Рӯзадорӣ танҳо гуруснаву ташна гаштан нест

№53 (4159) 30.04.2020

1030060480Моҳи шарифи Рамазонро, бинобар фазилати зиёд доштан, «моҳи нузули ­«Қуръон», «моҳи поксозии ҷисму рӯҳ», «султони моҳҳо» ва «моҳи раҳму шафқат» низ мегӯянд.

Яке аз саҳобагони маъруф — Салмони Форсӣ (р)  нақл  мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар рӯзи охири моҳи Шаъбони соли дуюми ҳиҷрӣ фармуданд: «Эй мардум! Як моҳи бузург бар шумо омаданист. Дар он шаби Қадр аст, ки ибодаташ аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Худованд рӯза доштанро дар ин моҳ фарз ва қиём (шаб­зиндадорӣ, хондани таровиҳ)-и онро суннат гардонидааст. Касе, ки дар ин моҳ ба воситаи як амали нек ба Худо тақарруб (наздикӣ) ҷӯяд, савобаш баробари савоби ибодати фарзии дигар моҳҳо мебошад. Касоне, ки дар ин моҳ фарзро адо мекунанд, чунон аст, ки дар дигар моҳҳо 70 фарзро адо карда бошанд. Ин моҳи сабр, бародарӣ ва ҳамдардӣ аст. Инчунин моҳест, ки ризқи муъмин дар он зиёд мешавад».

Рӯза доштан дар моҳи Рамазон манфиати рӯҳонӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва иқтисодии зиёд дорад. Манфиати рӯҳонии рӯза дар он аст, ки тӯли як моҳ рӯзадор иродаашро мустаҳкам намуда, лаҷоми нафсро мекашад. Аз дамидани субҳ то фарорасии шом, худро аз хӯрдану  нӯшидан ва робитаи ҷинсӣ бозмедорад. Яъне, ақл бар нафс ҳоким мешавад.

Дар замоне зиндагӣ мекунем, ки пур аз овозаю воҳима, реклама ва иттилооти нолозим аст. Сарбории зиёду асабоният чунон ба рӯҳу равонамон таъсири манфӣ мерасонад, ки гоҳо беихтиёр ба наздикону ҳамкорон ва атрофиён дағалӣ мекунем. Рӯзадорӣ моро ба сабру таҳаммул водор месозад. Чунончӣ, дар сураи «Оли Имрон» ояти 146 таъкид шудааст: «Худованд сабркунандагонро дӯст медорад».

Ҳазрати Муҳаммад (с) низ фармудаанд: «Рӯза нисфи сабр аст».

Бинобар ин, дар моҳи Рамазон кӯшиш кардан лозим аст, ки барои гапу корҳои ночиз асабро хароб насозем. Паёмбари ислом, ки намунаи ахлоқи ҳамида буданд, умматонро аз дилозорӣ манъ намуда, тавсия додаанд: «Рӯза (мисли) сипар аст, ба шарте ки рӯзадор сухани бад нагӯяд, шавқуну мағал набардорад. Агар касе ба рӯзадор сухани ноҷо гӯяд, ӯ ҷавоб диҳад, ки «ман рӯзадорам…».

Агар рӯзадор як моҳ тибқи ин дастур амал кунад, пас аз поёнёбии Рамазон дарк мекунад, ки рафтораш ором, табиаташ нарм ва босаб­ру таҳаммул гаштааст. Сабр доштан яке аз хислатҳои ҳамидаи шахси имондор ба шумор меравад.

Рӯзадорро лозим аст, ки забонро аз ғайбату дурӯғ, савганди ноҳақ, буҳтон ва фаҳшу беҳудагӯӣ нигоҳ дорад. Дастро аз гирифтани ҳаром ва озори мардум боздорад. Пойро аз рафтан ба мавзеъҳои нораво (дуздӣ,  фисқу фасод) ҳифз кунад. Хулоса, на танҳо шикам, балки ҳар узви инсон бояд рӯза бигирад.

Яке аз ҳикматҳои рӯза доштан он аст, ки ашхоси доро тавассути ташнагию гуруснагӣ кашидан ба қадри мардуми бенавою мискин мерасанд. Андеша мекунанд, ки фақирону нодорон, алалхусус беморону ятимон на як моҳ, балки ҳама вақт мушкилӣ доранд. Дини мубини ислом ба атрофиён  меҳрубон будану ятимонро гиромӣ доштан ва бо  хешовандон робита дош­танро талқин мекунад. Чунончӣ, дар ҳадиси зерин таъкид шудааст:

«Ҳар касе дар ин моҳ аз озор расонидан ба мардум худдорӣ кунад, Ҳақ Таъоло рӯзи қиёмат хашми худро аз ӯ  бозмедорад. Ҳар кӣ дар ин моҳ ятимеро гиромӣ дорад, Худо ӯро дар қиёмат азиз менамояд. Ҳар касе дар ин моҳ силаи раҳм кунад ва бо хешон бипайвандад, Худо ӯро дар қиёмат ба раҳмати худ восил мегардонад».

Бисёр касонро мебинем, ки бо баҳонаи «кайфи нос» ё «кайфи сигор» ба аҳли хонавода, ҳамкорон ё дар бозору нақлиёт ба атрофиён дағалӣ мекунанд. Маълум аст, ки ин тоифа рӯза доштанро танҳо дар гуруснаву ташна гаштан дониста, миннат мекунанд. Иддае бо мақсади вақтро гузаронидан филмҳои бемаънии дорои саҳнаҳои зӯроварӣ тамошо мекунанд,  забонро олудаи суханони фаҳшу дурӯғ ва ғайбат менамоянд. Дар хусуси ин гуна ашхос Паёмбари ислом фармудаанд: «Агар банда дар рӯза аз сухан ва амали дурӯғ бознаистад, Худованд ҳеҷ ниёзе ба гуруснагию ташнагии ӯ надорад».

Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст: «Вақте худат рӯзадорӣ, бояд гӯшат, чашмат, забонат ҳам аз дурӯғ ва ҳаромҳо рӯза доранд. Аз озор додани ҳамсоя даст бардор! Бояд дар рӯзадориат соҳибвиқору ботамкин бошӣ. Рӯзи рӯзадориатро ба рӯзҳои дигарат баробар макун!».

Рӯза гирифтан, дар баробари савоби бузург доштан, дорои фоидаи ҷисмонӣ ҳам аст. Дар ин хусус ҳазрати  Муҳаммад (с) чунин тавсия додаанд: «Рӯза гиред,  тандуруст мешавед!».

Олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки моҳи рӯзадорӣ боиси сабукшавии фаъолияти узвҳои ҳозима гашта,  механизми ҷаббидани ғизо беҳтар мешавад. Рӯза, махсусан, ба кори  меъдаю рӯда ва ҷигар сабукӣ меорад. Ҳамчунин, фаъолияти системаи гормоналӣ муътадил мешавад.

Зимни рӯзадорӣ табодули ҳуҷайравии моддаҳо  беҳтар мегардад. Барои ба ҷисм хубтар ҷаббидашавии сафедаю чарбҳо ва глюкоза шароити мусоид фароҳам  меояд. Ҳуҷайраҳои заифу бемор вайрон шуда, ташаккулёбии ҳуҷайраҳои нав  меафзояд. Организм энергияи ҷамъшударо самаранок сарф менамояд. Аз ин рӯ, зеҳн (хотира, қувваи ҳофиза) қавӣ гашта, азхудкунии матлаби хондашуда беҳтар мешавад.

Ғиёсиддин Мирзиёуддин дар китоби «Одоб-ул-мубин» рӯзаро дар қатори нерудиҳандагони қувваи ҳофиза ном бурдааст:

Рӯза ҳам ҳифзро зиёда кунад,

Гиреҳи корҳо кушода кунад.

Олимони Пажӯҳишгоҳи ғизошиносии Тунис муайян кардаанд, ки моҳи рӯзадорӣ сатҳи холес­тирини «нағз» 20 дарсад афзуда, сатҳи холестерини «бад» паст мешавад. Тавре  маълум аст, холестерини «бад» дар девораи рагҳои хунгард таҳшин шуда, хатари бемории дилу рагҳоро зиёд мекунад.  Холестерини «нағз» бошад, баръакси ин аст. Ҳангоми рӯзадорӣ организм  қисми захираи равғанро масраф мекунад, ки боис ба камшавии сатҳи холестерин дар хун мегардад. Дар натиҷа, хатари сактаи мағзи сар (инсулт) коҳиш меёбад. Инчунин, 10 дарсади хунеро, ки дил ба бадан интиқол медиҳаду ба узвҳои  ҳозима рост меояд, коҳиш ёфта, боис ба пастшавии шиддати кори дил мегардад. Чарбҳои дар организм ҷамъшуда низ «месӯзанд». Чунки рӯзҳои муқаррарӣ (ғайрирӯза) чарбҳо дар девораи рагҳои хунгузар таҳшин шуда, боис ба сар задани дарди рагҳои шараён (атеросклероз) ва фишори баланди хун (гипертония) гашта метавонад.

Шираи меъда дар вақти рӯзадорӣ  кам истих­роҷ шуда, миқдори туршии меъда кам  мегардад. Дар натиҷа, эҳтимоли ба вуҷуд омадани бемориҳои захмӣ коҳиш меёбад.

Рӯза имкони «дам гирифтан»-и ғадуди зери меъдаро  медиҳад. Агар оби ғадуди зери меъда (инсулин) аз сабаби зиёд истеъмол кардани ғизо аз меъёр зиёд ҷудо гардад, он боиси хасташавии ҷисм мегардад. Дар ин сурат ғадуди зери  меъда фаъолиятро дуруст ба ҷо оварда натавониста, дар хун қандро ҷамъ менамояд, ки боис ба сар задани диабети қанд шуда метавонад.

Ҳангоми рӯзадорӣ консентратсияи намакҳои натрий, оксалитҳо ва фосфатҳо  кам мешаванд, ки ин монеи таҳшиншавии санг дар гурдаҳо мегардад. Инчунин эҳтимоли дучоршавӣ ба бемории  ниқрис, яъне дарди буғумҳоро  кам менамояд.

Узви Ассотсиатсияи тибби исломӣ, доктор Форуқ Ҳафиҷӣ тавсия медиҳад, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз ғизоҳои бирён худдорӣ бояд кард. Зеро истъмоли ин гуна ғизо боис ба бадҳазмӣ ва зардаҷӯш мегарданд. Ҳамчунин аз ғизоҳои дар  таркибашон қанд (шакар)-и зиёд дошта, худдорӣ бояд кард, махсусан, аз нӯшобаҳои ширини газдор.

Баъзеҳо, бинобар хобро дӯст доштан, саҳархӯрӣ накарда, рӯза мегиранд. Ҳол он ки саҳархӯрӣ барои рӯзадор хеле муҳим буда, он ба организм барои дар нимаи аввали рӯз самарабахш кор кардану дорои неруи кофӣ шудан имкон медиҳад. Табибон дар  саҳархӯрӣ истеъмоли  карбогидратҳои мураккаб, аз ҷумла нони гандумӣ («сиёҳ»), шавлаҳои аз ярмаҳо тайёрнамуда, хӯришҳо аз сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳоро тавсия медиҳанд. Карбогид­ратҳои мураккаб дар организм вақти зиёд ҳазм намешаванд. Бинобар ин, организмро дар муҳлати камаш 10 — 12 соат бо неруи зарурӣ таъмин месозад. Барои ҳазм шудани сафеда низ вақти зиёд, яъне 8 соат сарф мешавад. Сафеда, махсусан, зимни фаъолияти баланди ҷисмонӣ зарур аст. Он дар  таркиби наск, лӯбиё, мош, нахӯд, гӯшт, тухм, бештар дучор меояд. Пеш аз ҷамъбасти саҳархӯрӣ  истеъмоли 3-5 дона хурмо, бодом, ғӯлинг ҳам фоида дорад. Дар вақти саҳархӯрӣ аз нӯшидани қаҳва худдорӣ кардан беҳтар аст. Зеро он ҳам боис ба ташнагӣ  мешавад ва ҳам калтсийро, ки барои  мустаҳкамии устухонҳо  заруранд, аз бадан меронад.

Ҳангоми саҳархӯрӣ 1-2 дона помидор хӯрдан боис ба дергоҳ ташна намондан шуда, камхуниро рафъ мекунад.

Дар фосилаи ифтор ва шом нӯшидани  шарбатҳои навфишурдаи меваю сабзавот, хушоб, (компот), чолоб ва оби тозаи ҷӯшондашуда барои дар организм муътадил нигоҳ доштани миқдори моеъ зарур аст.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»