамале низ набуд, фақат як роҳ вуҷуд дошт: муносибати хеле ботаҳаммул ва дар заминаи ақлу фаросат амал намудан.

Ҳоло ман ба гузаштаи дур, солҳои набарду муборизаҳо, якдигарнофаҳмиву кибру ғурур ва лаҳзаҳои воқеии дар вартаи нестӣ қарор доштани миллатро ба ёд оварда, боварам бештар тақвият меёбад, ки зина ба зина то ба Пешвои миллат эътироф гардидани  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хости Худованди бузург ва бахти таърихии миллати мост. Яъне, Худованди мутаъол пеши роҳи ин шахсияти бузургро равшан сохт  ва бо ҷаҳду кӯшишҳои ӯ миллат боз сарҷамъ гардиду дар қаламрави Хуросони бузург кишваре бо номи Тоҷикистон ободу шукуфон монд. Вақт ҳам исбот намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвову пешоҳанги миллат аст. Дар тинати покаш ифтихори бузурги миллӣ ниҳон аст ва ҳоло он боиси рушду нумӯи кишвар, афзоиши обрӯи Ватан дар олам гаштааст. Суханрониҳои боғайратонаву пурмуҳтаво аз баландтарин минбарҳои байналмилалӣ, таклифҳои орифона бобати таъмини сайёра бо оби ошомиданӣ, ки дар СММ эътироф ва тарафдорӣ ёфтанд, таклифҳои истиқрори сулҳ ва муборизаи оштинопазир алайҳи терроризм обрӯи Сарвар ва кишварро дар олам хеле афзун намуданд.

Вале ин ҳама осон ба даст наомад. Вақте ҳукумати навтаъсис бо сарварии Эмомалӣ Раҳмони чилсола дар талоши наҷоти давлату миллат буд, қувваҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳар нафас нияти халал ворид намудану ба раҳгумӣ андохтани ҷомеаро доштанд. Пешвои миллат ҳар суханеро, ки мегуфтанд, иҷро менамуданд. Гуфтанд, ки то охирин гурезаро ба кишвар барнагардонанд, ором нахоҳанд гирифт. Гуфтаашонро иҷро намуданд. Ҷасорати шахсӣ нишон дода, чанд бор ба Афғонистон рафта, бо роҳбарияти мухолифин ва гурезагони тоҷик мулоқот намуданд. Дар Маскаву Теҳрону Ашқобод ва даҳҳо шаҳри дигар зимни гуфтушунид ба ҳама фаҳмонданд, ки ягона илоҷи наҷот такя ба халқ, ба ҳам омадани миллат аст, сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллист.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишваре, ки пур аз хуну хокистар ва одамон дар талоши пораи нон буданд, аз таблиғи душманони дохиливу хориҷӣ ҳамдину ҳамзабонон моро пурра эътироф намекарданд, хазина холӣ буд… корро аз сифр оғоз намуданд. Тақсими заминҳои президентӣ аввалин қадами ба меҳнат ва ба замин баргардонидани деҳқон буд. Хӯшаҳои гандуми дар соли гуруснагӣ аз ин заминҳо  саркашида, аввалин пайки ризқу рӯзии мардум буд.

Фаъолияти Пешвои миллат бевосита як барномаи мукаммали зина ба зина ба ободиву шукуфоӣ воҷиб гардондани давлати мост. Рушди соҳибкории хурду миёна, сиёсати дарҳои кушод, амалӣ намудани барномаҳои ободкорӣ, таҷдиди роҳҳо, рушди соҳаи энергетика, таҷдиди соҳаи саноат, дар муддати хеле кӯтоҳ аз вартаи нооромӣ раҳо шудан ва ғайраро метавон гуфт, ки боиси инкишофи босуръати кишвар гардиданд.

Таърих гувоҳ аст, ки зимомдорони давлат дар ҳар асру замон ба таври ба худ хос соҳиби обрӯву нуфуз мегарданд. Масалан, Темур бо ҷаҳонситонӣ ва зулму истибдод, Пётри 1 бо реформаву навоварӣ, Владимир Ленин бо дастгирии пролетариат ва тантанаи адолати иҷтимоӣ. Аз ҳукмравоёни муосир, ҳокими Дубай-Муҳаммад бинни Рашид Оли Махдум бо ободкорӣ кишварашро машҳури олам кардааст. Дар ин раванд, амалҳое, ки Пешвои миллати мо дар муддати камтар аз чоряк аср амалӣ намуданд, вобаста ба вазъи душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Дар ин муддат Пешвои миллат тавонистанд, ки ҳам ба ҷанг хотима диҳанд, ҳам мардумро аз гуруснагӣ раҳо намоянд ва ҳам кишварро обод созанд. Ин ҳама ба гуфтан осон аст.

Ман ҳама кори иҷронамудаи Пешвои миллатро номбар намекунам. Онҳо ба дараҷае зиёд ва муҳиманд, ки саҳифаҳо камӣ мекунад. Фақат ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ то ба обрӯву нуфузи баланди байналмилалӣ, аз раҳоии мардум аз гуруснагии воқеӣ то кӯшиши таъмини зиндагии шоиста корнамоии Сарвари мост, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Азму талошҳои Пешвои миллат бобати бунёди НБО-и «Роғун» ба навиштани китобҳо арзанда аст. Муроҷиати Пешвои миллат дар ин бора касеро дар канор намонд. Ман ҳам он солҳо ба ин даъват ҳамовоз шуда будам:

Биё, эй ҳамватан, Роғун бисозем,

Биё, эй ҷону тан, Роғун бисозем.

Шавем то ғарқ андар нури раҳмон,

Барои хештан Роғун бисозем.

***

Баҳор омад, гули наврӯзӣ хоҳам,

Барои ҳар диле ин рӯзӣ хоҳам.

Ватан хушрӯз бинам дар баҳорон,

Ба Роғунсозҳо пирӯзӣ хоҳам.

Зиёда аз бист сол муқаддам, ҳангоме ки аз аввалин суханронӣ ва амалҳои Пешвои миллат ба ваҷд омадам, навишта будам:

Худовандо, ба тоҷик боз боре меҳрубонӣ кун,

Ба Эмоми Шарифи худ сахои осмонӣ кун.

Ҳаммиллатон ва сокинони кишварро даъват менамоям, ки биёед, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳидтар шавем ва шукрона намоем, ки Худованд дар симои ин абармард моро ба бахти таърихӣ насиб гардондааст:

Мо ҳама шоҳиди барҳақ будем:

Мулкро кардаӣ аз марг раҳо.

Пиру барно ҳама дар лаҳзаи раъй,

Бикушоданд туро дасти дуо.

 

Рӯи нуронии ту нусрати мост,

Чеҳраи рӯшани ту пайки Худост.

Охируламр, Худояш бизанад,

Ҳар кӣ як заррае бадгӯй турост.

 

Аз ту ояндаи мо пурнур аст,

Эй ту сарчашмаи некиву сафо!

Эй умеди ҳама тоҷик ба ҷаҳон,

Баҳри моӣ ту мукофоти Худо!

Давлатхуҷа СИРОҶӢ