Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

№51 (3197) 20.05.2014

Раванди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия пайваста вусъат меёбанд.Маҳз дар  ин радиф Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд: «…Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки  ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд».

Дар ин доира, бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷониба судманди фарҳангии байни кишварҳои Тоҷикистону Россия  аз 25- ум то 30-юми майи соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 май, соати 18 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар аст.  Рӯзи дигар дар Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский намоишномаи дипломии донишҷӯёни факултети актёрии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографистони Москва ба номи С. Герасимов -  «Ҷангал» ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Тибқи барнома, сафари иштирокчиёни рӯзҳо ба шаҳри Норак, тамошои китобхонаи «Дӯстии халқҳо», намоиши адабӣ –мусиқӣ дар мавзӯи суруду мусиқиҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби аҳли ҳунари рус, боздид аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Боғи Ирам» ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Маросими анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 май, соати 18 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир мегардад.

Гулмаҳмад ДАВЛАТОВ, сармуҳаррири Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»