Нигораҳо аз гузаштаи пурғановат ҳикоят мекунанд

№102 (3248) 01.09.2014

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва  роҳбарони муассисаю ташкилот ва хоҷагиҳо бунёд гардидааст. Осорхона маводи таърихию кишваршиносии замони  антиқа  ва муосирро дар бар мегирад. Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати сокинони шаҳр, ҳамчунин  дар дохили он китобхонаи  замонавӣ ба сокинони шаҳри Турсунзода  хизмат мерасонад. Директори осорхона Тилавмурод Каримов дар робита ба фаъолият ва шароити ин макони маърифат зимни суҳбат андешаҳояшро чунин иброз дошт:

- Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода тобистони соли 2011 ба фаъолият оғоз кард. Осорхона аз бахшҳои зерин иборат аст:  «Муқаддасоти миллӣ», «Табиати нотакрори диёр», «Аз қаъри асрҳо», «Регарон», «Роҳи бузурги абрешим», «Сеҳри ҳунар», «Хонаи миллӣ», «Мизи кории шоир», «Иҷтимоиёт ва иқтисодиёт».

Бахши  якум аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва асосгузори Давлати Сомониён Шоҳ Исмоили Сомонӣ, китоби «Тоҷикон»-и  Бобоҷон Ғафуров ва  китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон -  «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориёӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҷилдҳои 1, 2, 3, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (дар 10 ҷилд) иборат аст.

Дар бахши «Табиати нотакрори диёр» бошад, як гӯшаи зебоманзараи дараи Қаратоғ бо кӯҳҳои сарбаланди барфпӯш, кӯҳу пуштаҳои сабзу хуррам, дарёи сероб, шаршараи баланди кӯҳӣ, дарахтон ва гулу буттаҳои шукуфон, олами набототу ҳайвонот, инчунин  сангҳо, амонидҳои гуногуни оҳаксангҳо, мармарҳо, сангчаҳо ва дигар минералҳои кӯҳӣ, ки дар ҳудуди шаҳр маҳфуз мебошанд, ҷой гирифтааст. Харитаи калони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӯб хеле моҳирона ҳаккокӣ шудааст, ин бахшро зеб додааст.

Дар қисмати «Аз қаъри асрҳо» як деворанигораи диққатҷалбкунанда ба чашм мерасид, ки дар он  ҳаёти одамони ҷамъияти ибтидоии рустои Пашмикӯҳна хело зебо тасвир  шудааст. Тибқи тадқиқоти олимон, дар давраи эраи мезозойӣ дар ҳудуди имрӯзаи  шаҳри Турсунзода шаклҳои гуногуни динозаврҳои азимҷусса мавҷуд будааст, ки хусаҳои ду намуди онҳо — динозавр ва брахиозавр дар толори осорхона  ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Дар бахши «Регарон» меҳмонону сокинони шаҳр метавонанд бо харитаи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва археологии шаҳри Турсунзода, ки дар он ҳамаи мавзеъҳои археологии ҳудуди шаҳр нишон дода шудааст, шинос шаванд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди  шаҳри мазкур 137 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо ҳамагӣ  6-7-тоаш мавриди тадқиқот қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар ин бахш бозёфтҳои археологӣ, аз қабили хурмачаҳои сафолин, чароғи лойӣ, рангдон ва табақи сангин, хуми асримиёнагӣ, табари сангин, кӯзаҳои сафолин мансуб ба асрҳои XVIII – XI-X ҷой дода шудааст.

Бахши «Роҳи бузурги Абрешим» — ро нигораҳои нодир, аз қабили сиккаҳои мисин ва нуқрагини давраи подшоҳии Кушониён, сиккаҳои мисини асрҳои XVIII – XI X– и Бухоро, сиккаҳои давраи Темуриён мансуб ба асрҳои XV-XVI ва пулу тангаҳои  асри XX ташкил медиҳанд. Намунаҳои нахи абрешим ва сару либосҳои қадимаи мардуми ин диёр низ дар девор овезон аст. Ҳамчунин дар ин бахш Роҳи бузурги Абрешим  бо қатори аспу шутурҳои пурбор, муносибатҳои бозоргонии халқҳои Осиёи Миёна, шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Ҳисору Хуҷанд ва пайроҳаҳои корвонгузар хело зебо тасвир шудааст.

«Сеҳри ҳунар» бошад, аз бахшҳои  диққатҷалбкунандаи осорхона маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо намунаҳои  ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, мисгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, чармгарӣ, кафшдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дуредгарӣ гирд оварда шудааст, ки  яке аз бахшҳои калону рангоранги осорхона ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла намунаи гуногуни зарфҳои сафолини мардуми  Қаратоғ, ки  мансуб ба ҳунари кулолгар  А. Муқимов  мебошанд, ба намоиш гузошта шудааст. Дӯкони оҳангарӣ бо ҳамаи асбобу ускунаҳояш ва бо намунаҳои олоти аз оҳан сохташудаи оҳангарони Қаратоғ гӯшаи дигари ин бахш аст.

Бофандагӣ низ яке аз  пешаҳои қадимаи мардумист, ки то ба имрӯз арзи вуҷуд мекунад. Дар ин қисмат кас метавонад бо дӯкони бофандагӣ, асбобҳои истифодашаванда, ки амали устоҳои қаратоғӣ Ш.Муродов ва С.Раҷабов мебошанд, ошно шавад. Намунаҳои гуногуни матои алоча ва воситаҳои дӯкони бофандагӣ зери шиша ҷой дода шудаанд. Маҳсули дасти устоҳои мисгар, аз қабили дастшӯй ва обдаста (асрҳои XVII-XIX), кафлес, тарозуҳо ва лаълии нақшин (асрҳои XVII-XIX), офтоба ва косаҳо (асрҳои XVII-XIX), чойҷӯш ва самоворҳои мисӣ  (асрҳои XVII-XIX) низ мансуби ҳамин гӯшаанд. Қубаҳои нуқрагин, оинахалта, шаддаи марҷон, бозубанди нуқрагин, тӯмори нуқрагини марҷон, гӯшвори нуқрагини Муҳаммадӣ, марҷони бозубанддор ва дигар маҳсулоти  заргарӣ, ки эҷоди ҳунари заргарони ин мавзеъ  мебошанд, аз ҳунари волои сокинони  ин минтақа  шаҳодат медиҳанд.  Дар гӯшаи дигар асбобҳои миллии мусиқӣ, аз қабили думбра, ғижак, рубоб, най, меҳтар, доира, таблак ва ғайра ҷой дода шудааст. Хусусан диққати тамошобинонро маҳсули дасти устои дуредгар, падари шоир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода — усто Турсуни дуредгар бо як қатор асбобу анҷомҳои рӯзгор, ки аз чӯб сохта шудааст, аз қабили карсонҳои чӯбин, табақҳои чӯбин, уғурчаҳои чӯбин, кафлес, зину афзоли асп ва дигар асбобу анҷомҳо ба худ ҷалб мекунад. Дар ин ҷо, инчунин нимпайкараи сангини усто Турсуни дуредгар ҷойгир аст.

«Хонаи миллӣ»,  ки мансуб ба асри XX мебошад,  дар як тарафи осорхона сохта, ба тарзи миллӣ оро дода шудааст. Ин хона аз чӯбу  тахтаву бӯрё бунёд ёфтааст. Дар дохили бино таҳмонҳои меҳробшакл,  инчунин тоқчаҳо сохта шудаанд, ки барои мондани чизу чораҳои рӯзгор хизмат менамоянд. Андаруни бино сандалӣ ва гаҳвораи  калонро ҷой кардаанд. Дар беруни бино дар шафати дари даромад дегдонҳо бо дегу анҷомҳои мисин гузошта шудаанд. Дарҳои даромад кандакорӣ шудаанд, ки мансуб ба асри XIX мебошад. Зерсутуни аз санг наққошӣ шуда, ки дар толор ба намоиш гузошта шудааст, диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Дар  бахши «Мизи кории шоир»- Мирзо Турсунзода нимпайкараи ӯ, мизи корӣ, намунаҳои мероси адабиаш, маҷаллаҳои гуногун, телефон, қаламдон, қалами мармарӣ, ашёҳои  гуногуни дигар, сабти овози шоир ва ғайра гирд оварда шудааст. Инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба шоир додани унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дар  ин гӯша  ҷой дода шудааст.

Дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Турсунзода бошад, ба бахши «Иҷтимоиёт ва иқтисодиёт» мутааллиқанд. Дар ин ҷо метавонед бо дастовардҳои  соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат,  муассисаю ташкилотҳои гуногун аз наздик шинос шавед. Дар деворанигораи барҷастае фаъолияти қариб  ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии шаҳри Турсунзода тасвир шудааст.

Осорхонаи мазкур дар заминаи асарҳои илмии мардумшиноси маҳаллӣ Рӯҳуллои Ҷӯрабой  тарҳрезӣ  шудааст. Шумораи зиёди нигораҳои осорхона  аз ҳудуди худи шаҳри Турсунзода ҷамъоварӣ гардидааст.

Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ, «Садои мардум»