Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Хитой

№56 (4006) 18.05.2019

Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ гирифтем, ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Барои ширкат дар он таҳти роҳбарии муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён ҳайати ансамблҳоии рақсии «Гулрез», созҳои миллии «Дарё» ва як гурӯҳ ҳунарпешагон ба шаҳри Пекин рафтанд.

Ифтитоҳи ботантанаи ҳамоиш дар Театри давлатии «Ҳафтуми феврал»-и шаҳри Пекин сурат мегирад.  20 май санъаткорони тоҷик дар Кохи консертии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои музофоти Шэнсӣ (шаҳри Сиан) барномаи консертӣ пешкаш менамоянд. Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой намоиши асарҳои санъати тасвирӣ, аксҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»