«Парвоз»-и Парасту бо сабку услуби нав

№83 (3384) 18.06.2015

parastu_mini_2015Маросими ифтитоҳи расмии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2015» собит намуд, ки ҳунари асил дар ҳама давру замон ҳаводорони худро дошта, қадр мегардад

Банда ҳамчун яке аз иштирокчиёни маросими ифтитоҳи расмии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2015» муътақид гардидам, ки сол то сол раванди баргузории ин чорабинӣ такмил ёфта, дар сатҳи хубтар ва сифати баландтар пешниҳоди мухлисони ин намуди санъат, ки «оинаи рӯзгор» ва «воситаи зиндаи тамаддун» меноманд, мегардад.

Ифтитоҳи фестивал — озмуни фавқуззикр, ки  санаи 15 июни соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» баргузор гардид, аз ҳама ҷиҳат навгонӣ дошт. Далел меорам.Аввалан, шумораи хеле зиёди иштирокчиён далели возеҳи он буд, ки теъдоди нафарони ба ин намуди санъати зебо мухлисбуда тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Нуктаи муҳим он аст, ки теъдоди зиёди мавриди назар мисли баъзе чорабиниҳо аз донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, ки тариқи «ихтиёрӣ» барои тамошо ҷалб мегарданд, таркиб наёфта, баръакс, нухбагони соҳаҳои сиёсат, санъат, илм, маориф ва ғайра буданд. Сониян, имсол масъулин маротибаи аввал гузашти иштирокчиёни фестивалро тариқи роҳрави ифтихорӣ роҳандозӣ намуданд, ки аз завқи волои созмондиҳандагони он гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷаҳони муосир чунин тарзи кор дар чорабиниҳои маъруфи сатҳи баланд  роиҷ буда, итминонам комил  аст, ки барои болотар рафтани нуфузи ин чорабинӣ омили таҳрикдиҳанда мегардад. Ахиран,  ба ҳайати ҳакамони озмун шомил будани мутахассисони варзидаи хориҷӣ далели возеҳи он аст, ки шаффофият дар он таври бояду шояд риоя мегардад.

Тибқи иттилои дастрасшуда, дар фестивал – озмуни имсола 15 театрҳои касбии кишвар иштирок менамоянд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки   фестивал – озмуни фавқуззикр ба 100 – солагии Артисти халқии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст. Ин ҳунарманди нотакрор барои ҳамагон чеҳраи ошно маҳсуб ёфта, нақшҳои  бозидааш дар лавҳи хотирҳо таври абадӣ сабт гардидаанд. Дар робита ба ин, 11 нафар ҳунармандони Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ», ки ҳар кадом нақшҳои офаридаи Аслӣ Бурҳонов, аз ҷумла В. И. Ленин, шоҳ Лир, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайраро дар худ таҷассум менамуданд, дар саҳна зуҳур ёфтаанд. Ба тамошобинон, ки бо чунин шакл шурӯъ гардидани маросим барояшон ғайриинтизор буд,  муколама ва балзагӯйиҳои    «қаҳрамонон» — и Аслӣ Бурҳонов хеле писанд омад. Кафкӯбиҳои  бардавоми тамошобинон, ки  айни замон «падидаи нодир» маҳсуб меёбад, бори дигар собит намуд, ки  мардум дар ҳама давру замон ҳунари асилро қадр менамояд.

Суханронии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, ки он низ ғайримунтазира бидуни  «шпаргалка» ироа гардид, хеле гӯшнавозу диққатҷалбкунанда буд ва ба ҳозирин муҳимияти баргузории фестивал – озмунро бозгӯйӣ намуд:

-Боварӣ ҳосил намудам, ки муштоқони ин чорабинӣ хеле бисёранд, зеро нафарони зиёде ба мо суол мекунанд, ки чаро онро ҳамасола  баргузор намекунед?  Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки театри тоҷик рӯз то рӯз такомул ёфта, дар ин замина сафи мухлисонаш низ бамаротиб афзудааст,- иброз дошт номбурда.

Ҳамрадиф бо маросими ифтитоҳи расмии чорабинии фавқуззикр, намоишномаи «Бухорои шариф», ки аз ҷониби Театри мусиқӣ – мазкавии ба номи К. Хуҷандии вилояти Суғд рӯи саҳна омадааст, намоиш дода шуд. Он низ аз ҷониби тамошобинон хеле хуб пазироӣ гардид.Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки театри классикии тоҷик дар асри XX ташкил гардидааст. Дар марҳилаи аввал театрҳои навтаъсис асосан он намоишномаҳоеро рӯи саҳна меоварданд, ки пурра моҳияти идеологӣ дошта, ба шаклгирии афкори аҳли ҷомеа  равона шуда буданд. Пайгирӣ ва омӯзиши масъалаи мавриди назар собит намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат театри тоҷик ба сифати пайвандгари маънавии наслҳо ва рукни барҷастаи фарҳанги миллӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардидааст.

Бидуни муболиға мегӯям, ки таваҷҷуҳу дастгирии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили таҳрикдиҳандаи рушди ин намуди санъат маҳсуб ёфта, ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи зиёдатӣ надорад. Тавре ки ҳамагон огоҳем, ҳабдаҳуми марти соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  санги асоси сохтмони Театри миллиро гузошт. Иншооти мазкур аз ҷумлаи биноҳои камназир маҳсуб ёфта, дар он барои фаъолияти муассири аҳли ҳунар тамоми шароит фароҳам хоҳад шуд. Баъзе нафарони «аз ҳама кас ва аз ҳама чиз норозӣ», ки  бунёди чунин иншооти муҳташамро дар шароити кунунӣ «на чандон зарурӣ» арзёбӣ карданд, бояд дарк намоянд, ки:

Хар чӣ донад лаззати қанду набот,

Турбаи коҳ бошаду кунҷи работ.

Бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки дар солҳои наз-диктарин бинои муҳташаму муосири Театри миллӣ қомат афрохта, дар қатори Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Қасри миллат, Кохи Наврӯз ва дигар иншооти муҳими мамлакат боиси ифтихори халқамон хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, маросими  расмии ифтитоҳи чорабинии зикршуда хеле хотирмон сурат гирифта, он 19 июни соли ҷорӣ  ҷамъбаст хоҳад гашт.

Далер Мерганов, «Садои мардум»