Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Ҳоли табоҳи «Гулгашти Восеъ»

№8 (4114) 14.01.2020

 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи «Ҳоли табоҳи «Гулгашти Восеъ» («Садои мардум», № 39 (4089) аз 19 ноябри соли 2019) иттилоъ медиҳад, ки пайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик — Восеъ, ки соли 1963 қомат афрохтааст, соли 2012 пас аз таҷдид дар маркази шаҳраки Ҳулбук гузошта  шудааст. Аз рӯи лоиҳаи пешниҳодшуда, мебоист пайкара  чеҳраи боғурури қаҳрамонро савори асп таҷассум намояд, вале он ҳашамати хоси ин қаҳрамонмардро инъикос намекард. Сифати ороиши ранги пайкара низ коҳиш ёфтааст ва он ба азнавсозӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, айни замон пайкара бо матоъ пӯшонида шудааст ва дар вақти мусоид бо тарҳи нав бозсозӣ хоҳад шуд.

Оид ба бунёди  гулгашти Восеъ низ тарҳи нав омода гардидааст. Баъди анҷоми корҳои азнавсозии пайкара гулгашти марказии шаҳрак симои нав хоҳад гирифт. Ҳудуди гулгашт айни замон 1,2 гектарро ташкил медиҳад.

Ш. Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон