Ба ифтихори 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ

Оҳангҳояш пайвандгари Осиё ва Аврупоянд

№66 (3212) 21.06.2014

З. шахидиИмсол бо Қарори   ЮНЕСКО 100-солагии оҳангсози маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ ҷашн гирифта мешавад. 

Дар робита ба ин моҳи январи соли равон зимни як машварати корӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ барои дар сатҳи баланд  таҷлил намудани  ин ҷашн ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода буд. Ба истиқболи ҷашни мазкур дар муассисаҳои фарҳангӣ, театрӣ ва иттифоқҳои композиторону рассомон конфронсҳои илмиву назариявӣ ва мизҳои мудаввар баргузор гардида истодаанд.

Ҳамзамон дар асоси Нақша- чорабиниҳои ҷашнӣ баргузории Фестивали ҷумҳуриявии овозхонҳои касбӣ, нашри китобҳо ва таҳияи филми мустанад дар назар аст. Бахшида ба ин санаи фархунда андешаи ду мутахассисро пурсон шудем.

Шамсӣ НИЗОМОВ, саркоргардони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон: -Аслан, оҳангҳои устод Зиёдулло Шаҳидӣ бадоҳатан дар роҳ, дохили нақлиёт, тайёра ва ё  зимни суҳбат бо  дӯстон эҷод шудааст. Яъне, он кас вобаста ба вақту замон эҷод кардаанд.

Масалан, Зиёдулло Шаҳидӣ, ки бо Абулқосим Лоҳутӣ дӯстӣ доштанд, ба шеъри шоир дар муддати кӯтоҳ оҳанг эҷод намуданд, ки аз ҷониби Аҳмад Бобоқулов иҷро шуд:

Ман рӯи туро дидаму дилдода шудам,

Дар додани ҷон ба роҳат омода шудам.

Дар бандагӣ истода будам аз ту дур,

Афтода шудам ба домат, озода шудам…

Таърихи эҷоди суруди «Иди Зафар»,  шеъри Боқӣ Раҳимзода бисёр хотирмон аст. Зиёдулло Шаҳидӣ онро дар як шабонарӯз эҷод карда буд.

Масъулини Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Зиёдулло Шаҳидӣ ва шоир Боқӣ Раҳимзодаро даъват карда, мегӯянд, ки фардо 9 майи соли 1945 Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷашн гирифта мешавад. Бояд то  саҳар бахшида ба «Иди Зафар» суруде нависанд. Ин ду эҷодкор аз пайи кор шуда,  шеърро Боқӣ Раҳимзода шабона эҷод намуда, Зиёдулло Шаҳидӣ матнро ба оҳанг медарорад ва  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова сурудро аз ёд карда, субҳ дар назди Почтаи марказии шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) месарояд:

Омад хабар зи Маскав

Аз фатҳи комили нав.

Халқи далер, бишнав,

Иди зафар муборак,

Иди зафар муборак,

Шаъну ҳунар муборак!

Ин суруд байни  мардум хуб  пазируфта шуд. Минбаъд, ҳамасола дар  Рӯзи Ғалаба ин суруд тавассути телевизион ва радио, барномаҳои консертӣ тез-тез садо медиҳад.

Мунира ШАҲИДӢ, номзади илмҳои филология, духтари З.Шаҳидӣ:

-Ба муносибати ин ҷашни фархунда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли равон Фестивали умумиҷаҳонии мусиқии классикии муосир дар фаҳмиши имрӯзи мусиқачиёни ҷаҳонӣ доир мешавад. Таваҷҷуҳ ба ин ҷашнвора хеле зиёд аст ва мусиқишиносони тамоми ҷаҳон мехоҳанд дар он ширкат варзанд. Онҳо дар бораи мусиқии кишвари мо маълумоти кам дошта, ташнаи шунидани мусиқии муосир ҳастанд, зеро ин аввалин ҷашни як композитори тоҷик миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар сатҳи ЮНЕСКО баргузор хоҳад гашт. Мутаассифона, дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеа фаҳмиши дурусти мусиқӣ нест, бинобар ин доир намудани чунин ҷашнвора мушкил шуда истодааст.

Ба ин муносибат баргузории консертҳои ҷашнӣ берун аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳрҳои Лондон, Париж, Монреал ва моҳи октябри соли равон дар шаҳри Москва консерти мусиқии классикӣ аз рӯйи асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ ва фарзандаш- Толиб Шаҳидӣ дар назар аст.

Эҷодиёти падарам пайвандгари мусиқии классикии Осиёи Марказӣ ва Аврупо аст.

Бо маърӯзаҳои зиёд ба хориҷи кишвар меравам, мардум аз ҳолу аҳволи мардум ва вазъи ҷомеаи мо мепурсанд. Мегӯям, ки мо сулҳофарем ва ба даст омадани Ваҳдати миллӣ  нишон дод, ки дар вуҷуди Сарвари давлати мо  ҳамин хислат ҷой гирифтааст.

Боре яке аз муҳаққиқони мероси устод Зиёдулло Шаҳидӣ гуфта буд, ки дар бораи ягон композитор ин қадар тадқиқот ва очерку мақолаҳо навишта нашудааст. Аз солҳои сиюм то солҳои ҳаштодум мақолаву монографияи зиёд ва ҳатто китоби махсус аз тарафи мусиқишиноси рус Елена Орлова навишта шудааст.

Саҳми Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҷамъоварии бойгонии пароканда арзанда аст. Бори аввал бо кӯшишу талошҳои банда ва корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷӯрабой Раҷабов ба муносибати ҷашни 95- солагии оҳангсоз китобномаи шарҳиҳолӣ таҳти унвони «Зиёдулло Шаҳидӣ» ба табъ расид, ки дар он санаҳои муҳими зиндагинома, номгӯйи  асарҳои чопшуда, дастнависҳо, адабиёт дар бораи фаъолияти оҳангсоз, инчунин рӯйхатҳо ба забонҳои тоҷикиву русӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Китоби мазкур барои таҳқиқи минбаъдаи эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ ва омодасозии мутахассисони мусиқии миллӣ ёрӣ мерасонад.

Ҳарчанд устод аз худ 300 тарона, ду операи машҳур, романсу оҳангҳои бешуморро барои филмҳову намоишномаҳо ба мерос гузоштааст, аммо насли нави овозхонону оҳангсозон доир ба он маълумоти кофӣ надоранд.

Бояд гуфт, ки Зиёдулло Шаҳидӣ фаъолияти эҷодии худро ҳанӯз дар синни 18-солагӣ оғоз кардааст. Миёни оҳангҳои  Зиёдулло Шаҳидӣ, ки дар байни халқ хеле машҳур гардидаанд, «Хонаи мо» (шеъри Мирзо Турсунзода), «Пойтахти ман», «Душанбе», «Дилдода шудам», «Шодии дил», «Иди зафар» (шеърҳои Боқӣ Раҳимзода), «Оби равон», «Ранҷида аз ман», «Муҳаббат»  (шеърҳои Аминҷон Шукӯҳӣ), «Гулҷаҳон» (шеър ва оҳанги З.Шаҳидӣ) хеле машҳур мебошанд.

Пас аз нашри китоби Елена Орлова таҳти унвони «Зиёдулло Шаҳидӣ» (Москва: Советский композитор 1986)  бо мақсади муаррифии бештари эҷодиёти пурмаҳсули ин оҳангсоз ба насли нав мутахассисони мусиқишиноси миллатҳои гуногун хоҳиш карданд, ки нисбат ба мусиқии муосири тоҷик ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ бештар маълумот диҳанд. Дар китобҳои таҳқиқотӣ ва мақолаҳои тафсирии замони шӯравӣ мақоми Зиёдулло Шаҳидӣ ҳамчун асосгузори мусиқии тоҷик шинохта шуда бошад ҳам, вале қолабҳои маҳдудкунӣ дар бораи аҳамияти мусиқии муосири он давра зиёд ба чашм мерасид.

Саҳми шодравон Зиёдулло Шаҳидӣ дар рушди операи тоҷик низ хеле назаррас  аст.

Ӯ аз худ асарҳои барҷастаи «Комде ва Мадан»  ва «Ғуломон»-ро боқӣ гузоштааст. Моҳи майи соли равон тамошобинон операи офаридаи ӯ аз рӯйи асари «Комде ва Мадан»-и Мирзо Абдулқодири Бедилро дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тамошо намуданд.

Масъулини театр ба мо гуфтанд, ки бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ  мувофиқа шудааст, ки давоми сол боз як зумра чорабиниҳоро бо ширкати фарзанди Зиёдулло Шаҳидӣ-оҳангсози маъруф Толиб Шаҳидӣ доир намоянд.

Зиёдулло Шаҳидӣ 14 майи соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада,  соли 1985 дар шаҳри Душанбе дар синни 71 -солагӣ аз олам чашм пӯшид. Тибқи васияти оҳангсоз, хонаи ӯ ба осорхона табдил ёфт. Алҳол Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ аз панҷ ҳуҷра иборат буда, дар ин макон бойгонии оҳангсоз, асбобҳои гуногуни мусиқӣ, расму мусаввара  ва китобҳо маҳфузанд.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»