Номбардори миллат кишварро ободу зебо кард

№ 03.09.2016

 Миллати тоҷик тӯли қарнҳо садҳо фарзандонеро ба олами ҳастӣ овардааст, ки натанҳо барои ҳаммиллатони хеш, балки барои башарият хизматҳои зиёд кардаанд. Таъсиси сохтори давлатдории Исмоили Сомонӣ, вазоратдории Низомулмулк, китобҳои Абулӣ ибни Сино, ки беш аз 450 сол аст, ки асарҳои болои мизии олимони бузурги олам буданд, аз қабили чунин хизматҳо аст. Тақвими Ҷалолии ҳаким Умари Хайём, асарҳои безаволи Монӣ… ин рӯйхат чандин саҳифаҳоро пур мекунад.

 Шукрона, ки имрӯз ҳам шоҳиди чунин корномаҳои бузурги фарзонафарзанди миллат ҳастем ва ифтихор мекунем. Шоҳроҳи Душанбе-Лахш-Қирғизистон, пулҳои болои дарёи Панҷ, хатти баландшиддати «КАСА-1000», барномаи «Об барои ҳаёт» далели возеҳи онанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои роҳбариаш тамоми истеъдоду тавоноияшро сарфи бунёдкорӣ натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли башарият кардаву ин раванд идома дорад.

Кушодашавии роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба мо илҳому неруи тоза бахшид. Эътимоди моро ба ояндаи гулгулшукуфони кишвари маҳбубамон беш аз пеш зиёд гардонид. Он афроди саодатманд, ки ҳамроҳи Пешвои миллат роҳи навро тай мекарданд, хушбахтарин фарзандони айёми хешанд ва шоҳиди воқеаи муҳими таърихӣ буданд, ки дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд. Мо зиёиёни Раштонзамин он лаҳзаҳо рӯҳан ҳамроҳи пешвозгирандагон дар Ваҳдат, Ёвону Қурғонтеппа, Кӯлобу Душанбе будем. Ҳамроҳи он мардум рақсидему шодӣ кардем. Пешвои миллат роҳҳоро васлгари дилҳо номидааст. Ин бесабаб нест. Маҳз омадурафт мардумро боз ҳам наздиктар мегардонад. Кушодашавии корхонаҳои нави саноатӣ имконият медиҳад, ки ҷойҳои кории нав пайдо шаванд ва сафи муҳоҷирон, кам гардад.

Имрӯз агар ба Бадахшон равем, сухан аз бунёди Раҳмонобод асту таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Дар Суғд сухан аз Наврӯзи Аҷаму бунёди садҳо корхонаи саноатӣ. Ҳисори кӯҳансол дубора бо симои дилрабо меҳмононро пазироӣ мекунад. Шаҳрҳои Қурғонтеппаву Кӯлоб ҳар лаҳза чеҳра ранг мекунанд ва ободу зеботар мегарданд. Замони бачагӣ аз забони калонсолҳое, ки ба хориҷи кишвар рафта меомаданд, шунида будем, ки дар он кишварҳо роҳ он тарз сохта шудаанд, ки андаруни мусофирбар, ки бо суръати баланд ҳаракат мекунад, чой нӯшӣ, қатраи чой ба замин намерезад. Имрӯз агар бо роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Лахш сафар кунед, аз натанҳо андаруни мусофирбар чой намерезад, балки вақт он қадар зуд ба поён мерасад, ки фурсати чойнушӣ намеёбӣ.

Ин роҳ муҳаббати Пешвои миллатро дар дили хурду калон афзун гардонд. Он муҳаббатеро, ки дар мағз-мағзи қалби сокинони кишвар манзил гирифтааст. Агар аз ин баъд нафаре гӯяд, ки: «аз Душанбе то қуллаи Боми ҷаҳон дар ояндаи наздик роҳи оҳан мешавад», касе шубҳа нахоҳад кард. Зеро бовар доранд, ки агар Пешвои миллат  ният кунад дар иҷрои кор мушкилӣ пеш намеояд.

Роҳи нави оҳан дастоварди бузургтарин дар арафаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва онро муборакбод мегӯем!

Зиёиёни ноҳияи Рашт