Пайваст фалаксарое бо шаҳри фалак

№128 (3765) 31.10.2017

10-13-2017-11-35-09-AM-8290764Ӯро мардуми кишвар бо номҳои Ҳабибуллоҳи Бегмуҳаммад ва Гурги Бег мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Номбурда фаъолияти ҳунариро аз давраи мактабхонӣ дар маъракаҳои мардумӣ оғоз бахшида, то ба дараҷаи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон расид. Ҳарчанд унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро надош­т, аммо мардумитарин овозхону мутриб ва оҳангсоз маҳсуб меёфт. Вуҷуди ӯ, суруди ӯ, ҳама буду набуди ӯ мардумӣ буд. Маҳз ҳамин пайванд бо халқ ӯро то ба саҳнаҳои баланд ва авҷи шуҳрат расонд.

Ҳар эҷодкор орзуи маҳбуби ҳама шуданро дар дил мепарварад. Кӯшиш мекунад, ки маҳсули эҷодаш мақбули хонанда ё  шунаванда бошад. Вале хостан дигар асту муваффақ шудан дигар. Ҳумои бахт сари ҳар дӯше намешинад. Фатҳи қулла ҳам ба осонӣ даст намедиҳад. Барои ин истеъдоди фитрӣ, шавқу ҳавас, омӯзишу талош ва сабру таҳаммул доштан лозим аст.

Як идда пой ба арсаи эҷод гузош­та, дар фикри шуҳрату сарват мегарданд, кибр меварзанду аз мардум канораҷӯӣ мекунанд. Ҳатто соҳиби давлату сарват, унвонҳои баланд шудани ин тоифа боиси обрӯ ва такомули эҷоду шуҳрат намегардад. Дар гузаштаи наздик ҳам буданд, ҳофизони унвондор, ки ба боди фаромӯшӣ рафтанд. Дар замони зинда будан ҳам ба ҷуз наздикон касе онҳоро намешинохт. Ҳамчунин, буданд, ҳунарпешаҳое чун Барот Яхшӣ, Маҳкам Зубайдуллоев, ки бо вуҷуди ҳунари воло унвоне надоштанд, вале аз бархе унвондорҳо маъруфу маҳбубтар буданду ҳастанд. Ҳунарпешаи мардумӣ бояд аз доираи маҳал берун биравад. Суруду оҳангҳое пешкаш карда тавонад, ки дар ҳама кунҷу канор аз ӯ истиқбол намоянд.

Қолабшиканию  қолабшиканонро дӯст медорам, он гунае, ки ҳақгӯёни боҷасоратро. Бинобар ин, ҳамин усулро дар навиштани марсияву сӯгнома хуш дорам. Шояд бас бошад умре заифона нолидан. Ислом низ дар маросими мотам фарёду нолаҳои ҷонкоҳ, рӯканию мӯканиро кори дуруст намешуморад. Бинобар ин, ба қадри азизон, бузургону истеъдодҳо бояд бирасем. Баъди реҳлат ҳайкалашонро насозем, аммо дар зиндагӣ ранҷу озорро раво набинем. Бадию бахилӣ накунем, ки хеле ҳассосанд ва ноҳурматиро ба дил наздик қабул мекунанд. То дер ба худ намеоянд аз қадрношиносӣ. Онҳо аслан дар фикри худ нестанд. Муҳаббату ифтихори баланди ватандорӣ ва дили поку беғараз доранд. Хоксоранд, шуҳрату савлатро дӯст намедоранд.

Вақте ҳунарпешаи асил мисли як шохаи сабзи дарахт мешиканад, дил ба тазйиқ меояд. Хоса, дар замоне ки баъзе ҳунармандони ҷавон, чӣ мехонанду чӣ мегӯянд ҳатто худашон намедонанд. Ана, барои чӣ бояд ғам хӯрд? Ана, барои чӣ дар азои ҳофизоне чун Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Муқаддас Набиева, Дӯстмурод Алиев, Душанбе Паллаев, Ҳабибуллоҳи Бегмуҳаммад бояд гирист. Ҳарчанд гузаштагон ниёз ба ашки мо надоранду вопасин орзуяшон зинда нигоҳ доштани заҳматҳои бесобиқаашон ба хотири обрӯи миллату сарзамин аст. Онҳо қарзи инсонии худро адо карда рафтанд.

Устодони аввалини фалаксарои мумтоз Ҳабибуллоҳи Бегмуҳаммад инсонҳои хокию меҳнатии зодгоҳаш  — деҳаи Хӯҷаи Нури водии Кангурт буданд, ки байту сурудаҳои халқӣ, ғазалҳои шоиронро аз забони мардум шунидаю аз ёд карда, ба Ҳабибулло барин ҷавонони ошиқи суруду мусиқӣ ба мерос мегузоштанд. Пасон, ҳунари овозхонию навозандагии ӯ дар ҳайати дастаи ҳаваскорони санъати мактаби деҳа, солҳои таҳсил дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва  санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, иштирок дар озмуну чорабиниҳо рушд кард. Мухлисони аввалинро дар тӯю сури мардумӣ пайдо намуд. Бурди ӯ боз дар он буд, ки дар пайравӣ ба пешгузаштагоне чун ҳофизони халқӣ Карими Шуш, Одина Ҳошим ҷиддан ба омӯзиши эҷодиёти халқ ва ашъори классикони тоҷику форс машғул гардид ва дар баробари санъаткорӣ сухансанҷию маънишиносиро касб кард. Дар интихоби матн, дарёфти маъниҳои ноб моҳир гашт. Ҳамин ҷиҳатҳо ӯро барои кор ба Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба ансамбли «Дарё» овард. Ҳабибуллоҳ думбра сари даст бо сурудани ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Сайидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣ, дилҳоро ба хурӯш меовард, ки бешак дар хотирҳо боқӣ хоҳад монд.

Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:

Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем,

Боз ҳамон ҷо равем, ҷумла, ки он шаҳри мост.

 Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»