Об – маншаи илҳоми рассом

№7 (4113) 11.01.2020

Китоб-2(Андешаҳо перомуни китоби нави мусаввараҳо - «Об — сарчашмаи зиндагӣ»-и Рассоми халқии Тоҷикистон Исуф Сангов)

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соли 2003 — «Соли байналмилалии оби тоза», соли 2013 — «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005- 2015» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» эълон шуда буданд. Барои инъикоси моҳияти ин иқдомот шоиру нависандагон, оҳангсозон, ҳофизон, киносозон, кормандони радио ва телевизиони Тоҷикистон ва рассомони тоҷик низ саҳми хешро гузоштаанд.

Яке аз чунин нафарон Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Исуф Сангов мебошад. Ӯ дастпарвари Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе (1960) ва факултети санъати монументалии Омӯзишгоҳи олии бадеии саноатии шаҳри Москва (1970) мебошад. Асарҳои офаридааш аз соли 1969 дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ба тамошо гузошта шудаанд. Китоб – албомаш бо унвони «Рассом Исуф Сангов» соли 2013  чоп шудааст.

Китоб-1Ӯ аз рӯи ихтисос рассом – монументалист буда, касби бисёр нозук ва мушкилу заҳматталаби кошинкорӣ (мозаика) дорад. Асарҳои гобелен ва кошинкорикардааш бинои тарабхонаи «Роҳат», пештоқи бинои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри ҷумҳуриявии лӯхтак, таваллуд­хонаи №3, Комбинати хонасозии шаҳри Душанбе, Автовокзали ноҳияи Шаҳритуз, Хонаи маданияти колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ ва як қатор хонаҳои истиқоматиро зебу зинат медиҳанд. Вале ин маънои онро надорад, ки рассом бо як равияи рассомӣ маҳдуд шуда бошад. Баръакс, ӯ бештар дар жанр­ҳои портрет, пейзаж ва дигар намудҳо дар миёни мухлисони санъати тасвирӣ маълуму машҳур аст.

Санъатшиноси маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Лариса Додхудоева аз хусуси эҷодиёти рассом менависад:

«…Асарҳои И. Сангов дар асоси анъанаҳои нигоришоти музайян тавлид мешаванд ва дар онҳо рӯҳи миллӣ таҷассум ёфтааст. Самимият ва ҳақиқатнигорӣ аз хислатҳои дигари хоси мусаввир мебошанд. Дар эҷодиёти ӯ навоварӣ зиёд ба чашм мерасад. Манзараҳои зебои деҳоту чеҳраҳои мондагор, ҳусни кӯлу дарёҳои Тоҷикистон, ки рассом ба тасвири онҳо майли зиёд дорад, ҳар бинандаро мафтун месозад».

Мавзӯи об, дарёву чашма ва кӯлҳову шаршараҳои зебои диёрамон – Тоҷикис­тон ҳанӯз аз солҳои ҷавонӣ оғози кори рассом буданд. Рассом бо андак фурсати муносиб ба кӯҳистони Тоҷикистон ба сафари эҷодӣ мебаромад. Рӯзҳо, ҳафтаҳо дар лаби дарё, шаршара ва ё кӯле хайма зада, обҳои мусаффои диёри кӯҳистони моро бо сеҳри мӯқалам боз ҳам покизатар ва софу зебо тасвир мекард.

Аз миёни рассомони тоҷик ӯ аввалин шуда, дар робита ба ташаббусҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об асарҳои пурмазмун ва баландғоя эҷод кард. Дар асарҳои мавриди назар мо манзараҳои зебои табиат, обшорон, шаршараҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳои покиза ва умуман, оби соф ва зулоли Тоҷикистонро мебинем.

Ба ин номгӯй метавон нигораҳои «Оғози Роғун» (1976), «Чашма» (1986), «Ҳафтранги Роғун» (2001), «Дар доманакӯҳҳои Помир» (2002), «Кӯли Сарез» (2002), «Шаршараи Муллоконии Сари Хосор» (1999), «Шаршара» (2002) ва ғайраро дохил намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин асарҳо соли 2003 дар Намоиши муаллифӣ бахшида ба «Соли оби тоза» дар шаҳри Душанбе пешкаши ҳаводорони санъати рассомӣ гардидаанд.

Минбаъд ҳам рассом ба мавзӯи дӯстдоштааш содиқ монда, дар давоми солҳои 2003 — 2018 мусаввараҳоеро эҷод кард, ки яке аз дигаре беҳтаранд. Мусаввараҳои зикршуда чанде пеш таҳти унвони «Об- сарчашмаи зиндагӣ» (Албоми феҳристи тематикаи асарҳои рассомӣ, (Душанбе, «Мега — Басим», 2019, 200 саҳ.) аз чоп баромад. Китоби мазкур 70 асар ва мусаввараву кошинкориҳои рассомро дар бар мегирад.

Китоби нав бо дастгирии Бунёди Сад­риддин Айнӣ ва хешу дӯстони рассом ба чоп расид. Он армуғони хубест ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028».

Дар эҷодиёти рассом тасвири кӯлҳо ҷои асосиро ишғол мекунад. Қариб 20 мусаввара ба кӯлҳои мусаффо ва афсонавии Тоҷикистон бахшида шудааст. Асарҳои «Кӯли Сарез» солҳои 2002, 2014 (ду асар), «Искандаркӯл» солҳои 2012, 2014 (ду асар) ва соли 2018 аз он ҷумлаанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар маҷмӯъ рассом чор асарашро ба зебоиҳои «Искандаркӯл» бахшидааст. Рассом ин кӯли афсонавиро аз якчанд тараф, бо рангҳои гуногун гоҳе барҷаставу гоҳе муқаррарӣ тасвир кардааст. Асаре, ки соли 2014 эҷод шудааст, манзараи кӯлро субҳгоҳон, пеш аз тулӯи офтоб, нишон медиҳад. Дар мусаввараи соли 2012, ки рассом онро бо ранги акварел кашидааст, кӯл ва доманакӯҳҳо хеле равшану барҷастаанд.

Ин усули тасвирро рассом ҳангоми эҷоди асарҳои «Кӯли Кабуд» (2014), «Кӯли морон» (2014), «Кӯли Чуқурак» (2014), «Кӯли Марғузор» (2014), «Кӯли Аловиддин» (2014), «Кӯли Ҳазорчашма» (2017), «Кӯли Хурдак» (2017), «Кӯли Нофин» (2017), «Кӯли Ҳушёр» (2017), «Кӯли Миҷгон» (2017), «Кӯлҳои Тоҷикистон» (2017) ва «Кӯли калон» (2018) хеле моҳирона истифода кардааст.

Рассом кӯшиш кардааст, ки асарҳои дар ин мавзӯъ эҷодшуда бо ҳам монанд набошанд. Масалан, кӯли асрорангези Сарез дар ду асари рассом Исуф Сангов — «Кӯли Сарез» (соли 2002) ва «Сарез» (соли 2014) тасвир ёфтааст. Дар асари аввал рассом кӯлро хеле асрорангез ва бо рангҳои торик ва хира тасвир карда, бо ин усул хатару ваҳми кӯлро нишон додааст. Дар асари дуюм рассом на ба кӯли воҳимаангез ва хатарнок, балки ба зебоии табиат, оби мусаффо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Мо  мутмаинем, ки китоби «Об — сарчашмаи зиндагӣ» аз ҷониби хонандагон баҳои баланд хоҳад гирифт.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»