Рӯшаниҳо бар ту, «Шоми дӯстӣ»!

№112 (3906) 15.09.2018

IMG_0164Бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 11 сентябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат консерти идона таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» доир гардид.

 Онро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаю некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя роҳандозӣ кард. Ба ин хотир, шоми он рӯз варзишгоҳи марказии Ваҳдат, ки дорои бисту ҳафт ҳазор ҷойи нишаст мебошад, моломоли дӯстдору ҳаводорони шеъру тарона буд.

Баробари суханрониҳои пурмеҳру муҳаббатбори барандагон Назарзода Умед Абдураҳиму Дилафрӯз Давлатова, иштирокчиён аз ҳунари сарояндагони ҷавону маъруфи ҷумҳуриҳои ба ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: Муслима Қодирова, Абдулхайр Муминов, Нигина Амонқулова, Сироҷиддин Фозилов, Ҷонибек Муродов, Шабнами Сурайё ва Севинч Муминова баҳраманд гардиданд.

Аҳамияти умдаи чорабинӣ дар он ифода меёфт, ки бо ҳар гуна сабаб солиёни зиёд равобит миёни сокинони ду кишвари ба ҳам қарину ҳамсоя, дӯст ва аз бисёр ҷиҳат решапайванд – Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳдуд гардид. Хушбахтона, бо иқдоми ватандӯстонаи роҳбарони ҳар ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити ҳасанаи дӯстию ҳамкорӣ аз нав барқарор гардид. То ин муддат мардуми ҳар ду ҷониб ҳамдигарро ниҳоят пазмон шуда, гуфтаниву шунидании зиёдро ба рӯзи умед дар дил нигоҳ медоштанд. Шояд ҳамин пазмонии дерина буд, ки бархе аз тамошобинон ба ҳаяҷону эҳсосот дода шуда, андаке бошад ҳам, сарҳади одобу рафтори ҳамидаро убур карданд. Ин дар он зоҳир мегардид, ки зимни баромади ҳунармандон ба онҳо гулдаста тақдим мекарданд ё хоҳони сурат гирифтан мешуданд, ки табъашонро хира мегардонид. Ҳамчунин, бо таъхир аз вақту соати муайяншуда шурӯъ гардидани «Шоми дӯстӣ» ба ном ва муҳтавои он созгор буда наметавонист.

Дар маҷмӯъ, истиқболи гарму самимии ҳозирин, ки ҳар як баромади ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои пурмавҷу бардавом истиқбол мекарданд, баёнгари ҷонибдории зуд-зуд роҳандозӣ намудани вохӯрию суҳбатҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ буд, ки дар таҳкими муносибат ва дӯстии бегазанди тоҷикону ӯзбекон нақши бориз хоҳанд дошт.

«Садои мардум»