Ғолибони «Парасту – 2019» муайян шуданд

№47 (3997) 27.04.2019

IMG_9564Аз 15 то 22 — юми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2019», ки ба 80 — солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд,  баргузор гардид. Дар он 18 театри касбии кишвар намоишномаҳоеро, ки тӯли ду соли охир ба саҳна гузоштаанд, пешкаши доварон ва тамошобинон гардониданд.

Зимни ҷамъбасти фестивал — озмун, ки  22 — юми апрел дар Теат­ри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуд, муовини якуми вазири фарҳанг Обид Назариён иброз дошт, ки асарҳои пешниҳодшуда аз якдигар бо хосагиҳои худ, интихоби мавзӯъ, сатҳи касбият, шакли пешниҳоду нақшофарии ҳунарпешаҳо, вижагиҳои кори режиссёрон, саҳнаофарию нақши мусиқӣ тафовут доштанд.

- Мебояд бо асарҳои пурмазмуну баландғоя дар дили аҳли ҷомеа, махсусан насли наврас шуълаи меҳру муҳаб­бат ва ифтихор аз ватани аҷдодӣ, худшиносиву худ­огоҳии миллиро фурӯзонтар созем. Ҳама шоҳидем, ки ин нуктаҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мешавад, — афзуд номбурда.

Ҳамин тариқ, асосгузори Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» (соли равон аз таъсиси он 30 сол пур мешавад), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов барои саҳми назаррас дар рушди театр бо ҷоизаи навтаъсиси «Насли пуршараф» қадрдонӣ гардид. Ба профессор Тамара Абдушукурова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Сайрам Исоева ва Носир Ҳасанов диплом барои садоқат ба касб ва саҳми назаррас дар рушди санъати театрӣ супорида шуд.

Соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал — озмун Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоиши «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода дар таҳияи Султон Усмонов гардид. Операи Амирбек Мусоев — «Хусрав ва Ширин», либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Халилов (Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ) ва намоиши «Қорӣ Ишкамба» аз рӯи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Муҳиддин Музаффар (Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом) сазовори ҷои якум, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский барои намоиши «Тартюф» — и Жан Батист Молйер дар таҳияи Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои намоиши «Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Нозим Меликов сазовори ҷои дуюм гардиданд. Ҷои сеюм насиби Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О. Назарови шаҳри Хуҷанд барои намоиши «Пораи дили модар»-и Ҳалим Шариф дар таҳияи Эҳсон Ҳомидов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои намоиши «Карим Девона»-и Тӯрахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров шуд.

Аз рӯи номинатсияҳои «Коргардони беҳтарин», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин ороиши мусиқӣ», «Беҳтарин ороиши саҳна», «Беҳтарин асари драматургӣ», «Беҳтарин нақши эпизодӣ» ва «Барои мавқеи шаҳрвандӣ ва муҳимияти мавзӯъ» низ ғолибон муайян шуданд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»