Омодагӣ ба наврӯз

№35 (3515) 14.03.2016

navruz2016Чанде пеш дар ноҳияи Рашт мардум ба ҳашари умумӣ баромаданд. Дар шаҳраки Ғарм қисме аз кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳрак ба тоза кардани ҷӯйбору растаҳо ва гулгаштҳо машғул шуда, қисме аз даромадгоҳи шаҳрак то баромадгоҳ ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонданд. Дар биноҳои истиқоматии кӯчаҳои марказӣ ва ташкилоту муассисаҳо рангубори хона ва биноҳои маъмурӣ оғоз гардид.

Тавре зимни суҳбат бо раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода маълум шуд, тибқи нақшаи чорабиниҳо ба таҷлили ҷашни Наврӯзи Аҷам ҳанӯз аз даҳаи дуюми моҳи феврал омодагиҳо оғоз гардидааст. Сокинони ноҳия ҳар сол тибқи анъанаҳои пеш аз наврӯзӣ корро аз тоза кардани кӯчаву гулгаштҳо, хонаву ҳавлӣ оғоз менамоянд. Хонаҳоро таъмиру тармим ва тоза мекунанд. Эҳёи табиатро бо хурсандӣ ва ободкорӣ пешвоз мегиранд.

- Наврӯзи имсола барои аҳолии кишвар арзиши хоса дорад, — гуфт Қаноатшоҳ Лоиқзода. — Имсол сокинони кишварамон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакатамонро низ ҷашн мегиранд. Ба ин хотир, сокинони ноҳияи Рашт мақсад доранд, ки ба ин ҷашни барои миллат муқаддас аз аввали сол омодагӣ бигиранд. Бузургони мо гуфтаанд: «ҳар касе, ки Наврӯзро бо хурсандӣ ва дастовардҳои бузург пешвоз мегирад, тамоми сол хушбахтию саодатмандӣ, серию пурӣ насибаш мегардад». Мо боварӣ дорем, ки сокинони ноҳия 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»