Насиҳат гӯш кун, ҷоно

Рӯза он нест, ки танҳо ту даҳон барбандӣ

№60 (3697) 30.05.2017

ramadan-kareem-images-p86ad8Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон яке аз аркони ислом ба шумор меравад. Муҳимтарин фоидаи рӯзадорӣ тарбияи иродаи мустаҳкам ва парҳезкорист. Касе, ки рӯза гирифтанро ният кардааст, бо вуҷуди муҳайё будани тамоми нозу неъмат аз субҳи содиқ то фарорасии шом аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ менамояд. Аммо ҳикмати рӯзадорӣ танҳо бо тарки хӯрдану нӯшидан маҳдуд намешавад. Чунончӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мефармояд:

Рӯза он нест, ки танҳо ту даҳон барбандӣ,

Рӯза он аст, ки аз ғайри Худо баргардӣ.

Рӯза он аст, ки софӣ шавӣ аз ҳирсу ҳасад,

Биравад аз дили ту ин сифати номардӣ.

Худованди меҳрубон дар ояти 183-и сураи «Бақара» фармудааст: «Эй касоне ки имон овардаед, лозим гардонида шуд бар шумо рӯза доштанро, чунончӣ лозим карда шуд бар касоне, ки пеш аз шумо буданд. Шояд, ки парҳезкорӣ кунед». Аз маънии ин оят  бармеояд, ки рӯза доштан рукнест аз парҳезкорӣ. Зеро вақте инсон хоҳишоти нафсониро сарфи назар мекунад, пас ӯ қодир аст, ки аз ҳама гуноҳ худдорӣ намояд. Агар шахсе дар рӯзадорӣ ба кори ҳароме даст занад, пас ӯ аз рӯзааш баҳрае набурдааст ва парҳезкор нест.

Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Рӯза доштан танҳо нахӯрдану нанӯшидан нест. Ба таҳқиқ рӯза доштан бозистодан аз суханони ношоиста ва корҳои зишт аст». Бисёриҳоро мебинем, ки бо вуҷуди рӯзадорӣ лаб ба суханони ношоиста мекушоянд, дурӯғ мегӯянд, ғайбат  менамоянд, қасами ноҳақ мехӯранд. Ин гуна рафтор савоби рӯзадориро ботил мегардонад.

Яке аз саҳобагони гиромиқадр Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) чунин гуфтааст: «Ҳар вақто рӯза гирифтӣ, бояд гӯшҳо, чашмҳо ва забони ту аз ғайбату суханчинӣ (хабаркашӣ) рӯза бигиранд. Озори ҳамсояро тарк кун, худро бо оромӣ ва виқор зинат бидеҳ ва рӯзадориатро бо ифторат (айёми ғайрирӯзадорӣ) баробар гардон». Пас рӯзадорро лозим аст, ки гӯш ба ғайбат ва бадгӯии дигарон надиҳад. Чизе, ки гуфтанаш ҳаром бошад, шуниданаш низ ҳаром аст. Чашмашро аз нигоҳи бад ба зану духтарон нигоҳ дорад, аз тамошои филмҳои фаҳшу наворҳои бадахлоқӣ дар интернет худдорӣ намояд. Ин гуна амалҳои ношоиста инсонро аз ёди Худо дур гардонида, асири васвасаҳои шайтон месозад.

Баъзеҳо зимни ифтор 2-3 намуд ғизоро ҳарисона истеъмол намуда, шабонгоҳ дар ҳазми таом душворӣ мекашанд. Пурхӯриро бузургон низ накӯҳиш кардаанд. Чунончӣ, Аттори Нишопурӣ мефармояд:

Рӯз кам хӯр гарчӣ соим нестӣ,

Пур махӯр, охир баҳоим нестӣ.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус фармудаанд:

«Мо қавме ҳастем, ки намехӯрем, то гурусна нашавем ва вақте хӯрдем, он қадар намехӯрем, ки сер гардем».

Аз ҷумлаи беҳтарин амалҳое, ки рӯзадор дар моҳи шарифи Рамазон анҷом медиҳад, хайру садақа аст. Имом Аҳмад (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кас рӯзадореро таом диҳад, мисли савобу аҷри ӯ подош мегирад, дар ҳоле ки аз подоши рӯзадор чизе кам намешавад». Он ҳазрат дар ҳадиси дигаре оид ба фазилати садақа чунин баён кардаанд: «Садақа гуноҳҳоро аз байн мебарад, ҳамон гунае, ки об оташро хомӯш месозад».

Садақа додан низ танҳо бо додани пулу мол маҳдуд намешавад. Он маънии васеъро дар бар мегирад. Чунончӣ, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус таъкид намудаанд: «Табассуми ту дар рӯи бародари муъмин бароят садақа аст. Ба кори нек амр кардану аз кори бад боздоштани дигарон садақа аст. Шахси роҳгумзадаро роҳ нишон додан садақа аст. Дар муқобили шахси бадкор сабр намудан садақа аст. Санг, хорро аз сари роҳ дур кардан садақа аст. Рехтан (об, равған, сӯзишворӣ…) аз зарфи худ ба зарфи бародари муъминат садақа аст».

Умуман, дар рӯза доштан ва садақа додан ҳикмати зиёде нуҳуфтаанд. Моро лозим аст, ки аз ин ҳикматҳо баҳравар шуда, кӯшиш намоем, ки дар моҳи мубораки Рамазон худро ҷисман ва рӯҳан пок гардонем.

 С. НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»