Рӯнамоии китобҳои тозанашр

№117 (4223) 24.09.2020

DSC_860118 сентябри соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш, фурӯш ва рӯнамоии китоб­ҳои тозанашри Муассисаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид. Дар он адибон, олимон ва дӯстдорони китоб ширкат варзиданд.

Тавре зикр шуд, китобҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи чоп омадаанд. Нашриёт соли равон ба ҷои се ҷилди дар нақша пешбинишудаи  силсилаи «Ахтарони адаб», чаҳор – ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-ро, ки «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Халилуллоҳи Халилӣ «Ошёни хор» ва Нодири Нодирпур «Шеъри ангур»-ро дар бар мегиранд, бо теъдоди ҳар яке 5000 — нусхагӣ аз чоп баровард.

Инчунин, китобҳои адибон Неъматулло Худойбахш бо номи «Гӯшвори тилло», Абдулҳамид Самад — «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ — «Дасти дуои модар», Абдуғаффори Абдуҷаб­бор — «Ҷаҳони маънавии Чингиз ­Айтматов» ва «Куҳсоро, Куҳзодо», Озарахаш — «Парвона зинда аст», Фарзона — «Арғунуни офтоб», Муҳтарам Ҳотам — «Дафтари рубоӣ», Камол Насрулло — «Шеър чист, шоир кист?», Рустами Ваҳҳоб — «Ҳазор байт», Муҳаммад Ғоиб — «Оҳи ашк» ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркесро дар тарҷумаи Абдуғаффори Абдуҷаббор ба дасти хонанда расиданд.

DSC_8556Дар баробари ин, бори аввал маҷмӯаи шеърҳои шоирони ҷавон Баҳром Раҳматзод бо номи «Ман аз табори дарахтам», Бузургмеҳри Баҳодур — «Соғари садо», Муҳриддин Сабурӣ — «Накҳати овешан», Толиби Луқмон — «Сарводаҳо аз ҷодаҳо» ва Бузургмеҳри Тоҷиддин «Дили оинабанд» аз ҳисоби маблағи  Фонди захиравии Президенти мамлакат ба табъ расиданд.

Ҳамчунин, «Адиб» 15 номгӯи асарҳои шоирону нависандагони шинохта, ҷавонони боистеъдод ва 12 номгӯй китобро аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ интишор ва манзури хонандагон гардонид.

Он рӯз рӯнамоии нахустшумораи маҷаллаи бадеӣ – публитсистии нашриёт бо номи «Адиб» низ баргузор гардид, ки аз ҷониби адибону дӯстдорони каломи бадеъ хуш пазируфта шуд.

ВОРИС,

«Садои мардум»