«Паёми рӯз» «паёми субҳ» шуду шуҳраташро аз даст дод

№86 (3723) 20.07.2017

Ман қариб 15 сол дар Радиои  Тоҷикистон кор кардам ва ходими яке аз бахшҳои муҳим — идораи «Ахбор» будам. Дар рафти фаъолият бо устодони зиёд, мисли Субҳон Раҳматов, Михаил Бобоев, Шодмон Сафоев, Иноят Насриддин (рӯҳашон шод бод), Н.Тиллоев, Р. Додхудоев, Ҷ. Расулов, наттоқони варзида Б. Раҳмонов,  А. Хуҷамқулов, Л. Сатторов, Ҳ. Раҳматов, С. Юсуфова, М. Ҳакимова ва дигарон ҳамкорӣ доштем. Таассурот аз ин давраи ҳаёт хеле зиёд аст, аммо мехоҳам роҷеъ ба барномае  мухтасар нақл кунам, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар таърихи радиои тоҷик навгонӣ буд.

Соли 1987 ба идораи мо яке аз журналистони машҳур Неъмат Очиловро, ки хабарнигори барномаи умумииттифоқии телевизионии «Время» дар Тоҷикистон буд, сармуҳаррир таъин карданд. Баъди як-ду рӯзи фаъолият ба ҳайси сармуҳаррир дар яке аз ҷаласаҳо аз кори кормандони идора изҳори норозигӣ карда, гуфт: «Шумо аз уҳдаи кор намебароед. Ҳамаатон­ро пеш кардан лозим!»  Баъди як моҳи фаъолият ин гапашро «гашта гирифт» ва гуфт: «Бачаҳо, дар  ҳақиқат кор дар идора душвор будааст, офарин ба шумо!»

Ҳамин тавр, оҳиста — оҳиста бо мо унс гирифт. Баъдтар Неъмат Очилов ва муовини сармуҳаррир  Насрулло Тиллоев дар яке аз ҷаласаҳои идора пешниҳод карданд, ки бояд ягон тарзи нави барномаи хабариро ҷорӣ намоем. Баъд аз чанд рӯз коллектив ба қарор омад, ки як барномаи ахбору мусиқӣ бояд созмон дод. Аввалин барномаро омода кардему бо маслиҳат номи онро «Паёми рӯз» мондем. Ин барномаро бояд муҳаррир барандагӣ мекард. Ба ростӣ, ягон нафар ғайрат намекардем, ки масъулиятро ба дӯш гирем, зеро метарсидем, ки мабодо ягон ҳарфи беҷо нагӯем. Ҳама якҷоя Улмас Эркаевро (Ҷовиди Аштӣ — ҳоло хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд), ки хатмкардаи Донишгоҳи Санкт-Петербург аст, ба ин кор пешниҳод кардем ва банда аз вай илҳом гирифта, рӯзи дуюм барномаро ҳамроҳи Сарвара Бекзода (ҳоло корманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) манзури шунавандагон гардондем. Нахустин барномаи «Паёми рӯз» 22 декабри соли 1987 — ум 40 дақиқа садо дод. Имсол ба таъсиси он 30 сол пур мешавад.

Ҳамин тавр, барномаи ахбору мусиқии «Паёми рӯз» аз рӯзҳои аввал шуҳратёр гардид. Нахустин коргардони он Тағоймурод Шарифов буд, баъдан онро Раҳматуллои Ҷонмуҳаммад бандубаст мекард. Чанд маротиба дар таҳия ва бандубас­ти барнома коргардони машҳур ва наттоқи варзида Хайруллоҳи Иброҳим ва шогирди эшон Асҳобиддини Юсуф (ҳоло устоди варзида), бонуи меҳрубон  Барно Носирова кумак карданд. Дар таҳияи барнома Н. Очилов, Н. Тиллоев, Р. Додхудоев, Қ. Хуҷамов , Ҷ. Расулов, Юлдош Шерматов, Асрор Салимов, Саидмурод Рабиев, хабарнигорони минтақавӣ Рустамбек Назриев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Олим Умаров, Рӯзибой Махсумов ширкат варзида, онро беҳтару пурмуҳтаво гардониданд. Баъдан, ба сафи мо Муҳаммадюсуфи Шодӣ, Амирхони Шоҳхон, Карим Мӯсоев, Элмуроди Насрулло, Абдуваҳҳоб Фазлиддинов  ва дигарон ҳамроҳ шуданд.

Он вақт телефонҳои мобилӣ набуд ва ҳар рӯз даста-даста нома мегирифтем. Моро танҳо аз садоямон мешинохтанд. Мухлисоне, ки баъзан ба пойтахт меомаданд, имкон ёфта, ба идораи радио барои бо мо шинос шудан ташриф меоварданд.

Солҳои  90 — уми асри ХХ дар натиҷаи муноқишаҳо аввалин гурезаҳо пайдо шуданд. Дар чунин лаҳзаҳо одамони зиёде ба барномаи «Паёми рӯз» муроҷиат намуда, тавассути он наздиконашонро ҷустуҷӯ мекарданд. Баъдан, ба ҳукми тақдир қариб ҳама кормандони сарредаксияи «Ахбор» аз кор рафтанд. Соли1997 даҳсолагии барномаи «Паёми рӯз»-ро қайд карданд, вале мутаассифона, ягон нафар аз ташаббускорон ва онҳое, ки дар таҳияву бандубасти он дар рӯзҳои аввал иштирок доштанд, даъват нашуданд.  «Паёми рӯз» баъдан «Паёми субҳ» шуд ва оҳиста — оҳиста шуҳраташро аз даст дод.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»