Рӯзи матбуот маротибаи бисту панҷум таҷлил мегардад

№27 (3977) 11.03.2019

news_1336822874Ҷомеаи журналистии кишвар соли равон 11 мартро ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик маротибаи бисту панҷум таҷлил менамояд. Дар ин рӯзи соли 1912 нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ба вуқӯъ пайвастааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ иди матбуот 5 май — рӯзи нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Правда» ботантана қайд мегардид. Соли 1994, пас аз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани мамлакат парлумони кишвар 11 мартро чун Рӯзи матбуоти тоҷик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид намуд.

Арзандаи ситоиш аст, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон заҳмат кашидаанд.

Айни замон дар мамлакат, тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг, 367 рӯзнома (107 давлатӣ ва 260 ғайридавлатӣ), 239 маҷалла (110 давлатӣ ва 129 ғайридавлатӣ), 34 шабакаи телевизионӣ (8 давлатӣ ва 26 ғайридавлатӣ), 30 радио (6 давлатӣ ва 24 ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ) ва 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) ба қайд гирифта шуда, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳм мегузоранд.

«Садои мардум»