Ояд насими лутфе аз сӯи дӯст моро

№58 (4008) 23.05.2019

Адабиёти классикии тоҷик дунёи бекарони маъниву ҳикмат, донишу хирад ва ирфону шоҳкорист. Аз ин рӯ, гоҳо пажӯҳишгарону дӯстдорони адабиёт дар сари маънии байте, ғазале, ҳикояте, ҳикмате… баҳс ороста мегардонанд. Ин гуна баҳсҳо аслан дар атрофи ашъори Хоҷа Ҳофиз ва Бедил ба вуҷуд меоянд. Чандест, ки шоҳиди баҳсҳои тунди дӯстон дар атрофи байти зерини Хоҷаи Шероз мешавам:

Киштишикастагонем, эй боди шурта, бархез,

Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.

Баҳсҳо аслан сари вожаҳои «киштишикастагонем» ва «киштинишастагонем» сурат мегиранд. Гурӯҳе мегӯянд, «киштишикаста» дуруст аст, дигарон ба ин боваранд, ки «киштинишаста» бори маъниро хубтару беҳтар мекашад.

Дар зер мехоҳам назареро аз китоби «Қавоид-ул-урафо ва одоб-уш-шуаро»-и Низомиддини Қандаҳорӣ биёварам, ки дар тафсири ин байт ҷолиб ба назар мерасад ва барои онҳое, ки толиби маънии байти зикршуда ҳастанд, ёрӣ мерасонад. Дар бораи маънии киштӣ дар китоб омада: «Киштӣ вуҷуди ҳайкали инсонро гӯянд». Сипас, вобаста ба байт ин суол матраҳ мешавад: «Баъзе дар ивази «шикастагонем» «нишастагонем» мехонанд, қавли киёни ақрибанд (яъне сухани чӣ касоне саҳеҳтар аст)?..

Ҷавоб: Дар ин боб ҳазрати Абдураҳмони Ҷомӣ аз рӯҳи пурфутӯҳи ҳазрати Саноӣ суол намуда ва муазамилайҳ ҷавоб дода ба ин ваҷҳ, бишнав ба гӯши ҳуш.

Суол:

Пайки сабо ба як раҳ бар шаҳри ӯ гузар кун,

Бар ҳазрати Саноӣ аз ман расон дуоро…

Баъзе шикаста хонанд, баъзе нишаста донанд,

Ҳар кас кунад ҳадисе ин қавли муддаоро.

Ҷавоб:

Ояд насими лутфе аз сӯи дӯст моро,

В-аз гулшани ҳақиқат гулгул шукуфт моро.

Дар байти Хоҷа Ҳофиз тафтиш карда буданд,

Киштишикастаҳоро, киштинишастаҳоро.

Киштинишаста хондан аз лавҳи назм дур аст,

Ҳарчанд ҳаст маънӣ филҷумла ин адоро.

Киштишикаста ҷисм аст аз рӯҳ дур монда,

В-аз нафхи сур ҷӯяд омезиши саборо.

Ҷое, ки Хоҷа Ҳофиз таҳқиқ карда бошад,

Маънӣ қарор додан ҳад нест, ин гадоро.

Аз тақрири ҳазрати Мавлоно мафҳум гардид, ки киштишикаста сурат аст, ки боди мухолиф нахфаи мамоти ӯро хароб гардонида ва хоҳиш менамояд, Худовандо, боди мувофиқ, ки нафхаи ҳаёт аст, барангезон то зинда шуда, ба висоли ҳазрати карими ту фоиз гардем…».

Вале ин нукта низ мусаллам аст, ки ба назари Ҳофиз дунё мисли як уқёнус аст ва вуҷуди одамиён шабеҳи киштиест, ки нохудои он рӯҳи мост. Рӯҳ ин мусофирест, ки интизори ҳамон боди «ҷодуӣ» нишастааст, то бивазаду киштиашро, яъне, ҷисми моро, ба самти ҳазрати Ишқ бибирад то ба висол бирасад.

Ҳофиз дар ғазалиёташ киштиро ба ҷисми одамӣ низ шабоҳат додааст:

Биёву киштии мо дар шати шароб андоз,

Хурӯшу валвала дар ҷони шайху шоб андоз.

                                 ***

Агар на ақл ба мастӣ фурӯ кашад лангар,

Чӣ гуна киштӣ аз ин вартаи бало бибарад.

ВОРИС, «Садои мардум»