Навиди фарҳангӣ

Ғолибият дар Фестивал — озмуни байналмилалӣ

№48 (3842) 19.04.2018

Моҳи равон дар толори консертии Консерваторияи давлатии миллии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорумин Фестивал — озмуни байналмилалии ансамбл ва оркестрҳои бисёровозаи созҳои халқӣ — миллӣ таҳти унвони «Садои наврӯзӣ» («Наврӯз садоларӣ») баргузор гардид.

Дар он дастаҳои ҳунарӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва вилояти  Бурятияи Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Кишвари моро дар озмун 17 донишҷӯ – навозандагони оркестри Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карданд.

Тавре роҳбари коллеҷ Мунира Мансурова иттилоъ дод, гурӯҳи навозандагонро дар чорабинӣ дирижёри оркестр Замира Ҷӯраева, бастакор Абдураҳмон Тошматов роҳбаладӣ намуданд. Ҳакамоти фестивал маҳорати баланди аъзои оркестрро ба инобат гирифта, бо Ҷоми Фестивал — озмуни Тошкент — 2018 «Наврӯз садоларӣ», дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Бояд қайд намуд, ки ин чорумин Фестивал — озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд мебошад ва маротибаи дуюм аст, ки донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар он ширкат меварзанд. Бори аввал соли 2016 аъзои оркестр дар фестивал — озмун ҷойи дуюмро сазовор гардида буданд.

М. Мақсудов, «Садои мардум»