Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

«Пайкори мӯрон»-и ҳаҷвсарою зарофатгӯ

№56 (4006) 18.05.2019

Пайроҳаи муронҲаҷвсароӣ дар адабиёт таърихи қадима дорад. Осори бузургтарин сухансароёне чун Рӯдакӣ, Манучеҳрӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Убайди Зоконӣ… аз ҳаҷве, ришханде, танзе, истеҳзое холӣ нест. Он бузургон, агар гоҳе сухани дилро ошкоро гуфта наметавонистанд, дар қолабҳои зикршуда иброз медоштанд ва аз ҳаҷв ҳадафмандона истифода мебурданд.

 

Дар адабиёти муосири тоҷик ҳаҷвсароӣ бо шеваҳои тозаву нав  арзи ҳастӣ намудааст ва нависандагоне хос чун адибони ҳаҷвсаро шинохта мешаванд. Дар миёни онҳо Абдурауф Муродӣ чун нависандаи муваффақ кору эҷод мекунад. Китоби ӯ «Пайкори мӯрон», ки нашриёти «Ирфон» чоп намудааст, далели истеъдоди баланди ҳаҷвсароии Муродист.

«Пайкори мӯрон» аз ҳаҷврезаҳое иборат аст, ки диққати хонандаро зуд ба худ ҷалб месозанд. Он мисли оинаи тамомнамоест, ки достони зиндагии моро фаро мегирад. Мо дар ин оина худро, кору рафторамонро, хубу зишти зиндагиамонро мебинем ва ба худ механдем. Аммо чӣ хандае, ки дар пушти он гиряҳое пинҳон аст.

Абдурауф Муродӣ зиндагиро, одамонро, хислату амали онҳоро ба мушоҳида мегирад ва ҳамин мушоҳидаҳояшро дар шакли ҳаҷве, танзе, ришханде баён месозад. Содагӣ, чоплусиву косалесӣ, ёру ошнобозӣ, бадандешӣ, хушомадгӯйӣ, хасисӣ, фиребгарӣ, фасодзадагӣ барин хислатҳоро бо шевае хосу нишонрас ҳаҷв мекунад. Ҳақиқати зиндагӣ, хислат ва амали моро ба худамон нишон медиҳад. Фақат каме бояд биандешем, то ба воқеият пай бибарем.

Вақте ҳаҷв дардолуд мешавад, ба заҳрханд мубаддал мегардад. Афсӯсу надоматро ба бор меорад. Камбуду нуқсонҳои ҷомеа боис мегарданд, ки ҳаҷвнигор ин дардҳоро дар ҷони худ ҳис кунад ва бо лабханде заҳрогин онро иброз дорад. Танзрезаҳои зерин муште аз хирворанд: «Ба бешарафе нишони «Шараф» доданд. Шарафманд нашуд», «Хоҳиши девонае аз духтури дандон: — Дандони ақламро канед!», «Қассоб, гурез, ки ҷарроҳ омад!», «Зане ба сари нозири андоз дод зад: — Чӣ ин қадар андоз, андоз мегӯӣ, шарм намедорӣ?»…

Нависанда кӯшидааст дар пасманзари ҳаҷврезаҳояш фазои ҳушдордиҳандае бисозад. Фазое, ки дар он инсонҳо на сиёҳанду на сафед, балки бо рангҳои бештаре худро оро додаанд ва он рангҳо ҳар лаҳза тобише дигар мегиранд. Ин боис мегардад, ки чеҳраи асосии одамон дар пушти он рангҳо пинҳон шавад ва рисолати инсониашон аз он бикоҳад. Ана ҳамин ҳолатҳоро нависанда мебинад ва мекӯшад чодари он рангҳои дурӯғинро бикашад ва мухотабашро аз ранҷ озод кунад.

Вай бо хӯю хислатҳои сараву носараи инсонӣ тарзе бархӯрд мекунад, ки ҳақиқат ошкор мешавад. Ҳамчунин, хислатҳоеро ташхис медиҳад, ки мисли ангалҳо ба вуҷуди одамон роҳ ёфтаву хуни онҳоро мемаканд ва боиси нороҳатиҳо мегарданд. Нависанда бо танзу заҳрханд ҳарф мезанад: «Косаи сабри ашхоси бадҷаҳл лабрез намешавад, мешиканад» ва ё «Қорӣ – ишкамба ба танӯр рашк мебурд: шикамаш ҳамеша пурнон аст». Эҳсоси ҳирс ва ҷаҳл ҳар ду хатарноканд. Онҳо боиси бадбахтӣ мегарданд ва ҳеҷ гоҳ ба шахси ҷоҳилу ҳарис манфиат намеоранд. Ин ду нуктаро нависанда бо танз баён мекунад. Чунин нукот дар китоб зиёд вомехӯрад, ки мақолгуна ба назар мерасанд. Аз ин рӯ як қисмати резатанзҳои адиб дорои ҳикмат буда, хонандаро ба андеша водор месозад. Масалан: «Сиёҳии дили иғвогар, ҳатто дегро ба ҳайрат овард», «Сухани марди тамаъхоҳ ҳомила аст», «Оташи ҷаҳли шавҳар «хати никоҳ»-ро сӯхт», «Мурдаи хасис ҳар куҷо ки хок шавад, он хок ҳосил намедиҳад».

Чунонки аз намунаҳои боло маълум мегардад, резатанзҳои ҳикматомез мазмуну муҳтавои асари Абдурауф Муродиро пурқувват карда, ба он ҷон мебахшанд. Чунин услуби баёни андеша дар ҳаҷвсароӣ таърихи куҳан дорад. Хусусан, Убайди Зоконӣ аз ин шева дар «Рисолаи дилкушо» ва «Сад панд» ба хубӣ истифода бурдааст. Ба ин намунаҳои баёни танзомез аз рисолаи «Сад панд» таваҷҷуҳ кунед: «Дар доми занон наяфтед, хоса бевагони куррадор», «Ҷавонӣ беҳ аз пирӣ, сиҳат беҳ аз беморӣ, тавонгарӣ беҳ аз дарвешӣ, ғарӣ беҳ аз қалтабонӣ, мастӣ беҳ аз махмурӣ, ҳушёрӣ беҳ аз девонагӣ донед», «Ростиву инсофу мусулмонӣ аз бозориён маталабед».

Абдурауф Муродӣ ҳам идомадиҳандаи ҳамон ҳаҷви ҷовидонаест, ки ниёкон оғоз карда буданд, аммо бо дидгоҳе мудерну замонавӣ. Ҳаҷве, ки бо ахлоқ иртиботи ногусастанӣ дорад ва ҷониби манфии одоби одамонро маҳак қарор медиҳад. Ҳаҷве, ки бо шеваи хос дарси худсозиро меомӯзад.

Аз чашми нависандаи мушоҳидакор ягон гӯшаи зиндагӣ, рафтору гуфтор, хислату муносибати одамон дур намемонад. Хоса муносибати занону мардон, ки аз дер боз мавриди таваҷҷуҳи шоирону нависандагон будааст. Абдурауф Муродӣ хислату характер, хоҳишҳову ниёзҳо, афкору андешаи занону мардонро ба риштаи танз мекашад: «Зиндагӣ ҳамин аст: мард поймол мекунад, зан-дарзмол», «Аз таманниёти зане: Ҳушам парешон шавад ҳам, мӯям парешон нашавад», «Занон нуқтаро дӯст надоранд, онҳо дилбохтаи вергуланд», «Эълон: Ниҳоят, дафтарчаи ақди никоҳамро гум кардам. Касе ёбаду ба ман баргардонданӣ шавад, ҷазо мегирад», «Бо як гул баҳор намешавад» — гуфта, ду зан гирифт».

Дар ҳаҷвсароӣ муваффақ шудан кори саҳл нест. Ин кор аз нависанда истеъдод ва маҳорати баланд мехоҳад. Ҳар кас наметавонад нуқсонеро, камбудеро, одатеро ва ҳатто дардеро бубинаду онро бо ханда ё танзи зарифе баён созад. Абдурауф Муродӣ маҳз дар баёни танзи бозарофат муваффақ аст. Вақте ӯ нукоти зариферо баён месозад, танзаш тобишҳои гуногунеро фаро мегирад. Дар пеши назар дардҳо, боварҳои ноҷо, сабукфикриҳо, мансабталошиҳо, помол намудани ҳуқуқи инсонҳо ва ҳазору як мушкилоти дигари зиндагӣ ҷилвагар мешавад. Нукоти зарифи зерин баёнгари андешаҳои зикршудаанд: «Олиме пашшаеро, ки ташвиш медод, зада кушт ва боифтихор гуфт: Ана, оқибати бо бузургон бозӣ кардан!», «Ба сари олими географ занаш дод зад: — Аз сад глобуси ту як тарбуз беҳ», «Светофорро ба маҳкама кашиданд. Гуноҳаш: ҳангоми аз роҳ гузаштани мошини мансабкалоне сурх шудааст»…

Абдурауф Муродӣ бо сабку шеваи хос ҳаҷвсароӣ мекунад. Вай аз пургӯйӣ, муғлақбаёнӣ, истифодаи ҷумлаҳои дарозу дилбазан дурӣ меҷӯяд. Ана, дар ҳамин баёни муъҷаз ҳаҷви бонамаке, танзи бозарофатеро пешкаши хонанда месозад.

«Пайкори мӯрон», воқеан ҳам, асари пурарзишест, дар риштаи ҳаҷвсароии адабиёти муосири тоҷик. Аз ин рӯ, пешниҳод шудани он барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шоистаи дастгирист.

ВОРИС, «Садои мардум»