Парчам

№141 (4091) 23.11.2019

DSC_1921

 Фақат Помири мо, ки боми ҷаҳон аст,

Парафшон дар он парчами ковиён аст.

 Ба домони парчам чунон ҳафт манзар,

Ба ҳар манзаре ахтаре нурфишон аст.

 Ва ҳар ахтаре нури тоҷи каёнӣ,

Шуои дили мо, ки дар каҳкашон аст.

 Ҳамон тоҷ моро шукӯҳу шаҳомат,

Ҳамон тоҷ ном асту моро нишон аст.

 Дурахшад агар нури он тоҷ бар дил,

Фурӯзон шавад синаҳо то замон аст.

 Дирафше парафшон ба боми Душанбе,

Ҳумое паровар ба рӯи ҷаҳон аст.

 Ҳамон мурғи ишқе, ки аз шаҳпари ӯ,

Дар он сояи бахт моро макон аст.

 Ливое, ки рангин чу боғи баҳорон

Аҷаб боғи зебо, аҷаб гулфишон аст.

 Бубин сабзазору нигар лолазорон,

Чунон абри раҳмат бар он дурфишон аст.

 Сапедии роҳ он сапедии парчам,

Сапедии роҳе, ки то ҷовидон аст.

 Фақат Помири мо, ки боми ҷаҳон аст,

Парафшон дар он парчами тоҷикон аст.

ВОРИС