Ба ифтихори 150 - солагии Нақибхон Туғрал

Осори пурғановати ӯ баррасӣ шуд

№136 (3437) 15.10.2015

IMG_9225

«Нақибхон Туғрал дар умри кӯтоҳи худ бо ашъори нотакрор ва саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан тавонист дар таърихи адабиёти тоҷик саҳифаҳои дурахшоне сабт намояд. Эҷодиёти оламшумули Туғрал барои тамоми насли имрӯза бояд намунаи ибрат бошад».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, 30 октябри соли 2012)

Чанде пеш бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар бинои Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида  ба 150 — солагии шоири шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрал ҳамоиши илмӣ зери унвони «Нақибхон Туғрал ва муҳити илмиву адабии нимаи дувуми асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист» баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов ҳамоиши мазкурро ҳусни оғоз бахшида, гуфт, ки шоистаи ифтихори мову шумост, ки дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти мақоми барҷастаи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҳамчун суханвар ва шоири номдори асри хеш ва саҳми арзандаи вай дар пешрафти адабиёти тоҷик пешниҳод намуданд, ки ҷашни 150 — солагии шоир дар саросари кишвар ботантана таҷлил гардад.

Аҳли Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади истиқболи ботантана аз иқдоми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҷлили 150 -солагии Нақибхон Туғрал тадбирҳои мушаххас меандешанд ва «Девон»-и шоир бо дастгирии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар арафаи ҷашн бо ду хат — форсӣ ва кириллӣ чоп мешавад. Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуҷамол Ҳасанов, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралии Нурзод ва Саидбурҳон Икромов (набераи Туғрал) оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Нақибхон Туғрал маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Баъд аз анҷоми ҷаласаи ифтитоҳӣ дар толори бинои раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаҳои илмӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он беш аз 20 маърӯзаи илмӣ қироат гардид.

Ромиз Абдуллоев — устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни маърӯза дар мавзӯи «Баррасии баъзе вижагиҳои ашъори Нақибхон Туғрал» бобати таъсири Бедили Деҳлавӣ ба ашъори Туғрал ва алоқамандии шоир ба сабки ҳиндӣ ва мактаби Бедил ибрози назар намуд

Мудири кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Нуралии Нурзод дар мавзӯи «Бозтоби гулу гиёҳ ва олами наботот дар девони Туғрал» маърӯзаи пурмазмуни илмӣ намуда, тасвири табиат ва корбурди аносири онро дар ашъори Туғрали Аҳрорӣ бо мисолҳо тавзеҳ дод.

Зикр гардид, ки ашъори дилошӯби Нақибхон Туғрал саршори мазмунҳои баланд ва маонии тозаву ҷаззоб буда, идомаи анъанаҳои беҳтарин шуарои адабиёти классикии тоҷику форс чун Саъдию Ҳофиз, Мавлавӣ ва Мирзо Бедил ба ҳисоб меравад. Ашъори шоир доманаи фарох дошта, дар он мавзӯъҳои гуногуни фалсафиву ирфонӣ, ишқиву ахлоқӣ мақоми меҳварӣ доранд, ки баҳри тарбияи аҳли ҷомеа дар роҳи садоқату мардонагӣ, шинохти роҳи дуруст, устувориву иродаи матин доштан саҳмгузор аст.

А. Салимзода,«Садои мардум»