«Овози тоҷик» 65-сола шуд

№124 (3270) 24.10.2014

Аз замони таъсисёбии радиои бурунмарзии Тоҷикистон, ки имрӯз номи «Овози тоҷик»-ро гирифтааст, шасту панҷ сол сипарӣ гардид.

Шабакаи бурунмарзии радиои Тоҷикистон 16 октябри соли 1949 бо кумаку дастгирии Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, то имрӯз ба шунавандагони дохилӣ ва бурунмарзии худ гузоришу барномаҳо таҳия ва пахш мекунад.

Пахши барномаҳо барои шунавандагони бурунмарзӣ воқеаи таърихӣ буд. Дар он солҳо Тоҷикистон аввалин бор миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ соҳиби радиои бурунмарзӣ гардида, ба шунавандагони худ хабару гузоришҳоро аз дохили мамлакат мерасонид.

Ҳаҷми гуфторҳои барномаҳои радиои бурунмарзии Тоҷикистон бо мурури замон рушд намуда, дар як рӯз то ба чор соат расид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба ин бахш сол то сол бештар гардида, масъулияти кормандон низ дучанд мегашт. Сабаби дигари пешравӣ дар афзоиши ҳаҷми барномаву гуфторҳо бо шеваи форсӣ буд.

Тӯли солҳои гуногун дар идораи барномаҳои радиои мазкур рӯзноманигорон, тарҷумонҳо ва донишмандону олимони зиёд кору фаъолият намуда, дар рушди он саҳми муассир гузоштаанд.

Самти фаъолият ва низоми кори кормандони идораи радио дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле тағйир ёфта, аз якуми июни соли 2007 дар заминаи идораи барномаҳои бурунмарзӣ шабакаи радиои «Овози тоҷик» таъсис ёфт. Мақсади асосии барномаҳо дар ин қисмат муаррифии фарҳангу таърих ва маданияти мардуми тоҷик ба ҷаҳониён аст.

Имрӯзҳо шабака бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, фаъолияти шабонарӯзӣ дорад. Ин бозгӯйи он аст, ки шабакаи радиои «Овози тоҷик» тӯли 24 соат бо ҳашт забон -тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, дарӣ, ӯзбекӣ, ҳиндӣ ва арабию англисӣ барномаҳоро таҳия ва пахш мекунад. Дар бахши тоҷикӣ ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон дар ҳар соат бо ҳашт забон омода ва пешкаши шунавандагон мегардад.

Саҳми шабакаи Радиои «Овози тоҷик» дар густариш ва таҳким бахшидани робита бо ҳамзабонони бурунмарзӣ хеле назаррас мебошад, зеро ин шабакаро дар кишварҳои зиёди дунё гӯш намуда, номаҳои сипос ирсол менамоянд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»