Забон донӣ – ҷаҳон донӣ

Омӯхтани сад забон осон мегардад, агар…

№137 (4087) 14.11.2019

Меҳри забон аз хурдсолӣ дар вуҷуди ман маъво гирифта буд ва ҳамин орзуи кӯдакӣ ниҳоят ба ман роҳбалад гардиду тақдирамро ба касби заҳматталабу ифтихории омӯзгорӣ пайваста, аз фанни забон ва адабиёти рус дарс мегӯям. Ҳоло бархе бо мазаммат даврони шӯравиро ба ёд меоранд, ки забони русиро ҳукумати давр, ки роҳбарияташ асосан аз миллати рус буданд, имтиёзи зиёде додаву мавқеи дигар забонҳоро то андозае танг карда буд.

Вале як ҷиҳатро нодида гирифтан хуб нест, ки хоҳ – нохоҳ дар он давлати сермиллату забон бояд аз забони алоҳидае ҳамчун забони давлатӣ кор гирифта мешуд. Дар Тоҷикистони шӯравӣ мактабҳои тоҷикӣ, нашрияҳои гуногуни  тоҷикӣ фаъол буданд ва касе монеъ набуд. Ҳоло ки бо сабаби ба миён омадани муҳоҷирати меҳнатӣ шумораи зиёди ҳамватанони мо, аксар дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ менамоянд, бо шарофати донистани забони русӣ камтар душворӣ мекашанд.

Ҷиҳати мусбати дигар, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар созгор афтодааст, фароҳам гардидани имконияти зиёд барои омӯзиши забонҳои гуногуни дунё ва афзоиши сафи хоҳишмандон аст. Фақат фаъолияти марказҳо набояд аз назорат дур монанд ва сифати таълим дар онҳо аз тарафи масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пайваста мавриди санҷиш қарор гирад, то завқмандон бар ивази маблағу вақт ҳосил бардошта тавонанд.

Ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус ба пеша меҳри беандоза дорам. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки забони модариам барои ман дуюмдараҷа аст. Баръакс, муваффақиятҳоеро агар дар самти омӯзиши забони русӣ ба даст оварда бошам, аз шарофати забони ноби тоҷикӣ медонам. Дар рафти таълими забони русӣ забони тоҷикӣ ба ман кумак менамояд.

Чун омӯзгор хушнуд аз он ҳастам, ки  бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  муддати хеле кӯтоҳ он қадар мактаб сохта, ба истифода дода шуд, ки таърихи кишвар мислашро ёд надорад. Вазифаи мо — омӯзгорон иборат аз он аст, ки ба қадри ин ҳама заҳматҳо расем ва дар баланд бардош­тани сатҳи таълиму тарбия, донишу таҷрибаамонро дареғ надорем. Насли навраси диёр набояд аз ҳамсолони худ дар дигар кишварҳо қафо бошанд. Касе ба забони модарӣ ва дигар арзишҳои миллаташ муҳаббат надошта бошад, ба забони дигар ҳам меҳр баста наметавонад. Аз таҷриба гуфта метавонам, ки зеҳн ва қобилияти азхудкунии нав­расону ҷавонон табиатан қавӣ буда, онҳо метавонанд, ки дар муқоиса бо намояндагони дигар миллатҳо ин ё он забони хориҷиро зудтар аз худ намоянд. Забонҳои тоҷикию русӣ бо ҳам қаробат дошта, дар оилаи забонҳои ҳинду — аврупоӣ дохил мешаванд ва бисёр умумият доранд. Бар замми ин, аз давраҳои хеле дур ин ду миллат ҳамбастагии зиёд доранд. Бо амри тақдир собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда бошад ҳам, муносибатҳоямон боқӣ мондаанд ва теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар кишвари Россия қарор доранд. Бинобар ин, аҳамияти хоса зоҳир намудан ба омӯзиши забони русӣ аз манфиат холӣ нест.

Ба қавли шоир:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Омӯхтани сад забон осон гардад.

Моҳира Ашурова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси МТМУ 49, ноҳияи Фирдавсӣ