Паёми ошноӣ

№82 (3719) 11.07.2017

Соҳибназар солҳо боз дар нашриёти «Шарқи озод» кор карда. баробари огоҳ будан аз нозукиҳои кори табъу нашр ба шеър низ таваҷҷуҳ дорад. Ормонҳои дилашро ба риштаи назм мекашад. Зиндагии худро бе шеър тасаввур намекунад ва ҳамдаму ҳамнафаси аслияш каломи мавзун аст. Ба таври суннатӣ эҷод мекунад.

Дар зер намунаеро аз шеъргунаҳои Соҳибназар манзури хонандагон мегардонем ва барояш тавфиқ таманно дорем.

Ман кистам!

Баҳри ҳалли уқдаи «Ман кистам»,

Зинда дар дунё зи баҳри чистам?

 Асли худ аз реша ман омӯхтам,

Бо ҳазор андеша ман омӯхтам.

 Чун фурӯ рафтам ба дунёи дилам,

Ишқ омад ҷумла пайдои дилам.

 Сайри дил з-андешаи ман пар гирифт,

Пар кашид то осмонро бар гирифт.

 Оқибат дарёфт он асли маро,

Бо нажоди ориён васли маро.

 Асли бофар буданам чун шуд аён,

Нест дигар ҳоҷате бар ҳар баён.

 Тоҷикистон меҳани озодагон,

Кишваре сарсабзу поку ҷовидон.

 

Зодбуми мардуми олинажод,

Ваҳдату сулҳу сафову эътимод.

Иқбол

Дар фазои поку софи тоҷикон,

Мезанад пар рӯҳи шоҳони Каён.

 Миллати оритабори сарбаланд,

Сахткӯшу сахтҷону арҷманд.

 Сулҳу ваҳдатхоҳ андар зиндагӣ,

Маънии андешааш пояндагӣ.

 Сарбаланде, ки варо шуд Пешво,

Сӯи фардои накӯяш раҳнамо.

 Манзалат ӯро ба арши ахтарон,

Ному кори ӯ шуда вирди забон.

 Тахту тоҷе, ки чунин дорем мо,

Нури ҳақ андар ҷабин дорем мо.

 Зиндагӣ ҷуз файзи Истиқлол нест,

Ғайри Истиқлол ҳам иқбол нест.