Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Самарқанд

№51 (3845) 26.04.2018

20-21 апрел дар шаҳри бостонии Самарқанд Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва бозии рафиқонаи футбол миёни дастаҳои «Динамо» ва «Хуҷанд» баргузор гардид.

Бо мақсади иштирок дар чорабинӣ гурӯҳи калони намояндагон таҳти роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Самарқанд рафтанд. Баъди пазироии гарму ҷӯшон дар гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» аз тарафи ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ барномаи зебову рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Бегоҳи он рӯз дар варзишгоҳи «Динамо»-и шаҳри Самарқанд миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Динамо»-и шаҳри Самарқанд бозии рафиқона баргузор шуд, ки бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

21 апрел дар меҳмонхонаи «Регистон плаза» — и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд бизнес — форум баргузор гардид. Дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳадафи асосӣ густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни ду вилояти ҳамҷавор аст.

Дар макони баргузории чорабинӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва намунаи ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзии вилоят муаррифӣ гардид.

Баъдан меҳмонон ба ноҳияи Пастдарғоми Самарқанд ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаи «Пастдарғом саховати» шинос шуданд. Дар он бо усули гидропоникӣ помидор истеҳсол ва асосан ба хориҷа содирот мешавад. Тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти гармхонаи «Пастдарғом саховати» дар вилояти Суғд низ ташкили гармхона ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш дар корхонаи «СамАвто» бо ҷараёни истеҳсоли автобус ва автомашинаҳои боркаш шинос шуданд.

Худи ҳамон рӯз меҳмонони суғдӣ Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро тамошо карданд. Раисони ҳар ду вилоят чун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи мутафаккирони тоҷику ӯзбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар боғ қомат афрохтаанд, гулчанбар гузоштанд.

Аз ҷониби аҳли зиёи ҳар ду ҷониб шеър­ҳо қироат карда шуда, меҳмонон, ҳамчунин ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ташриф оварда, оромгоҳи нахустин Президенти Ӯзбекистонро зиёрат намуданд.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»