Ибрози андеша

«Ҳофиз бояд дарсхонда ва устоддида бошад»

№17 (3967) 12.02.2019

«Шашмақом» шоҳасари безаволест, ки аз ниёкон мерос мондааст. Ба гуфти доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ, «Шашмақом» ҷузъи асосии хазинаи мусиқии бойи тоҷикон буда, бо номи мусиқии классикӣ ё худ мусиқии  касбии тоҷик эътироф шудааст».

Ба «Шашмақом» бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 мақоми давлатӣ дода шуд. Ба ҷуз ин, ҳар сол 12 май чун Рӯзи «Шашмақом» дар ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.

Чанде пеш китоби «Шиҳоби мусиқӣ»-и Ф. Азизӣ ба дастамон афтид. Мутолиаи он, ки ба эҷодиёти оҳангсоз, ҳофиз, шашмақомшиноси нотакрор, танбӯрии нодир устод Фазлиддин Шаҳобов бахшида шудааст, моро водор намуд, ки оид ба ин масъала андешаҳои худ­ро рӯи коғаз орем. Зимни мутолиаи асар бо матлаби доктори илми филологӣ, профессор Аълохон Афсаҳзод «Фазлиддин Шаҳобов ва таҳқиқи «Шашмақом» шинос шудем, ки дар бораи масъалаҳои ҳалталаби жанри «Шашмақом» ибрози андеша намудааст. Ӯ аз ҷумла қайд  менамояд: «Шодравон академик А. М. Мирзоев маслиҳат дода буданд, ки ба масъалаи таҳаввули «Дувоздаҳмақом» ва табдили он ба «Шашмақом» бештар диққат гуморам. Аммо ҳеҷ фурсате дигар фаро нарасид, ки ба ин матлаб таваҷҷуҳ намоям… Акнун дар соҳаи омӯзиши мусиқӣ ҷавонони мустаъиду басир ба майдон омадаанд, ки ин вазифа низ бар дӯши онҳо гузошта мешавад».

Дар ҷойи дигар ӯ таъкид кардааст: «Хусусан, мавқеи созҳо (танбӯр, дутор, даф, борбат, чағона, рубоб ва ғайра) дар кадом лаҳну овоз чӣ гуна аст, равшан нест». Ӯ, ҳамчунин, ёдовар мешавад, ки «рисолаҳои дар ду асри охир роҷеъ ба ҷиҳатҳои гуногуни «Шашмақом» таълифшуда ин мушкилотро намекушоянд».

Аз ин суханони А. Афсаҳзод ва эрод гирифтанҳои ӯ маълум мегардад, ин «Шашмақом» ба таҳқиқи ҷиддӣ ниёз дорад. То ба ҳол муҳаққиқон табдил додани «Дувоздаҳмақом» ба «Шашмақом» ва сабабу омилҳои онро таҳқиқ накардаанд. Яъне, соярӯшанҳо дар ин маврид зиёданд ва зеҳни мухлису шунавандаи закиро азоб медиҳанд.

Аммо узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон шодравон Абдулқодир Маниёзов масъалаи муҳими дигарро ба миён гузоштаанд, ки дорои аҳамияти хос аст: «… яке аз муҳимтарин фазилатҳои пешаи ҳофизӣ бисёр шеър донистан аст. Кош, оҳангсозони мо ҳам «арӯз»-ро медонистанд, лоақал шеъри зиёде аз ёд мекарданд, то оҳангҳои табиии каломи модарӣ ба гӯшашон менишаст ва барояшон дар офаридани беҳтарин намунаҳои мусиқиву сурудҳои муосир, симфония ва операҳои ҳақиқатан ҳам миллӣ мусоидат менамуд».

Ё худ Фазлиддин Шаҳобов дар ҷое ба ҳамин маънӣ мегӯяд:

«Ҳофиз бояд аввалан овоз, овози хуби табиӣ дошта бошад. Бе ин неъмати модарзод ҳеҷ кас сароянда шуда наметавонад. Ҳофиз бояд дарсхонда, устоддида ва тарбиятёфта бошад».

Сарояндагони зиёде ҳастанд, ки ба маънии ғазалҳои хондаашон сарфаҳм намераванд.  Аз ин рӯ, пайваста мутолиа кардан, шеъри зиёд ҳифз намудан, ба маънияш сарфаҳм рафтан, каму беш аз вазни арӯз огоҳ будан барои сарояндагону бастакорон фарз аст. Тӯтивор суруд хондан ба дил наменишинад. Мо аз наворҳои телевизион зиёд мушоҳида мекунем, ки ин ё он сароянда сурудро бе ҳис, бе завқ месарояд. Ин чиз, албатта, ба зеҳни тамошобин таъсири манфӣ мегузорад.

Имрӯз аксар сарояндагони ҷавон сурудҳои сабук, ҳатто аз назари вазн хароб, мантиқу таносубашон ноҷоро манзури шунаванда мегардонанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо китоб намехонанд, аз дунёи шеър хабар надоранд, вале мехоҳанд зуд маъруф гарданд. Аммо машҳур нагашта, аз саҳна берун мераванд.

Агар ба «Шашмақом» таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки он дар давоми асрҳо аз ҷониби устодони бузурги санъати мусиқӣ офарида  шудаву суфта гардидааст. Ҳам мусиқӣ ва ҳам матн чунон якдигарро пур мекунанд, ки ба шоҳкор мубаддал мегарданд. Онҳое, ки дар ин ҷода ба устодӣ расида буданд, дониши фарох доштанд, мусиқиву шеърро хуб мешинохтанд. Аммо имрӯз баъзан  ҳавову ҳаваси пуч ҷойи заҳмат  кашидан, дониш андӯхтанро мегирад, ки таассуфбор аст.

Дар мавриди «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом» ин нуктаро ёдрас шудан ба маврид аст, ки мусиқишиносони гузашта дар ин хусус асарҳои зиёд офаридаанд. Масалан, Кавкабии Бухороӣ дар боби мусиқӣ рисолаи «Султония»-ро эҷод кардааст, ки дар бораи «Дувоздаҳмақом» маълумоти муфассал медиҳад. Омӯзиши ин гуна асарҳо ниҳоят зарур аст, чунки онҳо хонандаро бо асли шоҳасарҳои ба меросгузоштаи ниёкон ошно месозанд.

Баҳри бартараф намудани камбудиҳои зикр­шуда омӯхтани таҷрибаи устодони гузашта ҳатмист. Чунонки Устод Рӯдакӣ мефармояд:

Ҳар кӣ н-омӯхт, аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад, зи ҳеҷ омӯзгор.

Бинобар ин, таблиғи «Шашмақом» ба таври касбӣ зарур аст. Бигзор ҳар касе, ки мухлису ҳаводори ин мусиқии классикӣ аст, китоби «Шашмақом»-ро мутолиа кунад. Бовар дорем, ки «Шашмақом» ба рӯҳу равони инсонҳо таъсири хуб мегузорад ва олами маънавии онҳоро бою рангин мегардонад.

Усмон ОХУНОВ,

Ҳадятулло ҚОСИМОВ