Ҷомаи миллиро муаррифӣ мебояд

№9 (3803) 23.01.2018

y2gUza9y_kIМавзӯеро, ки директори Муассисаи давлатии «Таҳсилоти ғоибона барои наврасон ва калонсолон» Мунзима Нуъмонзода зери унвони «Аз либоси миллӣ ифтихор мебояд» («Садои мардум» 13 январи соли равон) баррасӣ кардааст, саривақтӣ ва қобили  дастгирист.

Муаллиф навиштааст, ки сандалӣ, ҷомаи  ғафси серпахта ва гаҳвора дар сатҳи ҷаҳонӣ  чун  кашфиёти мардуми тоҷик  муаррифӣ шаванд. Воқеан, агар дар муаррифии ин ҳунарҳо дер кунем, мисли чавгонбозӣ, ки озариҳо онро бозии миллии худ  муаррифӣ карданд, дигарон маҳсули ҳунари миллати моро ба  номи худ сабт хоҳанд кард. Ҳамин саҳлангорист, ки дар аксар шаҳрҳои Федератсияи Россия  палави тоҷикӣ ҳамчун таоми миллии дигар халқҳо ёд мешавад. Баъзе ашхоси аз таъриху фарҳанги миллӣ дур тоқии чоргули тоҷикиро ба дигар  миллатҳо нисбат дода, дастоварди мардуми моро нодида мегиранд.

Мунзима Нуъмонзода дуруст мегӯяд, ки «Ҷомаи ғафси серпахта низ маҳсули дасти модар ва зани тоҷик аст». Сайёҳ ва географи машҳури араб Абулқосим Муҳаммад ибни Ҳавқал (асри Х) дар асари маъруфи «Китоб- ал масолик вал мамолик» (Китоби роҳҳо ва мамлакатҳо) чунин навиштааст: «Гаронбаҳотарин ҷома (либос) — ҳои пахтагин ва абрешимӣ аз Нишопур ва Марв ба даст меояд… Ҷомаҳои пахтагин маъруф ба «бухорӣ», ки бадоштанд, мавриди таваҷҷуҳи араб аст. Ва низ  фарш (гилем) ва ҷомаи пашмӣ барои рахти хоб, ки бағоят зебост, дар Бухоро ва навоҳии он таҳия мешавад, ба Ироқ ва соири ҷаҳон бурда мешавад».

Афсари рус А. Снесарев соли 1904 дар бораи ҳунармандии тоҷикон чунин гуфта буд: «Ба хислат тоҷикон халқи соҳибистеъдод, боғайрат, кордону уҳдабаро буда, қодиранд шаклҳои мураккаби зиндагӣ ва фарҳанги олиро ташкил намоянд». Мардуми тоҷик аз қадим ба  меҳмони  олиқадри худ ҷома  мепӯшонд. Агар мо ин либоси миллиро дуруст  муаррифӣ карда тавонем, сайёҳони хориҷӣ, ки аз минтақаҳои сард ба кишвар меоянд, ба  он мароқ зоҳир хоҳанд  кард.

Дар сурати зиёд шудани таваҷҷуҳи сайёҳон корхонаҳои  хурди ҷомадӯзӣ таъсис додан мумкин аст, ки дар онҳо садҳо нафар соҳиби  кор мешаванд. Чӣ хеле ки куртаҳои чакану атлас бо рӯймол зебоянд, ҷома низ бо тоқии тоҷикӣ, чӣ тоқии гирду чӣ чоргул зебанда аст. Дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» рӯй овардан ба либосҳои миллӣ аз як тараф, худшиносии мардуми моро баланд кунад, аз тарафи дигар, таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба маҳсулоти  ҳунармандии тоҷикон зиёд менамояд.

 Раҳима МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ №63, шаҳри Душанбе