Ба мо муроҷиат мекунанд

Номаи модари синабирён

№119 (3913) 02.10.2018

13 — 14-уми августи соли ҷорӣ аз тариқи Шабакаи якуми телевизион баромади Аёмиддин Сатторовро, ки узви ҳизби террористӣ — экстремистии наҳзати ислом буда, 30 сол дар он фаъолият кардааст, тамошо кардам ва хун дар рагҳоям шах шуд.

Фарзанди ман низ, ки дар Федератсияи Россия кор мекард, 4 сол аст бедарак аст. Ман 4 сол боз бо аҳли оила ва хешу таборам ашк мерезам. Фарзандам, ки бо умед духтари дӯстоштаашро ба занӣ гирифта, соҳиби духтарча ва писараки дӯстрӯяк гашта буд, ногаҳон бедарак гашт. Аз рӯзи аз хона баромаданаш на шаб ором дорему на рӯз. Келинам бо тифлакони маъсумаш ашк мерезанд. Чашмони набераҳоям ҳаросон, гарданашон каҷ, оҳи сард мекашанд. — Падарам кай меояд? Барои чӣ занг намезанад? — мегӯянд. Намедонам ба онҳо чӣ ҷавоб диҳам.

Ман ба идораҳои дахлдор муроҷиат намудам, вале то ҳол натиҷае нест. Дар лабони келинам дер аст, ки табассумро намебинам. Худаш танҳо корҳои вазнинро иҷро карда, рӯз мебарад. Ман бошам, нафақахӯрам, нафақаи ночизе мегирам, вале ҳаракат мекунам, ки ба онҳо кумак кунам.

Ба кӯдакон сарулибос, хӯрок, лавозимоти дарсӣ ва, вақте ки бемор мешаванд, дору даркор аст. Вале зӯри мо намерасад, ҳама чиз қимат…

Ман чун модари ғамзада ба Муҳиддин Кабирӣ, Мирзораҳим Кузов, Абдуҳалим Назарзода, Шермаҳмад Сафаров ва дигар террористоне, ки фарзандони тоҷикро бо роҳи фиребу найранг, ваъдаҳои калон ба лагерҳои террористӣ фиристонидаанд, нафрат мехонам. Худо лаънат кунад ватанфурӯшонро, ки бо аҳли оила ва хешу таборашон дар дигар давлатҳо айшу ишрат мекунанду мо — волидони фарзандгумкарда ин ҷо азоб мекашем. Барои чӣ ин хоинони давлат худашон дар он набардҳо иштирок намекунанд? Ин Худобехабарон рӯзи қиёмат барои рехтани хуни ҷавонон, ашки модарон, падарон, зану фарзандони онҳо чӣ ҷавоб медода бошанд?

Чӣ қадар оилаҳо бесаробон, кӯдакон бепадар шуданд? Илоҳо, рӯзи онҳоро ба сари Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш биёр!

Кадом модар ва падар мехоҳад, ки фарзандаш ба чунин роҳ равад? Он гуна, ки модар месӯзад, касе намесӯзад. Модар он фарзанди нохалафро 9 моҳ дар батнаш нигоҳ дошта, бо азобҳо ба дунё оварда, шабҳо хобашро ҳаром карда, сари гаҳвора нишаста, ба умеде, ки дар пирӣ дастгираш мешавад, калон кардааст. Аз куҷо медонист, ки он фарзанд не, балои ҷонаш мешавад, номи ӯро дар байни хешу табор ва аҳли ҷомеа сиёҳу сарашро паст мекунад. Лаънат ба ин хел фарзанд! Мурданаш беҳ аз он ки зинда бошад. Шайх Саъдӣ дуруст фармудаанд: «Ки пеш аз падар мурда беҳ нохалаф». Мо аз тариқи телевизион дидем, ки чӣ гуна дар Сурия писари нохалафе ҷаллоди модараш мегардад. Ҳамин аст мусулмонӣ?

Дар охир ман ба ҷавонмардоне, ки дар давлатҳои бегона — Сурия, Ироқ, Афғонистон бо роҳи фиреб қарор доранд, муроҷиат намуда, мегӯям:

Ҷавонони роҳгумзада ва гумроҳшудаи тоҷик! Аз шумо чун модаратон хоҳиш ва илтимос менамоям, дар куҷое ки бошед, баргашта ба Ватан оед. Шуморо Тоҷикистон интизор аст. Падару модар, зану фарзанд, хешу табор ва ҳатто ҳамсояҳоятон бесаброна мунтазири шумоянд.

Аз кори кардаатон, ки ба доми фиреби одамфурӯшон гирифтор шудаед, пушаймон шуда, тавба кунед. Наход, дилатон ба волидайн, зану фарзандонатон насӯзад? Охир, ба сад умед хонаву ҷой кардед, оила бунёд намудед. Наход ҷиҳод куштори мусулмон, зану кӯдакон ва пирони барҷомонда бошад?!

Тоҷикистони зеборо, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат халқ бо азобҳо обод кардааст, вайрон накунед. Ягон масъала бо роҳи хунрезӣ ҳал намешавад. Занҳоятон дар пеши касу нокас барои як бурда нон хору зоранд. Кӯдаконатон дар азобанд. Мо ҳам дар азобем. Одамон моро таънаву маломат, кӯдаконатонро дар мактаб масхара мекунанд. Ояндаи онҳо чӣ мешавад? Чаро инро фикр намекунед? Агар сари вақт ақли худро кор нафармоед, на Худованд ва на миллату Ватан шуморо намебахшад.

Худованд худаш ба бандааш ҷон ато кардааст ва худаш мегирад. Шумо ба рехтани хуни касе ҳақ надоред. Ба худ оед, фарзандонатонро ба воя расонед, занҳоятонро соҳибӣ кунед, соҳиби мурда ва зиндаи волидонатон шавед, дуои неки онҳоро гиред. Аз гуноҳҳои кардаатон тавба кунед, Худованд бахшанда аст.

Чӣ қадар ҷавонон баргашта омаданд, давлат онҳоро бахшид. Ба дасти ягон нафари фиребхӯрда ва аз роҳи хато баргашта завлона назаданд. Бо хотири ҷамъ баргардед. Волидону зану фарзандро ба ғам гирифтор кардан ҳам гуноҳ аст, гуноҳи азим…

Бо як ҷаҳон илтиҷову зорӣ, модари фарзандгумкарда Саодати РУСТАМ