Пайванди Меҳргон бо Наврӯз ногусастанист

№120 (3757) 10.10.2017

1020875434Ин ду ҷашни қадимаи мардуми ориёитабор дар мазмуну мантиқ, аз азал то ба абад пайванданд. Шоир Исфандиёр, ки номи рисолаашро «Ду ҷашни бузурги миллӣ» номидааст, чунин менигорад:

Ниёгони мо садҳо сол қабл аз дини мубини ислом муътақиди оини Меҳр — Митро буданд ва ғайр аз ҷашну маросими зиёди дигар асосан ду ҷашни бузурги табиатро доштанд, ки яке Наврӯз ва дигаре Меҳргон буд.

Наврӯзшиноси эронӣ Ризо Шаъбонӣ низ бар чунин ақидааст.

Аллома Абӯрайҳони Берунӣ дар ин бобат чунин менигорад:

Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст (яъне рӯзҳое, ки аз паси рӯзи шонздаҳуми Меҳрмоҳ меоянд-Ҳ. М.), ҳама ҷашнанд бар кирдори он — чӣ аз паси Наврӯз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш.

Мувофиқи маълумоти фолклоршинос Рӯзӣ Аҳмад, зардуштиёни Язду Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳоло ҳам Меҳргонро шаш рӯз ҷашн мегиранд.

Мусиқиҳои зиёди наврӯзӣ ва меҳргонӣ ҳастанд, амсоли «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Кайқубод», «Наврӯзи хурдак», «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак».

Тибқи маълумоти номбурда, Низомии Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» сӣ лаҳни мусиқии мардуми эронитаборро, ки Борбад ба муносибати ин ҷашн эҷод кардааст, меоварад, ки «Ганҷи бодовар», «Сабз дар сабз», «Сарви сиҳӣ», «Ромиши ҷон», «Фаррухрӯз», «Кини Сиёвуш» аз ҷумлаи онҳоянд.

Агар дар Наврӯз замин пероҳани сабз ва гулҳои садрангро ба бар кунад, дар Меҳргон куртаи офтобранг мепӯшад ва меваҳои садранги боғ амсоли зангӯлаҳои тиллоӣ онро зебу оро медиҳанд. Ҳамрангии офтоб ва ҳосили замин аҷаб таносубу аҷаб муъҷизаеро бунёд мекунад.

Агар назми ҷаҳонгири халқамонро варақ занем, ҳазорон саҳифа дар васфи Меҳргон навишта шудаанд, ки мо дар ин бора дар матлабҳои оянда сухан хоҳем гуфт.

Ҳасани Муҳаммадӣ,

номзади илмҳои филология