Номи нек маҳсули кори нек аст

№21 (4127) 15.02.2020

 Рамазон МирзоевРамазон Мирзоев шахси бунёдкору созанда, рафиқи ғамхор, меҳандӯс­ти асил ва роҳбари поквиҷдону масъулиятшинос мебошад. Бемуҳобот,  мавсуф  зотан «дили пурганҷ» дорад ва мунтазам аз ин «ганҷина» ба атрофиён «дурдона» ва «гавҳар» эҳдо мегардад. Зиндагиномаи қаҳрамони матлаб хеле рангин, пуртазод ва ибратомӯз ва далели он аст, ки сарфи назар аз нотавонбинии баъзе кӯрдилон, ҳатман дар ҷомеа мавқеъ ва манзалати баландро соҳиб мегардад. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон даъвати ёздаҳум интихоб шуданаш далели ин гуфта аст. Шоҳидон нақл мекунанд, ки дар даврони намояндаи мардум дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор будан аз вакилони фаъол маҳсуб шуда, баҳри бартарафсозии мушкилот саҳми бориз дошт.

Номбурда замонеро, ки чорсола буд ва онҳоро аз Хоҷаи Нури деҳоти  «Сарсибулоқ»-и ноҳияи Муъминобод ба Тугараки ноҳияи Восеъ оварданд,  хуб дар ёд дорад. Дар Тугарак, мактаби миёнаи ба номи Куйбишевро хатм кард ва ба факултети гидромелиоратсияи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дохил шуд. Дар вазифаҳои гуногун – саркоргари (прораб)-и Раёсати сохтмонии №12-и трести «Душанбеводстрой»  ва мудири шуъбаи кор ва музди меҳнати ПМК №16-и шаҳри Кӯлоб, мудири минтақавии ПМК №16, сармуҳандис, сардори ПМК  №17-и ноҳияи Фархор,  муҳандиси калон ва сармушовир дар «Главзарубежводстрой»-и назди Вазорати хоҷагии оби ИҶШС, сармуҳандиси трести «Тоҷикремстрой»,  муовини трес­ти идоракунии «Кулобводстрой» оид ба туннели Данғара, муовини вазири сохтмони деҳот, шунавандаи Академияи илмҳои ҷамъиятӣ дар назди  Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии ИҶШС — шаҳри Москва, котиби якуми Комитети партиявии ноҳияи Данғара, намояндаи мардум дар Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати ёздаҳум, мудири шуъбаи сиёсати кишоварзӣ ва бозсозии деҳоти Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон, сармутахассиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири корҳои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири  фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия,  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва директори Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» фаъолият намудааст.

Марди кордидаву кордон, дар ҳар идорае, ки кор кардааст, назар ба гуфтаи ҳамкорон, бо тобеъон ҳамчун  бародар, дӯст муносибат намудааст. Аз сохтмони  нақби таърихии Данғара, шодоб намудани дашти лабташнаи Данғара, фатҳи қуллаҳои баланд дар иқтисоду иҷтимоиёт, даврони наҳси ҷанги шаҳрвандӣ, талошҳои хастагинопазир барои бозгардонидани муҳоҷирон ва мусоидат дар амри ҳамоҳангиҳои лозим бо тарафҳои даргир ва билохира, имзои Созишномаи умумии истиқрор сулҳ ва ризояти миллӣ  дар Тоҷикис­тон ва дастовардҳои ҳукумати феълӣ хотироти ҷолиб дорад, ки зимни ба ёд оварданашон гоҳ аз шиддати аламу дард мегиряду гоҳе дар лабаш табассум гул мекунад.

Онҳое, ки номбурдаро солиёни зиёд мешиносанд ва якҷо фаъолият доштанду доранд, муътақиданд, ки ба арзишҳои дӯстӣ, давлатӣ ва миллӣ соф­дилона арҷ мегузорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар қиболи давлату миллат ва дӯстони хеш амали нораворо ҷоиз  намебинад. Ба маънои томаш тамоми хислатҳои накуи инсонӣ дар ниҳоди Рамазон Мирзоев хеле бамаврид тавъам афтодаанд.

Ин буд шаммае аз фаъолият ва рӯзгори ибратомӯзи як ватандӯсти асил, ки дар роҳи интихобнамудааш собитқадам аст. Ба ин накумарди некукирдор ва нексиришт барору комёбӣ таманно менамоем.

Шариф СОЛЕҲ«Садои мардум»