Озарахш: «Худованд дард диҳад, дармон ҳам медиҳад»

№59 (4165) 16.05.2020

озарҲама иттилоъ доранд, ки шоирони халқии Тоҷикистон, ҳамсарон Фарзона ва Озарахш чанд муддат дар беморхонаи минтақавии №3-и ноҳияи ба номи Б. Ғафуров бистарӣ буданд. Сомонаи МИМҲД вилояти Суғд мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Сурайё Ҳакимоваро нашр кард, ки бино ба навиштаи муаллиф: «Фарзона аз беморхона ҷавоб шудаву Озарахшро ҳам иҷозати ба хона рафтан медиҳанд».

«Худованд дард медиҳад ва дармон ҳам, шукри беадад, имрӯз хуб ҳастем. Фарзона ба хона рафтанд ва ман ҳам бояд ба наздикӣ мураххас шавам. Табобатро як муддат дар хона идома медиҳам, — гуфтааст Озарахш.

Ӯ аз табибон миннатдор буда, онҳоро қаҳрамони замон ҳисобидааст. -Табибон дар ин рӯзҳо қаҳрамон ҳастанд, қаҳрамони замон! Шабу рӯз дар сари болини мо буданд ва талошҳояшон барои ҷони беморон сутуданист!, — гуфтааст ӯ.

Шукри Худо, адиби шинохта баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ аз бемористон ҷавоб шуда, алҳол дар хона ба эҷоди шеър ва китобхонӣ машғул аст.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»