Ногуфтаҳои ҳаёти Кимёгаров

№2 (3639) 07.01.2017

Борис КимегаровҲаёти режиссёр Борис Кимёгаров то кунун норавшан аст ва касе ба паҳлуҳои зиндагиаш таваҷҷуҳ зоҳир накард. Агарчӣ дар ин бора гуфтаниҳо хеле зиёд ва гуногунанд.

Дар арафаи 80 — солагии кинои тоҷик ба аёдати яке аз ветеранҳои ин соҳа, киношинос Любов Ивановна Қиёмова рафта будем. Номбурда аз ин санъати муҳим хотираҳои рангин дорад. Бахусус, аз ҳамкориҳояш бо Борис Кимёгаров бо ҳарорат ҳарф мезанад:

- Ман дар Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон кор мекардам. Соли 1962 буд. Борис Кимёгаров боре занг зада, гуфт:

- Люба, ба киностудия ба кор гузар. Якҷоя кор мекунем. Нақшаҳои эҷодӣ хеле зиёданд. Танҳо ту барин мутахассисони кордони соҳа заруранд.

Ҳамин тавр, соли 1962 ба Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» омада, ҳамроҳ 17 сол кор кардем.

Бемории Борис Алексеевичро мо ҳанӯз аз соли 1971, аз таҳияи филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» пай бурдем, зеро дар вақти наворбардории лаҳзаҳои алоҳидаи филм хаста шуда, курсӣ талаб мекард ва дар он нишаста, наворгирии саҳнаҳои алоҳидаи филмро давом медод, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Диабети сахт дошт. Аз дарди дил низ шикоят мекард. Ин дардро ҳанӯз соли 1970 ҳангоми ҳабси аъзои киногурӯҳи филми ҳунарии «Достони Рустам» — режиссёри дувум Ш. Муллоҷонов ва директори филм А. Трошин «ҳадя» гирифт.

Баъдан, Борис Алексеевич грижа (чурра) дошт, ки муҳлаташ кайҳо гузашта буд.

Вақте ки Борис Алексеевич саҳнаҳои алоҳидаи филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб»- ро, ки лаҳзаи набарди Гурдофарид ва Сӯҳробро дар қалъаи қадимаи Белгород – Днестровский РСС Украина ба навор мегирифт, ҳамсараш бемори саратон буд, аммо аз шавҳараш  пинҳон мекард, зеро намехост, ки ба кори шавҳараш халал расонад.

Вақте ки киногурӯҳ аз сафар баргашт, Анна Михайловна аз Борис Алексеевич пурсид:

- Наворгирӣ бомуваффақият гузашт?

- Бале, азизам, — гуфт Борис Алексеевич.

- Пас, ман осуда шудам, — гуфт занаш.

Баъди чанд вақт ҳамсари вафодораш вафот кард.

Вафоти шахси барояш хеле азизу наздик ӯро ниҳоят рӯҳафтода сохт ва бемориаш ҳангоми банаворгирии филми ҳунарии «Достони Сиёвуш» (соли 1976) шиддатнок шуд…

Охирин филми офаридааш филми  ҳунарии бисёрсериягии телевизионии «Одам пӯсташро иваз мекунад» (соли 1978) буд, ки нахустнамоиши он бе иштироки режиссёр  барпо гардид.

Бар замми ин, боз шогирдон ба сангзании устодашон — Борис Кимёгаров бархостанд…

Чунин муносибатҳо оқибат Борис Алексеевичро рӯи мизи ҷарроҳӣ овард. Кимёгаров талаб намуд, ки наркози умумиро истифода баранд. Дили озурдааш ба наркоз тоқат накард ва ҳангоми ҷарроҳӣ дар рӯи миз ҷон дод.

Дилаш пур аз орзуву ормон буд ва аксарашро бо худ бурд. Сенарияи «Достони Фирдавсӣ» рӯи экранро надид.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»