Пешвои миллати моро нигаҳ дорад худо!

№139 (4089) 19.11.2019

Сулҳу ваҳдатро асосу халқу миллатро сафо,

Барқарорсози низому ҳодӣ андар кори мо.

Соҳибунвону саодатманду фахри уламо,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

 

Ҷангро аз байн бурду мулкро ором кард,

Ҳар гурӯҳе муттаҳиду саркашонро ром кард.

Ҳар чӣ коре кард онро баҳри худ не, ом кард,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

 

Тоҷикистони азизам карда машҳури ҷаҳон,

Ё ки Наврӯзи Аҷамро ҷашни байни мардумон.

Дониёро, бош шокиру дуогӯ ҳар замон,

Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо!

 

Д. Ш. Сангинов, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент