Паямбари сулҳ

№118 (3755) 05.10.2017

Ҳаме то замин асту ҳаст офтоб,

Ба ҷумҳур сару сарпаноҳӣ, Ҷаноб.

 

Ба даргоҳи халқат чу пайғоми нур,

Чу хуршеди тобанда кардӣ зуҳур.

 

Чу он партави ту ба кишвар намуд,

Ғаму кинаҳоро зи дилҳо зудуд.

 

Туро бахт омад зи Арши барин,

Ватанро бикардӣ биҳишти замин.

 

Зи меҳру муҳаббат кушодӣ даре,

Ба мурғи саодат бидодӣ паре.

 

Ҳидоят ту кардӣ, ки худро шинос,

Бувад худшиносӣ ба одам асос.

 

Ки як мушт гардему дар хоки хеш,

Бисозем дунёву афлоки  хеш.

 

Туро дод бар мо Худои абад,

Паямбар ба сулҳӣ, бигӯям сазад.

 

Ба мардӣ  ту гуфтӣ: зи марзам кунун,

Касе ҳам намонад аз ин пас бурун.

 

Дигар ҷамъ кардӣ ту халқи пареш,

Ғами ҳар фирорӣ дилат карда реш.

 

Ба миллат даҳоӣ, ба иллат табиб,

Ба пирон шафиқу ба хурдон ҳабиб.

 

Кунун дилрабояст ҳар бому дар,

Зи ту ёфт кишвар шукӯҳи дигар.

 

Шаби ғам наояд дигар то шаҳӣ,

Ба рӯз офтобӣ, ба шаб чун маҳӣ.

 

Замона ба Раҳмон Эмомалӣ,

Бубахшид унвони Ваҳдатвалӣ!

 

Исо Раҳим