Пешгӯйии Мирпочо – оқсақол ё «Оши оштӣ»-ро кӣ пухтааст?

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

фывывБаргузории маъракаи «Оши оштӣ» яке аз рӯйдодҳои муҳими таркибии Иҷлосияи тақдирсози миллат маҳсуб меёбад. Зимни омӯзиш ва суҳбат бо шоҳидон ба мо муяссар гардид, ки ташаббус­кор ва хизматрасонҳои маъракаро дақиқ муайян созем. Муҳимтар аз ҳама, бо пазандагони «Оши оштӣ» ҳамсуҳбат шудем, ки аллакай синнашон ба ҷое расидааст. Яке аз онҳо Муродҷон Отабоев, сокини 63-солаи деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст.

Мо зимни мутолиаи мақолаи «Чаҳор амри тасодуф ва ё назаре ба Иҷлосияи тақдирсози миллат баъди чаҳоряк аср», («Садои мардум» №48, аз 4 майи соли 2017),  ки ба қалами  хабарнигори нашрияи «Садои мардум» дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудов тааллуқ дорад, дарёфтем, ки барпо намудани маъракаи «Оши оштӣ»-ро ходими давлатию ҷамъиятӣ Йӯлчӣ Бобоев дар ҷашни 80-солагиаш маслиҳат додааст. Акаи Муродҷон Отабоев бошад, бисёр паҳлуҳои хизматрасонии ин маъракаи муҳимро ба мо нақл кард.

- Он шабу рӯзҳо ман дар қаҳвахонаи «Хуҷанд», воқеъ дар автостансияи «Хуҷанд» мудири қаҳвахона кор мекардам, — варақгардон мекунад, дафтари хотираҳояшро акаи Мурод. Се рӯз қабл аз баргузории иҷлосияи таърихӣ, сардори шуъбаи молиявӣ-хоҷагидории Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд полковник  А. Турдиев ману сардори шуъбаи хӯроки умумии Ҷамъияти матлуботи деҳаи Унҷиро даъват карда гуфт, ки мо ба таъмини хӯроки вакилон ва иштирокчиёни иҷлосия масъул таъин шудаем. Бинобар ин, бояд рафта, ҷойҳои хӯрокпазиро муайян намоем. Қафои чойхонаи куҳнаи Арбоб-варзишгоҳро интихоб кардем. Се дег мондем. Дар онҳо 19 рӯз пуропур хӯрок пухтем.

Дар идома Муродҷон Отабоев дар бораи назорати қатъии кормандони идораи санитарӣ — эпидемиологии ноҳия таҳти роҳбарии Ҳабибулло Маҷидов нақл карда, гуфт, ки «ҳама гуна хӯроки тайёршударо қабл аз ба вакилон додан худашон тановул мекарданд».

Дар бораи пухтани «оши оштӣ» ӯ дигар ҳамкасбонро низ ёдовар шуд:

- «Оши оштӣ»-ро 26 ноябр дар 4 дег  пухтем. Ду дег ош аз ҳисоби шуъбаи хӯроки умумии Ҷамъияти матлуботи деҳа, як дегӣ аз ҳисоби ҷамъиятҳои матлуботи ҷамоати деҳоти Ёваю Исфисори ноҳия тайёр шуд. Ба ҳар дег 60 килоӣ биринҷ андохтем, яъне он рӯз 240 кило биринҷро ба вакилону меҳмонон пухта додем. Ҳамроҳи ман ошпазҳои касбӣ Муинҷон Маҳмудов ва Абдухолиқ Султонов низ ош пухта буданд. Аммо дар реза кардани сабзии ош касе ба мудири анбори ҷамъият Рустамбой Сангинов баробар шуда наметавонист. Тайи 19 рӯзе, ки хизмат расонидем, сабзиро он кас (ёдашон ба хайр) реза карданд. Дар як муддати басо кӯтоҳ барои се дег ош сабзӣ реза мекарданд.

Муродҷон Отабоев аз он рӯзҳо хотираи зиёд дорад. Аз ҷумла, муносибати мардуми маҳаллиро нисбати интихоби вакилон хуб дар хотир нигоҳ доштааст:

- Дар деҳаи Унҷӣ Мирпочо — оқсақол ном мӯйсафед пешвои деҳа буданд, ки аз ҳисоби мӯйлаби калон доштан «Будёний» лақаб гирифта буданд. Рӯзи интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ба ҳавлӣ омада, либосамро иваз карда, рафта истода будам, ки он кас маро дар роҳ нигоҳ дошта пурсиданд:

- Ягон нафарро Роҳбари давлат интихоб карданд?

- Ҳа, ана, ин касро интихоб карданд, -гӯён ҷавоб додаму сурати Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ нишон додам. Он кас чун одат мӯйлабҳояшонро тофта гуфтанд:

-Ҳа, хуб шудаст. Дидӣ, ин ҷавонмардро дар рӯяш нур ҳаст. Худо хоҳад ҷумҳуриро наҷот медиҳад.

Бубинед, ки Мирпочо — оқсақолро пешгӯиаш рост баромад.

Дар сурат: яке аз пазандагони «Оши оштӣ»

Муродҷон Отабоев