Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Панҷ ангушти туро пур зи ҳунар мебинам

№33 (3179) 04.04.2014

АспармоњАспармоҳ аз хурдсолӣ духтараки беқарор  ва кунҷков буд. Падару модар ва модаркалонашро бо суолҳои кӯдаконааш ором намегузошт. Вале чун дар дасти модар ё бибияш ҷӯроби навбофтаистода ё тоқии навдӯхтаро медид, дарҳол ҳисси кунҷковияш боло мерафт. Модар бо сих риштаҳои рангорангро бо ҳам чинда, гул, нишона ва рамзи зебоиро дар ҷӯроби навбофтааш  таҷассум мекард.

Бибияш бошад, пашми маҳини гӯсфандро оромона ғоз карда, пас ба ришта табдил медод. Баъди чанд муддат дар саҳни ҳавлӣ риштаҳои рангоранг алвонҷ хӯрда, тадриҷан хушк мешуданд. Ҳамаи ин зебоиҳо дар дили Аспармоҳи кӯчак ҷо гирифта, меҳрашро ба касби аҷдодӣ зиёд мекард. Модари бофаҳму фарзонааш таъкид ба таъкид мегуфт:

Ҳунар омӯз, ки зар чизе нест,

Симу зар пеши ҳунар  чизе нест.

Орзуҳои наврасии рустодухтар хеле зиёд буд. Дар пеш -таҳсил, хатми мактаби олӣ, бунёди оила, кор дар соҳаҳои маориф, комсомол, сохторҳои давлатӣ. Аспармоҳ Мавлоназарова баъди хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе  ба номи Т.Г. Шевченко дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 67 ва 11-уми ноҳияи Шуғнон се сол муаллима буд. Қобилияти ташкилотчигияшро ба назар гирифта, ӯро соли 1980 ба кори комсомол ҷалб намуданд. Баъдҳо мудири шуъбаи кадрҳо дар трести «Помирсохтмон», нозири бахши дуюми шуъбаи кадрҳо ва раиси кумитаи кор бо занон ва ҷавондухтарони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев буд. Ӯ дар кадом мансабе, ки кор кард, ҳеҷ гоҳ аз ҳунарҳои халқӣ,  ба монанди ҷӯроббофӣ, тоқидӯзӣ, риштаресӣ, куртадӯзӣ ва амсоли инҳо дур набуд. Ҳангоми сафар ба навоҳии вилоят бо занҳои ҳунарманди Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз вохӯрда, аз ҳар кадом чизе меомӯхт.

Дар ин байн Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд. Камчинии молҳои рӯзгор сол то сол зиёд гардида, мардумро маҷбур сохт, ки рӯ ба ҳунарҳои халқӣ оранд. Аз ҷумла Аспармоҳро низ.

Дар оғоз ӯ дар доираи хонаводагӣ ҷӯробҳои рангоранг, куртаҳои зебои занона ва тоқии помирӣ бофтаву дӯхта тайёр мекард. Талабгорони маҳсули дастонаш рӯз то рӯз зиёд шуданд, аммо талаботи эшонро қонеъ кардан аз имкон берун буд. Мебоист занону духтарони ҳунармандро гирд оварда, корхонаи хурде созмон дод. Дар чунин як нияти неке қарор дошт, ки духтари ҷавону донишмандаш — Назира соли 2002 дар синни 22- солагӣ ногаҳон вафот кард. Назира аспирантураро хатм намуда, нияти ҳимояи рисолаи номзадӣ дошт, аммо умр вафо накард. Баъди вафоти ҷигарбандаш апаи Аспармоҳ дер ба худ наомад. Қариб, ки гӯшанишиниро ихтиёр кунад. Аз муносибат  бо дӯстону ҳамсоягон  дурӣ меҷуст, вале рӯҳи поки Назира модари ғамгусорро ба зиндагӣ дилгарм намуд.

Боре модар ҷиҳоздони духтари ғӯрамаргро  боз намуд ва ресмону риштаҳои рангоранг, бофтаҳои нотамомашро дида, хеле ашк рехт. Гӯиё дар ин лаҳза аз ғайб садо омад:

- Модар, сабур бош! Бо ашкрезӣ ғами хешро кам нахоҳӣ кард ва рӯҳи духтаратро низ шод карда наметавонӣ. Ҳиммате карда, дӯхтаву бофтаҳои нотамоми Назираро ба анҷом расон…

Апаи Аспармоҳ риштаву бофтаҳои ба охир нарасондаи духтарашро  ба чашму рухсори ашколудаш молида, аз дил гузаронид:

- Ман бояд кори нотамоми ҷигарбандамро давом диҳам.

Ҳамин тавр, соли 2003 ташкилоти ҷамъиятии «Назира» арзи ҳастӣ намуд. Ҳадаф аз таъсиси ин ташкилот эҳёи  ҳунарҳои нафисаи мардумӣ, ба кор ҷалб кардани занҳои хонашин ва ниҳоят, ному кори духтари ҷавонмаргаш Назираро зинда нигоҳ доштан  буд. То ташкили кор Аспармоҳ Мавлоназарова бо маҳсули дастонаш, аз қабили ҷӯробҳо, тоқиҳо, рӯймолҳову куртаҳои қадимаи дӯхтааш дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби диплом ва ҷоизаҳои хотиравӣ  гардидааст.

Бори нахуст ӯ соли 2001 дар Озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои халқӣ дар шаҳри Душанбе иштирок карда, либоси миллии арӯсу домодро ба ҳозирин пешкаш намуд. Либосҳои дӯхтааш сода, бе пардозу карру фар буданд, аммо бо вуҷуди ин зебоии диёри кӯҳистонро дар худ таҷассум мекарданд. Дар озмун дастранҷҳояш сазовори ҷойи дуюм гардид. Минбаъд Аспармоҳ  ба кори ташкилоташ ҷиддитар машғул шуд.

Бо дастгирии роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Назира» Аспармоҳ Мавлоназарова 60 нафар занони хонашинро ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифт. Дар муддати кӯтоҳ онҳо соҳиби касби дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ, бофандагӣ, муҳрасозӣ, риштаресӣ, гулдӯзӣ, шерозабофӣ, рӯймолбофӣ ва ғайра шуданд. Ҳоло бештари занҳо ба кори мустақилона шурӯъ намуда, ҳам буҷети оилавияшонро ғанӣ месозанду ҳам шуғли дӯстдошта доранд. Ташкилоти ҷамъиятии «Назира» тасмим гирифт, ки бофтани ҷӯробҳои  қадимаи фаромӯшшудаи помириро аз нав эҳё намояд. Ба Аспармоҳ лозим омад, ки бо занҳои солхӯрда вохӯрад ва осорхонаҳои шаҳру навоҳии  вилоятро аз назар гузаронад, сандуқҳои бобоиро боз намуда, намунаҳои ҷӯробҳои нодирро пайдо кунад. Ҳамин тариқ, 40 номгӯй ҷӯробҳои помирӣ ба монанди «Моҳу ситора», «Тӯтӣ ва майна», «Чархак», «Алов», «Партовус», «Кулӯхак», «Чангак», «Каждумак», «Ишқи печон», «Тиру камон»,  «Нохуни паланг», «Гули лола», «Пойи гунҷишкак», «Қолингулак», «Пайи гург» ва ғайра ба коллексияи ташкилоти ҷамъиятии «Назира» гирд омад. Минбаъд, маҳсули дастони ӯ ва бонувони ташкилоташро дар 14 давлати хориҷи кишвар ба намоиш гузоштанд. Харидорону талабгорон аз ин номгӯй чун армуғон ҳамроҳашон ба ИМА, Канада, Япония, Дания, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бурдаанд.

Сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Назира» бо сохторҳои давлатӣ, ташкилоти «Панҷаи ҳунар»-и Хазинаи Оғохон ва «Де Памири»  ҳамкории зичро ба роҳ монда, бо дастгирии онҳо ба бонувони ҳунарманди хонашин семинарҳои омӯзишӣ гузаронид.

Аспармоҳ Мавлоназарова талаботи  занҳоро ба кор омӯхта, дар деҳаҳои Шоёни ноҳияи Роштқалъа, Сучони ноҳияи Шуғнон ва Дерзуди ноҳияи Рӯшон курсҳои омӯзиши ҳунарҳоро  ташкил кард. Алҳол дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон сехи дӯзандагӣ аз ҳисоби занҳои ҳунарманди хонашин фаъолият дорад ва мизоҷонашон  рӯз то рӯз зиёд мешаванд.

Соли 2009 ин бонуи ҳунарманд бо маҳсулоти ташкилоташ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуда, бо ҷоизаи махсуси «Зан-соҳибкори беҳтарин» сарфароз шуд.

15 сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид ва дар ин озмун ӯ соҳиби диплом  шуд.

Соли 2012 ҳафтаномаи «Оила» дар нуҳ бахш – сиёсат, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, театру  кино, сарояндагӣ, донишҷӯён ва дигар бахшҳо озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи сол»-ро эълон кард. Овоздиҳӣ тариқи СМС доир гардид. Шаш моҳ овоздиҳӣ давом  кард ва 13 апрели соли 2012 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе  ҷамъбаст шуд. Бонуи  ҳунарманд  ва ҳунарпарвар — Аспармоҳ Мавлоназарова  дар бахши соҳибкорӣ Ҷоизаи «Бонуи сол»-ро соҳиб шуд.

Шахсан худаш бо маҳсулоташ  — тоқии қадима ва ҷӯробҳои гуногун дар Намоишгоҳ ва ярмаркаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Алмаато ширкат варзида, ҳам соҳиби ҷоиза шуду ҳам харидорони молаш хеле зиёд буданд.

Ба ҷуз ин апаи Аспармоҳ барандаи «Шоҳҷоизаи ЮНЕСКО» дар шаҳри  Теҳрон ( соли 2012) мебошад.

Ҳама ин азму талоши чунин бонуҳои ҳунарманд буд, ки ҳунарҳои нодири аҷдодӣ аз нав эҳё ва пешкаши мардум ҳастанд. Дар тантанаҳои расмӣ ва фарҳангӣ маҳсули ҳунармандони ташкилоти ҷамъиятии «Назира» ҳофизон, навозандагон ва раққосаҳоро зеб медиҳанд. Арӯсу домод бошанд, дар бисёр мавридҳо либоси миллии қадимаро ба бар мекунанд. Муҳраву гарданбандҳо  ба ҳусну латофати духтарони тоҷик  ҳусни дигар зам мекунад. Шояд ҳамаи ин ҳунарварӣ ва зебоиро шоира  Рӯдобаи Мукаррам дидаву  ба эъҷози  дастони апаи Аспармоҳ ангушти ҳайрат ба лаб бурда, шеъре бо номи «Бонуи ҳунар мебинам»-ро маҳз ба ӯ бахшидааст.

Ман дар осмони ҳунар нури Қамар мебинам,

В-ан дар ин кон яке ганҷи дигар мебинам.

Дар ниҳодаш, ки сиришт аст ҳама фазли накӯ,

Панҷ ангушти  туро пур зи ҳунар мебинам.

Сирати нек  ба он сурати  нек зам гашта,

Тоҷи давлат ба сар ваҳ ба назар мебинам.

Ҷуз накӯӣ  дигар  нест шиораш ба ҷаҳон,

Нахли умед саросар зи  самар мебинам…

Аспармоҳ Мавлоназарова дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Шавҳараш мунису мададгораш буда, фарзандони шоистаи давронро ба воя расондаанд. Ӯ шукр аз он мекунад, ки Сардори давлат,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба нақши зан дар ҷомеа диққати махсус медиҳад. Чунин ғамхориҳо занҳоро водор месозанд, ки дар таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва созандагии кишвар низ саҳмгузор бошанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»