Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент – раҳнамо дар ҷодаи рушд

№24 (4286) 23.02.2021

vazirПаёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки таҳлили маҷмӯии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро дар бар мегирад, роҳи рушди давлату миллатро барои оянда мушаххас ва муайян намуд.

Паёми Сарвари давлат имсол барои сокинони кишвар беш аз ҳарвақта аҳамиятнок аст. Зеро мо дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳ ва муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва омодагиҳо ба истиқболи он бомаром идома доранд. Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон зикр карданд, аз 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки соли гузашта дар кишвар ба нақша гирифта шуд, аксарият иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд. Ин рақам баёнгари он аст, ки рушди илму фарҳанг ва таъмини саломатии ҷомеа омили аслии таҳкими истиқлолият ва ҳадафи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Рӯйдодҳои дигари муҳиму хотирмони соли гузашта, ки дар Паёми Президенти мамлакат махсус таъкид шуд, ҷашнҳои 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил гардиданд. Мавриди зикр аст, ки авлавият додан ба рушди соҳаи фарҳанг дар заминаи бузургдошти осори гаронбаҳои таърихӣ ва нобиғаҳои илму фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатӣ аз тадбирҳои муҳимест, ки Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ пайваста амалӣ менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин масъала, Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон таъкид доштанд, ки «танҳо таърихи 5500 — солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад».

Арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он дар ҷаҳони муосир, замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, ки тақозои замон арзёбӣ мешаваду аз сӯи дигар таҳоҷуми мафкуравӣ ва фарҳангиест, ки ҳастии маънавии миллатҳоро таҳдид мекунад, метавонад дар амри худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият омили ҳалкунанда бозад. Бо дарки амиқи ин ҷанбаи масъала Сарвари давлат иқдом ба бознашри китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва ба ҳар хонадон расонидани ин асари гаронбаҳо намуданд. Аз ин лиҳоз, масъулияти азими рисолати насли даврони истиқлолият дар Паёми Пешвои миллат ин гуна мушаххас шуд: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошанд».

Президенти мамлакат изҳор ­доштанд, ки мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварро ба аҳли олам ҳар чӣ бештар муаррифӣ намоем. Ба хотири вусъат бахшидан ба ин раванди таърихӣ вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо вазифадор гардиданд, ки «ҷиҳати омӯхтани таърих ва мероси маънавии халқи тоҷик тадбирҳои зарурӣ андешида, омӯзиши ҳатмии таърихи халқи тоҷик, забони давлатӣ ва ҷуғрофияи Тоҷикис­тонро дар муассисаҳои таълимашон ба забони ақаллияти миллӣ дуруст ба роҳ монанд ва китобҳои дарсиро барои ин муассисаҳо сари вақт таҳия, тарҷума ва дастрас созанд».

Қобили зикр аст, ки баландтар намудани мақоми илму фарҳанг ва дар ин замина таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дорад. Бинобар ин, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот, муҳайё кардани шароити зарурӣ ва дар ин раванд боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. Бо назардошти ин авлавият сол то сол дар мамлакат иқдомоти нав амалӣ ва уфуқҳои тоза боз мегарданд. Дар қатори озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикис­тон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки баргузории онҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар истеъдодҳои нодирро кашф намуданд, Сарвари давлат зарур донистанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шавад. Агар озмунҳои қаблӣ фарогири илмҳои гуманитарӣ бошанд, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» барои дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар бахши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузорад. Бинобар ин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки ташкил ва баргузории он дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шуда, маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд шавад.

Зимни ироаи Паём шоҳиди ғамхории дигари падаронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Роҳбари давлат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихобашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Тавре Ҷаноби Олӣ изҳор доштанд, «ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад».

Дар радифи рушди илму фарҳанг ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа додан дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид гардид. Чунон ки Президенти кишвар зикр намуданд: «Забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад. Дар шароити таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла, падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиёни кишвар, кормандони воситаҳои ахбори омма ва адибону олимони мамлакат, мебошад».

Роҳбари давлат, инчунин, вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатиро ба содиқона хизмат кардан ба халқи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ буданро вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ донистанд.

Дар Паём ба ташаббускориву ташкилотчигӣ ва саҳми бевоситаи ҳар як шаҳрванди мамлакат дар ободии мулки аҷдодӣ диққати махсус дода шуд. Сарвари давлат ба неруи созандаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат, эътимоди комил иброз намуда, изҳор доштанд, ки ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлона то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон симои Ватани азизро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Итминони комил дорем, ки дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ бо кӯшишу ғайрат ва заҳмати фидокорона саҳми сазовор мегузорем.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА,

вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон