Рӯзи Модар муборак, очаи ҷон!

№30 (4136) 07.03.2020

Модар!

Гоҳе, ки ин вожаро ба забон меорам, ларза вуҷудамро фаро мегирад ва пайкарамро меларзонад. Гумон мекунам дигар мадор надорам, ки аз ҷо баланд шавам. Ҳалқам хушк мегардад ва ҳарфҳо аз даҳонам тарзе берун мешаванд, ки ба назарам онҳоро мебинам. Байни ҳарфҳо фосилаи зиёдест. Мебинам, ки мисли оҳанпораҳои оташгирифтаанд.

Дар танҳоӣ ба ду зону менишинам ва сар ба саҷда мебарам, пешониро ба хоки сияҳ месояму онро бо алам мебӯсам. Фарёди аламнок шикофи синаамро сӯхта-сӯхта берун меҷаҳад.

Дигар ман мемонаму ғами бемодарӣ… Дигар ман мемонаму нолаҳои шабгири дили дардманд. Ману ин теппаи хок… Теппаи хоке, ки туро ба оғӯши сардаш гирифт ва солҳост, ки болои он сабза медамад ва тирамоҳ хазон мешавад. Маро ҳушдор медиҳад, ки хазони ту низ рӯзе фаро хоҳад расид, вале ёди туву фироқи ту маро ором намегузорад, куҳна намешавад.

Модар!

Ҳоло омадаам, ки туро ба Рӯзи модар табрик гӯям. Маро бубахш! Дер омадам. Дар синаи шаб аз чашми худиву бегона пинҳон омадам. Метарсам, ки мардуми беғам ҳоли маро мебинанду таъна ба шӯридагии марди аз худ бурунрафта мезананд. Дар паноҳи шаб омадам, ки бо ту соате танҳо бимонаму қиссаи дардолуди рӯзгорамро ба гӯшат дарёвор бирезам. Афсонаҳои танҳоиямро бигӯям. Гули хушкидаро аз байни китоб пайдо кардам. Ҳамон гулеро, ки бо сад умед аз шаҳри калон барои табрикат оварда будам. Ҳамон гуле, ки он шаби пур аз дард, он шаби вахиму дардзо, шабе, ки дарозтар аз сол буд, маро танҳо нагузошт. Ту андаруни хоки сард хуфта будӣ ва ману дастаи гул, ки бӯи форамаш фазои маҳалро пур карда буд, теппаи хокро ба оғӯш кашидему шабро рӯз кардем…

Ҳанӯз болои теппаи хоки «хона»-и туро барфи сард пӯшидааст. Ҳанӯз миёни навдаву хадраҳои боғи «шаҳри хомӯшон» булбулон суруди ғамангез замзама намекунанд. Ҳанӯз ҳаво сарду боронист. Ҳанӯз ғами дилам кам нашудааст. Ҳанӯз захми қалбам рӯ нагирифтааст.

Ёд дорам. Гуфта будӣ, ки муддате бо ман бимон. Бимон, ки аз дидорат сер шавам. Ба пуштманзари ҳарф­ҳоят сарфаҳм нарафтам. Ҷавонӣ буду ҷаҳоне пур аз зебоиҳо, ки мани дунёнадида ва таҷрибанаандӯхтаро афсун карда буд ва натавонистам, ки по аз сафар кашам. Гуфтам, ки ҳамроҳи ҷӯраҳоям мераваму рӯзи идат ба табрики ту меоям.

Модар!

Ту табассум кардӣ. Лабони хушкат ларзиданд. Хандаат гиряро мемонд. Миёни мижаҳои зебоят қатраҳои ашкро дидам, вале зуд онҳоро бо гӯшаи қарси сафед пок кардӣ. Нахостӣ, ки дили бачаи якрави бепарвоят ганда шавад. Аз пешонаам бӯсидӣ ва зери лаб чизе хондӣ. Пиндоштам, ки аз оташи лабони тафсидаат пешонаам сӯхт. Аммо он соат аз суханҳоят, аз ҳаракотат чизеро пай набурдам. Нафаҳмидам, ки ин бӯсаи вопасини модари ман буд. Нафаҳмидам, ки бо сукути гиряолуди хеш маро падруд гуфтӣ. Ҳамаашро баъд фаҳмидам. Ҳамон шабе, ки ба табрикат рафтам ва туро дар хона наёфтаму ба суроғат омадам то «шаҳри хомӯшон»…

Намедонам рӯзи дигар ё ҳафтаи дигар кадоме аз ҳамдеҳаҳо маро пайдо карду ба хона бурд. Намедонам, ки чанд рӯзу чанд моҳу чанд сол дар он ҳолат қарор доштам. Замоне ба худ омадам, ки гулдастаи ман болои қабри ту хушкида буд. Дар ҳамон ҳолати пешин теппаи хокро ба оғӯш кашида, миёни сабзаву себаргаи нав­руста хуфта буд. Ӯ дигар моли ман набуд. Лекин натавонистам ӯро он ҷо гузорам. Ӯ шоҳиди болои теппаи хок рехтани пораҳои ҷигари сӯхтаи ман буд. Гулдастаро ба хона овардам ва онро аз банд раҳонидаму миёни саҳифаҳои китоби ғафсе ҷо кардам. Чунон ки замоне дар Мисри қадим ҷасади бузургонро мӯмиё мекарданд. То барои ҷовидон дар сурат боқӣ бимонанд. Гулдастаи ман низ ҳоло сурати мумиёӣ дорад.

Модар!

Ҳанӯз чеҳраи зебои акаи хурдиам — Мирзошоҳ пеши рӯям ҷилвагар аст. Ман ӯро фаромӯш накардаам. Ба вай ҳасад мебурдам. Бачаи сухандону ҳунарманд буд. Хотираи қавӣ дошт. Сурудҳои шунидаашро азёд мекард. Ва ҳар чӣ мегуфт, падарам нозашро мебардошт. Овози ширинашро гӯш мекарду мегуфт: «Бачаи ман ҳофизи номдоре мешавад». Ба падарам гуфт, ки барояш думбра биёрад. Не, нагуфт. Хонаи усто Шариф рафт. Як бор не, даҳ бор рафт. Усторо зориву тавалло кард, ки барои бачаи ман думбра соз. Думбраро овард ва онро ба дасти Мирзошоҳ дод. Ҳафтае пас Мирзошоҳ думбра навохту суруд хонд. Истеъдоди модарзод дошт. Мӯйсафеди Қаландаршоҳ, ки дар ҳамсоягӣ мезист, хондану навохтани ӯро диду даст ба гиребон бурд. — Худо медонаду… ин бача умри дароз намебинад, — гуфт. Модарам аз ҳарфи ҳамсоя ранҷид. Дареғо… сухани ӯ рост баромад. Бародарам нуҳ сол дар хонаи падар меҳмон буд. Рӯзи марги Мирзошоҳ падарам думбраро дар оғӯш то қабристон бурд. Баъди омаданаш онро ба замин намегузошт. Намедонам кӣ думбраро аз дасти вай гирифту ба ман дод. Ҳафтае пас ту маро фармудӣ, ки навохтани онро омӯзам. Падарам маро назди Умаралии Раҷаб бурд. Умаралие, ки дар хонданаш пиру барно мегиристанду аҳсант мехонданд. Бо азоб навохтанро ёд гирифтам. Ту маро мешинондиву маҷбур мекардӣ, ки бо нолаи думбра ҳамовоз шавам ва чанд рубоии омӯхтаатро бихонам. Ва ман бо чашмони пӯшида менавохтаму мехондам. Даме чашмонамро кушодам, дидам, ки гаҳвора меҷунбониву ҳамроҳи ман рубоӣ мехонӣ. Ту гаҳвораи холиро меҷунбондиву ашки шашқатор бораи рухсораҳоятро об медод…

Модар!

Он шаби мудҳишро ёд дорам. Ёд дорам, ки акаи калониам — Матин ба шаҳр рафту як нимаи шаб ҳамсояҳо падарамро беруни дар хонданд ва бо овози паст ба гӯшаш чизе гуфтанд. Шитобзада ба хонаи хоб даромад ва ҷомаашро ба китф партофту аз дар берун шуд. Ту дунболаш садо кардӣ, вале ӯ ба ҳарфат гӯш надоду рафт. Дар хона ману хоҳаракам мондему ту. Он рӯзгор дар деҳа чароғи барқ набуд. Чароғи керосиниро баланд кардӣ ва пушти дарвоза сари роҳи мошингузар рӯи санге нишастӣ. Дилат фалокатеро пай бурд. Ту бо бузургиат ҳис кардӣ, ки болои сари бародари калониам балое омадааст… Ҳаво сард буд. Барф меборид, барфи сарду мулоим. Ман лаҳзае паҳлуят нишастам. Надонистам, ки чаро аз хонаи гарм берун омадӣ. Дилам мехост паҳлуят нишинаму сарамро ба зонуят гузорам. Барфи сард ба сару рӯям мерехт. Пайкарам аз хунукӣ ларзиду аз ҷо баланд шудам. Ба хона даромадам, вале ту то кафидани чашми рӯз болои санг нишастиву барф ба сарат борид. Дигар ту низ ҳамранги санги сари роҳ таги барф мондӣ. Замоне ки падарам аз дур намоён шуд, ту ба вай нигаристӣ. Мехостӣ аз чашмони хастаи ӯ, аз қомати шикас­таи ӯ посухи саволатро пайдо кунӣ. Дурудароз нигаристӣ ва аз ҷо бархос­тан хостӣ, аммо мадорат нарасид ва пару афтодӣ. Барфи хунук сару рӯятро сафед кард. Докаи сафед аз сарат афтиду мӯи сафед ба барфи сафед омезиш ёфт. Дигар ту сурати барфӣ будӣ. Падарам осемасар давиду болои сарат омад. Туро аз миёни барфи хунук бардошт ва бо алам фарёд зад:

- Очаш, худро ба даст бигир. Шукри Худо, ки зинда аст. Шукр кун, ки умраш дароз будааст… Ғазаби Худовандро набиёр!

Падар туро болои даст ­бардошту ба хона даровард. Ту бо чашмони кушода ба чеҳраи падарам ҳайрон-ҳайрон менигаристӣ, вале мадори ҳарф задан надоштӣ. Туро сардии ҳаво ва барф не, туро ғами фарзанд бемадор карда буд…

Ва он рӯз, ки Матин арӯси нозанинро савори аспи саманд ба ҳавлӣ овард, ту аз шодӣ ҷои нишаст намеёфтӣ. Намедонам он ҳама неру ва тавонро дар рӯзи тӯйи бародарам аз куҷо пайдо кардӣ….

Модар, ту он касе ҳастӣ, ки бузургтарин неъматро Худованд пояндозат гардондааст.

Омадам, ки ҳамроҳи ту дар синаи шаб дуо кунем.

Дуо кунем, ки модарон ҳамеша сиҳату неруманд бошанд ва мурғи бахт болои кишвари азизамон парафшонӣ кунад.

Дуо кунем, ки дар Рӯзи Модар фарзандон сари дастурхони ороста модаронро табрик гӯянд ва ҳеҷ гоҳ ашки чашми онҳоро набинанд. Кишвари сарсабзу ҳамешабаҳори мо то ҷовидон ободу зебо бошад ва сокинони он ҳар сол саодатманду аз бахт розӣ идҳои миллиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намоянд.

Ҳоло ки дар ин ғояти шаб касе сукунатро халалдор намекунад ва шояд ҷонзоде қудрати дар «шаҳри хомӯшон» қадам заданро надорад, фарёд мезанам:

«Рӯзи Модар муборак, очаи ҷон!»

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»